logo

иқтисод

БОЗИЧА НАБОЯД МУҶИБИ ЗИЁНИ КӮДАК БОШАД

Нозирони Агентии  Тоҷикстандарт ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молҳои пастсифат ва хатарнок, аз ҷумла бозичаҳои пластикӣ, ки асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мешаванд, санҷишҳо гузаронданд.

Дар натиҷаи санҷишҳо танҳо дар нимаи дуюми моҳи майи соли равон аз бозорҳо ва нуқтаҳои савдои кишвар зиёда аз 7 ҳазор дона бозичаҳои пастсифат тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар воридгардида ошкор карда шуда, аз фурӯш боздошта шуданд.
Воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин бозичаҳоро бе ҳуҷҷати тасдиққунандаи сифат ва бехатарӣ ба муомилот баровардаанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо гирифтанд.  Бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» аз тарафи агентӣ Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии бозичаҳо” таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор  пешниҳод шудааст. Бинобар ин, масъулонро зарур аст, ки баҳри пешгирии воридоти ин гуна  маҳсулот фаъолиятро пурзӯр намоянд.
Алҳол озмоишгоҳи Агентии Тоҷикстандарт бо асбобу таҷҳизоти нави муосир муҷаҳҳаз аст.  Ба воситаи онҳо таркиби бозичаҳо амиқ  санҷида  мешаванд. Бибисоро Ризоева, мутахассиси пешбари маркази ташхиси агентӣ, доир ба сифат ва тарзи коргирӣ бо бозичаҳо мегӯяд, ки:
- Дар озмоишгоҳ айни ҳол ғайр аз маҳсулоти хӯрока бозичаҳои кӯдаконаро низ аз санҷиши лабораторӣ гузаронда истодаем. Дар вақти ташхис  муайян гардид, ки рангҳои қисме аз бозичаҳо ноустувор мебошанд.  Кӯдакон ин бозичаҳоро  хоҳ - нохоҳ ба даҳони худ мерасонанд ва бо луоби даҳони худ ранги онҳоро фурӯ мебаранд. Аз ин лиҳоз, ранги онҳо бояд устувор бошад. Ҳамчунин, сӯрохиҳои бозичаҳо набояд аз меъёр зиёд ё хурд бошад, зеро  ҳангоми бозӣ эҳтимоли ба он сӯрохиҳо дармондани ангуштони кӯдакон  мавҷуд аст. Бештари бозичаҳо бо сабаби пастсифат будан ниҳоят зудшикан ҳастанд, теғҳои тез доранд, ки ин ҳам метавонад ба кӯдак зарар расонад. Қисми дигари бозичаҳо ба шакли ҳайвонот сохта шуда, бо пашми гуногун ороиш ёфтаанд. Пашми онҳо мустаҳкам набуда, дар вақти бозӣ мерезад ва кӯдакон мӯйҳои сунъиро ба даҳон мебаранд. Ғайр аз ин, дар мағозаву бозорҳо бозичаҳои резинӣ ба фурӯш гузошта шудаанд ва онҳо бӯи гуногун доранд. Ҳамчунин, дар борҷомаи бозичаҳое, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мешаванд, ба забони давлатии мо доир ба муҳлати истифодабарӣ, истеъмоли бозичаҳои қандакдор, аз чӣ иборат будани таркиби онҳо ягон маълумот дарҷ нагардидааст.
Мутахассисони озмоишгоҳи ташхисӣ тавсия медиҳанд, ки волидон ҳангоми харидорӣ намудан бозичаҳои рангашон устувор, босифату пурбардоштро (бо назардошти синни кӯдак) интихоб намоянд. 
Зимнан, модоме ки талабот ба бозича то ин андоза зиёд аст, чаро ҷиҳати истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона дар дохили кишвар Вазорати саноат ва технологияҳои нав  андеша накунад?
 
 Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 549

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед