logo

фарҳанг

УСТОДИ БАРҶАСТАИ ХОРЕОГРАФИЯ

Тибқи қатъномаи  Иҷлосияи 38 - уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО  ҷашнгирии 100 - солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои соли 2016 ворид шудааст.

Асосгузори санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзода   дар оғоз ба ҳайси артисти балет ва балетмейстри Театри мусиқии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ кору фаъолият намуда, пасон, ба вазифаи солисти балет ва балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистон мегузарад.
 Ғаффор Валаматзода ҳамчун устоди рақс дар таҳия ва ба саҳнагузории намоишномаҳои солҳои ҷанг, аз қабили «Ду гул»,  «Розия», «Тоҳир ва Зуҳро» саҳми муносиб гузоштааст. Ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар майдонҳои ҳарбу зарб ва дар байни ҷанговарони тоҷик бо барномаҳои ҷолиби консертию ҳунарӣ,  ҳунарнамоӣ карда, сазовори таҳсину эҳтиром гаштааст.
Метавон гуфт, ки нимаи дуюми солҳои сиюм ва нимаи якуми солҳои чилум барои Ғаффор Валаматзода солҳои воридшавӣ ба олами беканори санъати хореографӣ, омӯзишу таҳқиқ ва нишон додани истеъдоди баланди касбӣ дар ҷодаи интихобкардааш маҳсуб меёфтанд. Маҳз ҳамин истеъдоди баланди касбиаш ба ӯ имконият дод, ки ҳамчун устоди рақс дар таҳияю ба саҳнагузории аввалин намоишномаҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, аз қабили «Восеъ», «Лола», «Шӯриши Восеъ», «Ду гул», «Розия», «Таҳмоси Хуҷандӣ», «Тоҳир ва Зуҳро» саҳм гузорад. 
  Ғаффор Валаматзода соли 1951 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии шаҳри Москваро бомуваффақият хатм менамояд. Пас аз хатми донишкадаи олии касбӣ ӯ ба сифати сарбалетмейстри Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифои вазифа мекунад. То оғози кор дар ин вазифа бо сайю кӯшиши Ғаффор Валаматзода намоишномаҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Княз Игор», «Оршин мол - олон», «Сарчашмаи бахт» рӯйи саҳна омаданд. Аввалин кори мустақилонаи Ғаффор Валаматзода дар эҷоди асари саҳнавӣ намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун»  буд. 
Доштани таҷрибаи кофӣ дар таҳияи асарҳои саҳнавӣ ба Ғаффор Валаматзода имкон медиҳад, ки ҳамчун режиссёр ва муаллифи сенария дар офаридани филм-балети «Лайлӣ ва Маҷнун» саҳм гирад. Ӯ бо ҳамкории Т. Березансева соли 1960 ин филмро ба навор мегирад ва филм сазовори мукофоту дипломҳо мегардад. Ҳамзамон, Ғаффор Валаматзода ҳамчун таҳиягар ва устоди рақс дар тавлиди филмҳои бадеии «Киноконсерти тоҷикӣ», «Консерти панҷ ҷумҳурӣ», ансамбли «Лола» саҳми муносиб гузоштааст.
Солҳои 50-ум ва нимаи аввали солҳои 60-уми асри гузашта Ғаффор Валаматзода дар таълифи мусиқӣ, таҳия ва басаҳнагузории рақсҳои намоишномаҳои «Русалка», «Лауренсия», «Эсмералда», «Аида», «Дилбар», «Фаввораи Боғчасарой», «Кӯли қувон», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Роҳи пуршараф», «Гилеми кабуд», «Корсар», «Комде ва Мадан», «Кармен», «Афсонаи кӯҳӣ» кӯшиши зиёд ба харҷ дод.
Ӯ солҳо вазифаҳои директори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстри ансамбли давлатии рақсии «Лола» - ро ба уҳда дошт.
Бо саъйю кӯшиш ва часпу талошҳои бевоситаи Ғаффор Валаматзода соли 1965 ансамбли «Лола» созмон ёфт. Ғаффор Валаматзода ба ҳайси роҳбари бадеӣ ва балетмейстр барои шаклгирию рушдёбии ин ансамбл саҳми муносиб гузоштааст. 
Хизмати Ғаффор Валаматзода дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ, густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, тарбияи истеъдодҳои ҷавон хеле назаррас мебошад.
Барои хизматҳои арзандааш дар инкишофи санъати миллии тоҷик Ғаффор Валаматзода бо унвони фахрии Артисти халқии СССР сарфароз гардидааст. Инчунин, ӯ барандаи Ҷоизаҳои давлатии СССР, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ мебошад. 

Шариф КОМИЛЗОДА,
директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 1208

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед