logo

иқтисод

РАҚОБАТ: КОРХОНАҲОИ ХУСУСӢ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?

Солҳои 2013 – 2015 соҳаи парандапарварии ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд рушд кард. Дар ин давра шумори корхонаҳо ба 92 адад расида, зиёда аз 6500 нафар бо ҷойи кори хуб ва музди дилхоҳ таъмин гашт. Аммо дар охирҳои соли 2015 ва аввали соли 2016 ба асари  буҳрони молиявии ҷаҳонӣ соҳа ба мушкилот мувоҷеҳ гардид. Корхонаҳо аз сабаби боло рафтани нархҳо ва хидматрасонӣ натавонистанд ба дараҷаи солҳои қаблӣ чӯҷаи якрӯзаи хушзот ворид намоянд. Дар  натиҷа, дар баъзе корхонаҳо саршумори паранда коҳиш ёфта, ҳаҷми умумии истеҳсоли тухм кам шудааст. Директори КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” Машокир Назаров вазъи кунунии соҳаро чунин шарҳ дод:

- Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи назаррас дорад. Баъди роҳандозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 451 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2007 - 2015” соҳа хеле рушд кард. Агар дар соли 2013 дар кишвар 49 корхона амал намуда, 189,7 миллион дона тухми мурғ истеҳсол карда бошанд, дар соли 2015 шумори паранда ба 1,9 миллион сар ва истеҳсоли тухм ба 230,5 миллион дона  расонда шуд.
Бо вуҷуди дастовардҳои хуб дар соҳа мушкилот зиёд аст. Ҳарчанд корхонаҳои бекорхобидаро фаъол гардонда, навтаъсисҳо бо техника, таҷҳизот, хӯроки серғизою маблағ таъмин шуданд, соҳа ба тухми чӯҷахобонӣ ва мурғҳои модарӣ (мурғҳои хушзоте, ки аз тухмашон чӯҷа мебароранд) эҳтиёҷи зиёд дорад.
Баъди таҷдиди сохтор қариб ҳамаи корхонаҳои  парандапарварӣ хусусӣ гардонда шуданд, аммо на ҳамаи соҳибмулкон онҳоро дуруст кор фармуда тавонистанд. Аз ҷумла, корхонаҳои зотпарварӣ ташкил накарда, фабрикаҳои  парандапарвариро бо чӯҷаҳои якрӯза ва тухмҳои инкубатсионӣ таъмин насохтанд. Корхонаҳои ҷудогонаи  парандапарварӣ имкони таъмин кардани  ҶДММ “Мурғи ҳилол”- и ноҳияи Файзобод,  “Тарз” ва “Наврӯз” - и шаҳри Ваҳдат ва дигарҳоро бо чӯҷаи хушзот надоштанд. Агар ин имкон пайдо мешуд, маблағи ҳангуфт  ба хориҷи кишвар интиқол намеёфту барои пешбурди соҳа масраф мегашт. Ҳамчунин, аз рӯйи истифодаи пурсамари имкониятҳои мавҷуда саршумори паранда ду-се маротиба меафзуд ва ҷумҳурии мо аз кишвари воридсозандаи маҳсулоти паранда ба содиркунандаи он табдил меёфт.
Сабаби кам шудани шумори  паранда дар он аст, ки пештар корхонаҳо аз хориҷи кишвар тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯзаро тариқи ҳавопаймо меоварданд. Бо авҷ гирифтани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ нархи хизматрасонии ҳавопаймоҳо низ хеле боло рафта, соҳибкоронро дасткӯтоҳ гардонд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин давраи мушкил ба мақсади дастгирии корхонаҳо ба онҳо дар воридоти технология, хӯроки серғизои паранда ва супурдани боҷу пардохтҳои гумрукӣ имтиёз дод.
КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” якҷо бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  лоиҳаи нави Барномаи рушди соҳаи парандапарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 - ро таҳия кардааст.
Айни замон корхонаҳои фаъол амсоли “Тарз” - и Ваҳдат, “Раҳмонҷон” - и Данғара, “Беҳамто” - и Ёвон, “Хуҷанд” ва “Мабрук” - и Бобоҷон Ғафуров, “Сайҳун-бодом” - и Конибодом, “Симурғ” - и Истаравшан ва “Мастчоҳ” - и Мастчоҳ бо маҳсулоти  хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ном баровардаанд.
Бисёр корхонаҳои парандапарварӣ, аз ҷумла ҶДММ “Мурғи марҷон” – и ноҳияи Файзобод,  “Беҳамто” - и ноҳияи Ёвон аз ҷиҳати таҷҳизонӣ бо технологияи  муосир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд. Танҳо ҶДММ “Мурғи марҷон” 60 дарсади бозори ҷумҳуриро бо тухм таъмин мекард. Ҳоло бошад, дар бобати воридсозии чӯҷаи хушзот аз хориҷи кишвар, танқисӣ кашида истодааст.
Машокир Назаров дар посух ба суоли “Чаро дар корхонаи “Симурғ” - и шаҳри Истаравшан чӯҷаи хушзоти якрӯзаро ба фурӯш мебароранду дар корхонаҳои  дигар не?” гуфт:
- Сабаби асосӣ фарқ доштани технологияи парвариш дар ин корхонаҳо мебошад. Дар корхонаҳое, ки мурғҳои тухмдеҳ (на барои такрористеҳсолкунӣ) парвариш карда мешаванд, нигоҳубин намудани модармурғҳо манъ аст ва баръакс. Аз  ин рӯ, корхонаи “Симурғ” бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Вазорати кишоварзӣ ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ махсус гардонда шудааст. Аммо он имкони бо чӯҷа таъмин кардани корхонаҳои азими парандапарварии мамлакатро надорад. Чунончи, барои як навбат таъмин кардани “Тарз” 40 ҳазор сар чӯҷаи якрӯза лозим аст, ки корхонаи “Симурғ” ин иқтидорро надорад. ҶДММ “Мурғи марҷон” бошад, дар як вақт то 240 ҳазор сар чӯҷаро парвариш мекунад ва эҳтиёҷоташро алъон фақат корхонаҳои  хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, бароварда метавонанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳа корхонаи “Наврӯз” - и  шаҳри Ваҳдатро ба тавозуни КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” вогузошт. Бовар ҳаст, ки баъди азнавтаҷҳизонӣ таъмини корхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзот беҳтар мегардад.
Вале масъулон вазифадоранд, ки роҳҳои дигари мусоидат ба рушди парандапарвариро ҷӯё бошанд. Зеро оқибати камтаваҷҷуҳӣ ба коҳиши истеҳсолоти худӣ мебарад, ки воқеан нигаронкунанда аст.

Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 659

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед