logo

иқтисод

«1036 САР ҚУТОС КУҶО ШУД?»

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Д. Мирзозодаро, ки дар  рӯзномаи «Ҷумҳурият» 15 апрели соли 2016 таҳти унвони «1036 сар қутос куҷо шуд?» нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Дар мақолаи мазкур ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи қутоспрарварӣ дар ноҳияи Лахш таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, то 1 майи соли 2016 дар ноҳияи Лахш 767 сар қутос мавҷуд буд, яъне нисбат ба 1 январи соли 2012 саршумори он 885 сар кам гардидааст. Ҳоло дар «Қутоспарвар» 309, «Қизилсу» 65, «Нуқтаи такягоҳ» 20,  хоҷагиҳои деҳқонии «Бӯстон» 65, «Миршодӣ» 115, «Баракатулло» 148 ва «Лахш» 50 сар қутос парвариш карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки хоҷагиҳои қутоспарвар асосан тариқи худмаблағгузорӣ фаъолият  менамоянд ва сабабҳои камшавии саршумори қутос,  мушкилоти пардохти музди меҳнат, андоз, хариди сӯзишворӣ, хӯрокиҳои омехта ва хароҷоти дигари истеҳсолӣ мебошанд. Камшавии қисми зиёди саршумор вобаста ба талафёбии он дар натиҷаи ниҳоят сард ва тӯлонӣ омадани зимистони солҳои 2011 – 2012 арзёбӣ мегардад. Таҳлили маводи оморӣ нишон медиҳанд, ки то охири соли 2012 бо сабабҳои зикргардида саршумори қутос 813 сар ва давраи солҳои 2013 – 2016 72 сар кам  гардидааст.
Вазорат барои зиёд намудани саршумор ва татбиқи босамари  барномаи ҳукуматӣ чораҳои мушаххас меандешад. Масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои мазкурро низ зарур аст, ки  барои дар оянда афзун намудани  саршумори  қутосҳо бо истифодаи имкониятҳои  мавҷуда тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Вазорати кишоварзӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва  муаллифи мақола Д. Мирзозода барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ менамояд. Умедворем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мо дар сатҳи баланд идома меёбанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 447

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед