logo

иқтисод

«КАРТОШКА. ҲОСИЛ БАЛАНД, НАРХ ЧӢ?»

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Лашкар Шарифро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (08. 03. 2016, № 47) зери сарлавҳаи «Картошка. Ҳосил баланд, нарх чӣ?» чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Соли ҷорӣ кишти картошка дар ҷумҳурӣ 24315 гектар ба нақша гирифта, то 6  июн дар майдони 19831 гектари он кишт гузаронда шудааст. Аз ин 3925 гектарро кишти  картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 2984 гектар зиёд мебошад.
Муаллифи мақола ба нархи картошка дар бозорҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Солҳои қаблӣ нархи як килограмм картошка дар  бозорҳои кишвар аз 2 сомонию 50 дирам то 3 сомонӣ боло мерафт ва дар  фасли зимистон бошад, то 4 – 5 сомонӣ баланд мегардид. Хушбахтона, соли ҷорӣ  дар фасли зимистон нархи ин маҳсулоти ниёзи мардум аз 1 сомонию 20 дирам то 1 сомонию 50 дирам ва дар баъзе ҳолатҳо аз 1 сомонию 70 дирам то 2 сомонию 50 дирам буд. Айни  замон, дар  натиҷаи меҳнати  пурсамари картошкапарварони ҷумҳурӣ нархи миёнаи он дар бозорҳои кишвар аз 1 сомонию 20 дирам то 1 сомонию 50 дирам аст. Яъне назар ба  солҳои гузашта поён рафтани нарх назаррас мебошад.
Муаллиф дар мақолаи худ яке аз омилҳои болоравии  нархро мавсимӣ мешуморад ва сабаби онро ба маврид зикр намудааст ва дар  ҳақиқат ҳам чунин аст. Омили дигар ин аст, ки  дар фасли зимистон нигоҳ доштани картошка дар сардхонаҳо маблағи зиёдро талаб мекунад ва ин ба арзиши картошка бетаъсир  буда наметавонад.
Сарфи назар аз ин ва хароҷотҳои дигар нархи картошка имрӯзҳо дар бозорҳои кишвар муътадил ва ба ҳамагон дастрас мебошад.
Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд то  картошкаи истеҳсоли ватанӣ зиёд гардида, нархи он дар бозорҳои кишвар поён равад.
Ҷамила САИДОВА,
муовини вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 622

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед