logo

фарҳанг

ҲАМПОЯИ БОМИ ҶАҲОН

Дар даврони шӯравӣ ба рушди адабиёти бачагона диққати махсус  дода  мешуд. Дар ин замина дар Иттиҳоди Шӯравӣ  як қатор шоирону нависандагони маъруф, ки шӯҳрати умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ пайдо карда буданд, рӯи саҳнаи эҷод омаданд. Мояи ифтихори миллати тоҷик бояд бошад,  ки  он давра  тавонист ба доираи умумииттифоқ  ва дар ин росто ба  арсаи ҷаҳонӣ  адибони маъруфи худро рӯйи кор биёрад. Яке аз чунин шахсиятҳо  шоири маъруфи мо, ки эҷодаш  барои  ҳар як хонандаи тоҷик ва  доираи кӯдакони умумииттифоқ азизу  гиромӣ  аст, устод  Мирсаид  Миршакар буд.

Устод насли  замони оғози дигаргуниҳо  ва шоҳиди сохтмонҳои азими  ҷумҳурии ҷавони  Тоҷикистон буда, ба   арсаи эҷод  аз  корҳои комсомолӣ ҷалб гаштааст. Дар кори ободкунии водии Вахш саҳм гузошта, сармуҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро ба  уҳда дошт. Дар ҳамин давра ӯ  рӯ ба адабиёт  ва эҷод  меоварад  ва соли 1934  достони маъруфи худ «Ливои  зафар»-ро  оид ба сохтмони Вахш  ба  нашр  мерасонад. Ин яке аз  аввалин  кӯшишҳои инъикоси сохтмонҳои умумихалқӣ  дар адабиёти тоҷик  арзёбӣ  мегардад. Шоир солҳои Ҷанги Бузурги  Ватанӣ  низ  хеле  фаъол буда, асарҳои зиёд, аз ҷумла асарҳои ҳаҷвии хубе  интишор намудааст. Ин давраест,  ки ашъори ватандӯстона ва як қатор  достонҳои  бачагонаи ӯ  рӯи чопро  дид.
Ашъори давраи ҷангии устод дар маҷмӯаи «Шеърҳо  ва паёмҳо»  соли 1945  дар Москва  рӯи  чопро дид. Устод  ба  адабиёти кӯдакона  аҳамияти  хоса медоданд.  Достонҳои  шоир «Калиди  бахт», «Ленин дар Помир», «Бачаҳои Ҳиндустон», «Панҷи ноором», «Варақҳои муҳаббат», «Исёни хирад»,  пйесаҳои «Қишлоқи тиллоӣ», «Муаллими ишқ», «Тошбек  ва Гулқурбон», «Шаҳри ман», «Фоҷиаи Усмонов», «Байрақи мактаб»  доир  ба  навсозиҳои давр тағйирот  дар ҳаёти мардуми тоҷик  иншо  шудаанд.
Устод  яке  аз адибони  сермаҳсултарини  на танҳо адабиёти шӯравии тоҷик, балки адабиёти сермиллати шӯравӣ  маҳсуб  ёфта, камтар шоирону  на висандагон  ба  ӯ  расидагӣ карда тавонистаанд.
Достонҳои  маъруфи   «Панҷи ноором»  ва «Қишлоқи тиллоӣ» - и ӯ  ба  фонди  тиллоии адабиёти шӯравӣ  дохил гашта, дар сатҳи иттифоқ машҳур гаштаанд. Шоир барои эҷоди  ин достонҳо  соли 1950 барандаи  мукофоти давлатии СССР гашт.
Ӯ  чун яке аз сипаҳсолорони адабиёти бачагонаи Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуда, зиёда аз 30 сол дар қатори адибони номвари шӯравӣ Расул Ғамзатов, Нодар Думбадзе, Мустай Карим, Олег Гончар, Максим Танк, Михаил Шолохов, Сергей Михалков аъзои шӯрои таҳрияи «Китобхонаи адабиёти ҷаҳонӣ барои кӯдакон»-и нашриёти  маъруфи «Детская литература» - и Москва  буда,  номаш  дар қатори  ин шахсиятҳои бузурги  ҳамон вақт  дар саҳфаҳои аввали  ин нашрия ба табъ мерасид  ва  дар зарфи ин даҳсолаҳо шояд  на камтар аз 600  миллион нусхаи китоби  чопгаштаи  ин нашриёт  номи ӯро  ба  ёдгор  гузошта бошад.
Ашъораш  чун шоири номвари шӯравӣ дар маҷаллаҳои машҳури марказии  «Новый мир», «Дружба народов», «Литературная газета», «Правда», «Известия», «Литературная Россия»  ва  ғайраҳо  чоп шудаанд.  Ӯ  раиси кумитаи Тоҷикистонии якдилии халқҳои Осиё  ва Африқо, аъзои кумитаи шӯравии он ва бинобар шоири номвар буданаш аъзои Раёсати  Иттифоқи нависандагони  СССР  буд.
Муҳимтараш ин аст, ки   ӯ  ҷой  ва мақоми баланди худро дар адабиёти бачагонаи сатҳи ҷаҳонӣ ва миллати тоҷик дорад ва ҳамин  гуна боқӣ хоҳад  монд.
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 785

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед