logo

ҳуқуқ

ВАҲДАТ ПАС АЗ 19 СОЛ

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 19 сол сипарӣ мегардад ва мо ҳамасола ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил менамоем. Бо имзои ин санади муҳими таърихӣ мардуми азиятдидаи мо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, миллатро аз парокандагӣ ва ватанро аз нобудӣ наҷот бахшид.

Аммо набояд аз хотир баровард, ки то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардум ранҷи зиёд кашид, хонаҳо вайрону халқ дарбадар гашт. Бинобар ин, он солҳо ҳадафи аслии Сарвари хеле ҷавони давлати соҳибистиқлоламон он буд, ки шаҳрвандони  мамлакат даст ба дасти ҳам диҳанд ва на танҳо дар зоҳир, балки дар ботин чун ангуштони як мушт барои ободии Ватан талош варзанд. Он замон иддае ба доми фиреби ҳизбу ҳаракатҳои бегонаву иртиҷоӣ афтида, бародар душмани бародар, падар душмани писар, ҳамсоя душмани ҳамсоя шуда буд. Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва  баъзе нуқоти кишвар садои тир ба гӯш мерасид, гиряи кӯдакони маъюси гуруснаву ташна дилҳоро реш мекард. Қариб ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи ватани азизамон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасиданд. Мардум умедашро канда, ба хоки Афғонистон фирор мекард. Гузашта аз ин, гурӯҳҳои ғаддору ғуломи хоҷагони беруна ба мардум раҳм намекарданд ва амалиёти низомиро идома медоданд. Дар он рӯзҳои тақдирсози таърихи худ бо ҳидоятҳои Сарвари давлат мардуми  тоҷик дарк кард, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат ёфтани муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон, пароканда шудани миллати тоҷик ва ҳатто марзу буми ягонаи он гардад. Эмомалӣ Раҳмон мардумро бовар кунонд, ки дода шудан ба фиреби ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои тундрав бар зарари миллат аст ва бо роҳбарони мухолифин борҳо гуфтугӯ карда, онҳоро ба ваҳдат даъват намуд ва ба мақсад расид.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки ташаббускораш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, мавриди эътирофу омӯзиши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бисёр кишварҳо қарор гирифтааст. Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳалаҳои ҳассоси таърихӣ метавонад, ки ба ҳам муросову мадоро кунад ва ҷангу низоъи дохилиро бартараф созад.
Аммо ҳанӯз ҳам ба ваҳдати миллии мо, ба сулҳу суботу оромии кишвар хатар вуҷуд дорад ва ягон давлат, ҳатто абарқудратҳо аз он эмин нестанд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки қудратҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи иртиҷоиву экстремистӣ ба шустани мағзи ҷавонон машғуланд, моро лозим аст ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин хатари қудратҳои мухталифи дунёро Президенти мамлакат чанд сол пеш эҳсос карда, дар яке аз суханрониашон гуфта буданд: «Вазъи имрӯзии сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиҳатомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем.
Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созандаро пеша кунем».
Албатта, то имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон даҳшати ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардаанд ва шаҳди ваҳдатро, ки пас аз азобу уқубати зиёд чашидаанд, қадр мекунанд. Мо бояд шукронаи онро кунем, ки чунин Сарвари оқилу доно ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дорем.

Садриддин БОБОЗОДА,
прокурори Раёсати нозироти қонунӣ будани
санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии
 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 467

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед