logo

маориф

САРВАРИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ИЛМ

Дар марҳилаи аввали истиқлолият олимону мутахассисони ҷавон беш аз пеш ба дастгирӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ эҳтиёҷ пайдо намуданд. Вазъи хароби пояи илмӣ - техникии кафедраҳои мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ, маош ва стипендияи  ночиз, пешбинӣ нашудани маблағ барои нашри рисолаҳои илмӣ, автореферат ва дигар хароҷотҳои зарурӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоиди манзилию маишӣ ва таҳсил барои аспирантон ва олимони ҷавон, боиси аз ин соҳа дур шудани ҷавонон гардид. Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ - тадқиқотии Академияи илмҳо, институтҳои илмӣ - тадқиқотии соҳавӣ ва кафедраҳои мактабҳои  таҳсилоти олии касбӣ аз сабаби ба соҳаи илм таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон ба мушкилоти шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мавҷударо хуб эҳсос намуда, бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ барои беҳбудӣ бахшидан ба ин самти фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои судманд меандешид. Хусусан, фармону супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона», «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи  ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон» ва «Дар бораи таъсиси хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар ин марҳила хеле бамаврид  ва муфид буданд. Тибқи ин фармон барои аспирантон 15 стипедияи махсус муқаррар карда шуд, ки ин марҳилаи аввали дастгирии аспирантон аз ҷониби Сарвари давлат маҳсуб меёфт.
Таъмир ва ба истифода додани  «Хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои 300 нафар маҳз бо дастури Сарвари давлат сурат гирифта, барои таъмир ва таҷҳизондани он аз Фонди эҳтиётии Президенти кишвар 4,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Воқеан, солҳои зиёд олимони ҷавон ва аспирантон аз нарасидани шароити мусоиди моддию маишӣ, аз ҷумла набудани манзили муносиб танқисӣ мекашиданд ва дар тӯли мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантону олимони ҷавон таъсиси чунин як хобгоҳ ва бо чунин шароиту таҷҳизот бори аввал буд. 
Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба мусоид гардидани вазъи иқтисодии кишвар, ҷиҳати ҳавасмандгардонии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм давра ба давра чораҳои судманд меандешид. Маоши кормандони соҳаи илм аз соли 2000 - ум (15,5 сомонӣ) то соли 2013 тақрибан 34 маротиба зиёд гардидааст.  
Шурӯъ аз соли 2000 - ум маблағгузорӣ барои иҷрои тадқиқот ва коркарди илмӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сол ба сол афзуд. Чунончи, солҳои 2000 ин рақам 1 миллиону 155 ҳазор сомонӣ ва соли 2015 бошад, зиёда аз 35 миллион сомониро ташкил медод.
Президенти кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад. Бо ин мақсад аз 1 июли соли равон марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад, ки онро боз як зуҳуроти ғамхории Президенти мамлакат ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм арзёбӣ намудан мумкин аст.

Абдураҳмон ҚУРБОНОВ,
доктори илми фалсафа,
сардори раёсати таҳлили масъалаҳои  иҷтимоии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 3103

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед