logo

иҷтимоиёт

КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД. МУШКИЛОТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ДАСТГИРӢ

То оғози соли 2016 дар ҷумҳурӣ 153 248 нафар маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 25 000 нафарашон кӯдакону наврасонанд.

Зимни Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Бақайдгирӣ ва мушкилоти кӯдакони имконияташон маҳдуд», ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил доир гардид, иштирокчиёни он роҷеъ ба теъдод ва мушкилоти бақайдгирии кӯдакони маъюб ёдовар шуданд.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон  иброз  дошт,  ки дастгирии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, яке аз самтҳои афзалиятноки  Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
- Солимгардонии ин кӯдакону наврасон идома дошта, бо ин мақсад 8 нафар  мутахассиси ҷавон ба Ҷумҳурии  Мардумии  Чин барои омӯзиш ва такмили ихтисос ба курсҳои семоҳа ва шашмоҳа фиристода шуданд. Имрӯз ин мутахассисон бомуваффақият амалиётҳои ҷарроҳии дили кӯдаконро  гузаронда   истодаанд. Ҳамчунин, 250 нафар кӯдак ва  навраси гирифтори ноқисии узвҳои ҳаракату такягоҳ ҷарроҳӣ  шуданд. Дар ин самт ҳамкорӣ бо ҳамтоёни  хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо мутахассисони  Олмон ҳар сол дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии тармими узвҳои лаби боло ва кому ҷоғ амалӣ карда мешаванд. Давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисосро гурӯҳи калони мутахассисони тоҷик дар кишвари Ҳиндустон гузаштанд, - зикр дошт Шералӣ Раҳматуллоев.
Игор Поканев, роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, аз мушкилоти бақайдгирии кӯдакони  маъюб ва пайдо кардани роҳҳои муассири он ёдовар шуд.
- Имрӯз бо вуҷуди хуб ба роҳ мондани дастгирии кӯдакону наврасони маъюб мо бар он мекӯшем, ки сари вақт ба қайд гирифтани онҳоро низ дуруст ба роҳ монем. Ин иқдом ҳам барои барқарорсозии саривақтии саломатии онҳо ва ҳам ҷиҳати зудтар ба модарон омӯзондани малакаи нигоҳубин ва доштани маълумоти зарурӣ мусоидат мекунад», - гуфт Игор Поканев.
Дар чорабинӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон дар бахши тайёр кардани табибони ҷарроҳ ва усулҳои табобати тавонбахшии кӯдакону наврасон дар замони имрӯз, ки ҷаҳонро хатари шиддат гирифтани таваллуди атфоли маъюб таҳдид мекунад, судманд аст. Пешниҳод гардид, ки мутахассисони соҳаи тавонбахшии кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон омада таҷриба омӯзанд.
C. ҲАРАМГУЛ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 486

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед