logo

фарҳанг

ТЕАТР. МАРДУМ ТАШНАИ ДИДОРАНД

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоишномаҳои «Раъду барқ» -  Тсао Юй, «Занги бемаҳал» – и А. Ҳамдам ва «Афсонаҳои мӯйсафед» – и Н. Абдулло ба  Рашту  Хатлон  ва Суғд  сафари ҳунарӣ дошт. 

Давоми бист рӯз ба тамошобинонон беш аз даҳ намоиш пешниҳод гардид.  Ба андешаи Лутфулло Давлатзода, директори  театр, сафари эҷодии дарозмуддат бахшида ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ нишон дод, ки мардум ташнаи театр аст. Мавсуф зикр кард, ки тамошобин синну соли мушаххас надорад, зеро дар толор аз мӯйсафеди 80 сола то навраси 6 сола ҳузур дошт. Баъди ба охир расидани намоишҳо бо мардум вохӯрӣ анҷом додем то пешниҳодҳои онҳоро ба хотири беҳтар шудани кор ва наздик кардани мардум ба театр шунавем. Аксар изҳори нигаронӣ доштанд, ки имрӯз ҷойи театр ва намоиши театриро «диск» - ҳо  ва ташвиқи филмҳои хориҷӣ гирифтанд. Намоишҳое, ки мо пешниҳод кардем, мавзӯъҳои доғи ҷомеа буд, аз ин рӯ ба тамошобинон писанд афтод. Ин навбат мо тамошобини хурдсолро низ  фаромӯш накардем ва барои онҳо намоишҳои муносибро пешниҳод сохтем.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мутаассифона, диску намоишҳои видеоӣ завқи тамошобинро ба театр костааст. Бояд бештар ҷалби мардумро ба театру намоишҳои миллӣ, ки дорои арзишҳои тарбиявӣ бошанд, баргардонем.
Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки низ ба ин сафари эҷодӣ шомил буд,  иброз дошт: «Сафарҳои пайдар пай ба минтақаҳо на танҳо мардумро ба театр бармегардонад, он ҳунарпешаҳоро ҳам масъулиятшинос ва толорҳои фарҳангиро дубора ба макони тарғибу ташвиқи маънавиёт ва тарбия табдил медиҳад. Хушбахтона дар бархе марказҳои ноҳияҳо толорҳо то ҳанӯз побарҷоянд. Мутаассифона, толорҳои кинотеатрҳо аз байн рафтаанд ва ба анбори ҳоҷагиҳои деҳқонӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, дар аксари  навоҳӣ дар толорҳои мактабҳо намоиш пешниҳод кардем. Дар ноҳияи Восеъ истиқболи самиме рух дод, ки фаромӯшношуданист. Воқеан эҳсос кардем, ки мардум ташнаи театр ва ниёз ба маънавиёт дорад.  Мо бояд театрро ба танзи кӯчагӣ табдил надиҳем».
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 716

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед