logo

фарҳанг

ГӮРҒУЛӢ ВА ҲИКМАТ РИЗО

(Ба озмуни «Ҷумҳурият»)

Овози бобои Ҳикматро ба василаи радио шунида, садояшро дӯст доштам ва ҳунарашро арҷ мегузоштам. Зеро Ҳикмат  Ризо ватандору ватанпараст буд. Табиати афсонасони диёрро васф менамуд, балки шоир буд, шоири халқ. Табъи дили мардум ва бо шеваи он бас зебо месуруд.  Ровии қиссаҳои қаҳрамонии монои як паҳлавони корзор обру ва нуфуз дошт. Авазро месуруду месутуд. Ҷавонмардӣ, диловариву шуҷоати Авазро барои шаъну шони тоҷики гарданфароз, барои худшиносии ҳар фард тараннум мекард…

Ӯ зодаи кӯҳистон аст. Соли 1894 дар деҳаи Ёнахши шаҳри Роғун таваллуд шуда, камол ёфтааст.
Имрӯз аз Ҳикмат Ризо чӣ чизе боқӣ монда ва барои гиромидошти эшон чӣ  кореро ба сомон расондаанд. Ба қавли муаррих, фарҳангшинос ва журналисти шинохта Ҷонибек Асрориён: «Дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ сабти пурраи  достонҳои «Гӯрғулӣ» дар иҷрои Ҳикмат Ризо маҳфуз аст. Соли 1963 ин ҳамоса рӯи чопро дид. Аммо ин ҳама ками дар кам аст». Исми ҳофиз боз ба ҳукми фаромӯшӣ рафта. Дар бораи Ҳикмат Ризо маълумоти кофиии зарурӣ дастрас нест, ба ҷуз аз  қомуси даврони  шӯравӣ (Энсиклопедияи советии тоҷик).
Умуман, дар зарфи беш аз 30 соли охир, дар бораи Ҳикмат Ризо ва дафтари ашъораш маводе нашр нашуда. Насли ҷавон дар борааш чизе намедонад.
Бобати он ки ҳунари достонсароиро Ҳикмат Ризо аз кӣ  омӯхтааст, тахминҳо зиёданд. Аммо, дақиқаш ин аст. Ҳикмати ҷавон ба омӯзиши достонҳои паҳлавонию қаҳрамонӣ, ки дар зодгоҳаш шуҳрат дошт, майл пайдо карда, пораҳои нахустини онро аз ҳамдеҳааш Холи Мусофир омӯхт. Чанд сол  баъд воқеае дар зиндагии Ҳикмат рух дод, ки ӯро гирифтори эпос сохт. Бародари бузургаш Муллоабдулмаҷид, ки дар шаҳри Кӯлоб мударрис буд, Ҳикмати ҷавонро бо худ ба Кӯлоб овард. Муддати дар ин шаҳри бостонӣ буданаш, бо бисёр чизҳо ошно гардид. Дар як базм ӯ шоҳиди сухангӯии устоди гӯрғулисароён Наврӯз Ҷонмуҳаммади Сарихосорӣ шуд. Сабку услуби адо ва овози ширадори ровӣ Ҳикмати ҷавонро тасхир сохт. Ӯ, ки аз 15 – солагӣ машқи достон мекард, худро ба пуррагӣ ба омӯзиши эпос бахшид. Зарур донист бо эшон ба Сари Хосор биравад. Дар муддати 6 сол тамоми достонҳо, сабку услуби иҷро ва намунаҳои мусиқиро аз Наврӯз Ҷонмуҳаммад аз бар намуд.
Ӯ акнун миёни мухлисони бешумораш соҳибэҳтиром буд. Пас аз иштироки Ҳикмат Ризо дар чандин конгресс ва фестивалҳои ҷаҳонӣ, аз хонишу қавигии ҳофизааш худиву бегона ба ҳайрат меомаданд. Яке аз хориҷиён Ҳикмат Ризоро «Ҳомери асри ХХ» номид. Ин сифатро ҳунарпарастони мо ба қавле достон карданд ва фаровон истифода мебурданд.
Ҳикмат Ризо воқеан достонзеб аст. Як бор биандешед, донандаи 35 - достони мардумиро бо 120 ҳазор мисраъ, ки дар хазинаи  Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ маҳфуз аст, магар метавон қисса накард.
Дар ганҷинаи фолклори тоҷик  беш  аз 240 достонсаро  номнавис шудаанд ва Наврӯз Ҷонмуҳаммад,  Қурбон Ҷалил, Бобоюнус Худойдодзода, Ҳикмат Ризо,  Одина Шакар, Қурбоналӣ Раҷаб, Ҳақназар Кабуд, Сайдалӣ Алиев, Бӯрӣ Муҳаммадӣ,  Азизбек Зиё   аз зумраи  пештозону забардастони ин гавҳаранд.
Ба хотири бузургдошти гузаштагон ва фардои  неки ояндагон бояд чанд кореро анҷом бидиҳем. Нахуст, бояд ҷашни бошукӯҳи ҳамосасарои нотакрор Ҳикмат Ризо, ки соли 2019 ба зодрӯзи эшон 125  сол пур мешавад, гузаронда шавад.  Ҳамосаи «Гӯрғулӣ» дар гуфтори Ҳикмат Ризо ба чоп расад. Дар Донишкадаи давлатии  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ҷалби ҳамосасаро Азизбек Зиёев мастер – класс ва ё гурӯҳи гӯрғулисароён ташкил гардад.
Ҳарчӣ зудтар бояд ба он муваффақ гардем, ки эпоси «Гӯрғулӣ» ба феҳристи мероси маънавӣ ва моддии ЮНЕСКО ворид шавад. Ҳамчунин барномаи давлатии «Ҳифз, омӯзиш ва густариши эпоси паҳлавонии «Гӯрғулӣ» таҳия гардад.
Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 487

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед