logo

иқтисод

КӮЛОБ: СОҲИБКОРОН САҲМИ БЕШТАР МЕГИРАНД

Фаъолияти онҳо дар минтақаи Кӯлоб ба бештару арзонтар шудани масолеҳи сохтмон, мустаҳкамии соҳил ва афзоиши  ҳосилхезии заминҳо мусоидат мекунад.

Дар раванди соҳибистиқлолии кишвар бо фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шумораи соҳибкорон ва саҳми онҳо дар бунёди корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд шудааст. Бештари корхонаҳо ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили майдакунии санг, истеҳсоли қуму шағал, шустушӯи қум ва амсоли инҳо бо иқтидори баланд фаъолият мекунанд. Бояд гуфт, ки аксари корхонаҳои мазкур  масолеҳи сохтмониро аз сангоби дарёи Ёхсу дастрас намуда, маҷрои сангобро, ки солҳои охир сатҳи он аз сатҳи заминҳои корам ҳам баланд гаштааст, паст менамоянд ва ба ҳифзи заминҳои кишоварзии аз ду тарафи соҳили дарё ҷойгир буда, таъсири мусбат мерасонанд.
Дар ноҳияи Восеъ кормандони 4 корхонаи сангмайдакунӣ аз ду тарафи соҳил сангу шағалро аз маҷрои дарё канда, сатҳи оби зеризаминиро паст менамоянд. Ҳисоби корхонаҳои сангмайдакунӣ дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин низ рӯз то рӯз афзуда,  маҳсулоти сохтмонии ниёзи мардум аз масофаи наздик бо нархи дастрас пешкаши мизоҷон  мегардад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Фархор солҳои тӯлонӣ корхонаи сангу шағал мавҷуд набуд. Сокинони ноҳия бо душворӣ аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  сангу шағал дастрас мекарданд. Бо ташаббуси соҳибкор  Тоҷиддин Муҳиддинов ба наздикӣ дар ноҳия  корхонаи истеҳсоли сангу шағали ҶДММ «Сангреза» таъсис ёфт ва  мушкилоти сокинон ҷиҳати вусъат додани корҳои сохтмонӣ, хусусан роҳсозӣ бартараф гардид, ҳамчунин теъдоди ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ зиёд шуд.
Таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ховалинг бо дастгирии  ҶДММ «Синохидро» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва соҳибкорони ватанӣ  барои беҳтару осон гардидани корҳои сохтмонии аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо имконият фароҳам овард.
Аз дохили дарёҳо кашондани сангу шағалу қум  бо назардошти риояи меъёрҳои экологӣ ба он мусоидат менамояд, ки сатҳи обҳои зеризаминӣ паст ва хавфи шусташавии соҳилҳо кам гардад.
Феълан назорати риояи талаботи экологӣ аз тарафи бозрасӣ ва шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо мунтазам ва доимӣ роҳандозӣ шудааст.

Амирулло ҚОДИРОВ,
сармутахассиси Бозрасии ҳифзи муҳити
зисти минтақаи Кӯлоб 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 577

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед