logo

ҳуқуқ

ВАҲДАТ: ДАР ИН БОРА БА ТАВРИ ДИАЛЕКТИКӢ АНДЕША РОНЕМ

Барои дуруст фаҳмидани моҳият, зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ моро зарур аст, ки ба таври диалектикӣ андеша намоем. Дар зери мафҳуми «Ваҳдат» моҳиятан шакли мавҷудияти умумияти иҷтимоиеро мефаҳманд, ки комил (пурра) буда, тамоми унсурҳои он дар робитаи қавӣ, устувор ва пайваста қарор доранд.

Аз нигоҳи инҷониб вақте мо ваҳдати миллӣ мегӯем, набояд танҳо умумияти этникии дар асоси ягонагии забону фарҳангу иқтисод пайдошударо дар назар дошта бошем. Балки чун дар ИМА, ки англису олмонию яҳудӣ худро амрикоӣ номида, манофеи онро дар якҷоягӣ ҳимоя менамоянд, умумияти ҳудудии халқҳои дар минтақаи муайян зистнамояндаро дар назар дошта бошем. Аз ин нуктаи назар вақте мо дар хусуси ваҳдати миллӣ сухан меронем, ваҳдати тамоми халқҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маскан гузидаро дар назар дорем. Зеро агар имрӯз ба воқеияти иҷтимоии мардуми кишвар назар андохта, ваҳдати миллии аҳли кишварро чун неруи бузургу офаранда ва кафили амнияту суботи кишвар арзёбӣ намоем, мебинем, ки аз он тамоми сокинони ҷумҳурӣ новобаста аз мансубияти миллию нажодию мазҳабӣ баҳравар ҳастанд. Аз ин нигоҳ, зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ он вақт хубтар равшан мегардад, ки мо битавонем бо чашми ақл бубинем, ки ваҳдати миллӣ ва таҳким бахшидани он баҳри ҳар фарди ҷомеа чӣ манфиате мебахшад. Ба қавли дигар, ваҳдати миллӣ- ин зиндагии орому осуда ва бад - ин васила дилҳои пурсуруру лабҳои пурхандаи ҳар фарди ҷомеа аст.
Аҳамият ва зарурати ваҳдати миллиро он вақт боз бештар эҳсос мегардад, ки агар мо ба воқеияти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа нигоҳи таърихӣ намоем. Маҳз дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши муқоисавӣ-таърихии воқеияти имрӯза мо дармеёбем, ки тамоми дастовардҳои миллат дар гузаштаи наздик маҳсули бевоситаи ваҳдати миллӣ мебошанд. Ва, бешак яке аз дастовардҳои азимтарини миллат - истиқлолияти давлатӣ низ ҳосиле аз боғҳои сермаҳсули ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳолати парокандагӣ ҳеҷ миллате на танҳо истиқлолияти хешро ба даст оварда наметавонад, балки истиқлолияти ба даст омадаро низ метавонад тез аз даст диҳад. Аз ин нуктаи назар, Истиқлолияти давлатӣ низ бо ваҳдати миллӣ комилтар, қавитар ва бениёзтар мегардад. Бинобар ин, ҳар чӣ бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ маънии ба ҳамон андоза пояндаю устувор ва қавию бениёз сохтани Истиқлолияти давлатиро ифода менамояд.
Қобили зикр аст, ки барои ноил шудан ба ваҳдати миллӣ саҳму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Мардонавор бояд эътироф намуд, ки дар чунин як вазъияти мушкили байналмилалӣ, ки абарқудратҳо ба кишварҳои нисбатан хурду ба тозагӣ рӯ ба сӯи рушд ниҳода ҳарисона менигаранд, собитқадамона ҳадафҳои стратегии миллиро ҳимоя карда, барои ноил шудан ба онҳо мунтазам талош варзидан кори саҳл нест. Маҳз иродаи матину устувор ва мардонагии бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосӣ ва муайянкунандаи ваҳдати миллӣ дар кишвар гардидаанд. Барои аз ҷиҳати идеявӣ тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унсурҳои асосии муттаҳидсозандаи фарҳанги миллӣ, чун забони миллӣ, анъанаҳои миллӣ, осору афкори бузургони миллат дар ҷомеа мақому мартабаи нав касб намуда, ба сифати омили асосии муттаҳидкунанда хидмат намуданд. Дар таҳкими ваҳдати миллӣ, албатта, нақши муҳимро идеяи худшиносии миллӣ иҷро менамояд. Ҳеҷ яке аз баромадҳои Пешвои миллатро наметавон дарёфт, ки дар он ӯ дар хусуси худшиносии миллӣ ва аҳамияти он дар тарбияи насли наврас сухан нагуфта бошад.
Кароматуллоҳи АБДУХАЛИЛ,
номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 653

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед