logo

ҳуқуқ

БЕДОРИИ МИЛЛӢ. ТАБЛИҒИ ОН ВАЗИФАИ ҲАР ФАРДИ ХУДОГОҲ АСТ

Ваҳдат ҳамчун омили наҷотбахши давлату миллати тоҷикон яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Он садди роҳи аз байн рафтани Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, дар дили мардум умед ба зиндагии осоишта ва фардои дурахшонро бедор намуд.

Ваҳдат ва субот аст, ки имрӯз мардум бо дили гарм  баҳри ободии  Ватани маҳбуб кору пайкор намуда, дар рушди устувори кишвар саҳм мегузоранд. Дар ин росто,  ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманде, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳои хориҷи дуру наздик рӯи кор гирифтаасту барои пешрафти кишвар ва фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамоянд, маҳз ба шарофати ваҳдати миллист.
Ҳамин дастоварди беназири таърихӣ дар радифи риояи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ  мардумро водор сохт, ки ба ҳифзи  ҳуқуқҳои худ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Нагузоранд, ки  ҳуқуқҳояшон аз ягон ҷониб поймол гардад.  Имрӯз дар кишвар иродаи сиёсӣ ва заминаи мустаҳками қонунгузорӣ мавҷуд аст. Танҳо тағйири пиндору назар дар мавриди чӣ будани ҳуқуқи инсон, бардошти дуруст аз аслу моҳияти он дар доираи сартосарӣ байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа метавонад ҳамагуна монеасозиву мушкилофариниро ҳимоят кунад.
Инак, аз  лаҳзаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нуздаҳ сол пур  мешавад. Мо - кормандони мақомоти прокуратураи кишвар дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, сармашқи кори худ қарор додаем. Президенти мамлакат, аз ҷумла гуфта буданд: «Дар чунин шароити ҳассос ва зудтағйирёбандаи сайёра вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди бонангу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории миллӣ, ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иборат бошад».
Кормандони прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси қонунгузориҳои навин ва тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуда, муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ба ҷомеа хатарнок пурзӯртар менамоянд.
Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 550

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед