logo

иқтисод

ФАЙЗОБОД: КӮЧАҲО ЧУН ДИЛИ МАРДУМ ЧАРОҒОНАНД

Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд
Эмомалӣ РАҲМОН

Файзобод дар қатори дигар ноҳияҳои водии Рашт ҳамчун мавзеи муносиб барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токпарварӣ ва картошкаву сабзавоткорӣ шинохта шудааст. Ба пешрафти соҳа, пеш аз ҳама, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ба дасти соҳиби аслӣ - деҳқон гузаштани онҳо боис гардидааст.
 - Дар заминаи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ таъсис ёфтани 3059 хоҷагии деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид, - мегӯяд раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Раҷабзода. Ба андешаи ӯ, боғдорӣ яке аз соҳаҳои шуҳратёфтаи даврони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Шуҳрати себи Файзобод то ба Шарқи Дури Федератсияи Русия расида буд. Вале солҳои навадуми асри гузашта соҳа, бо сабабҳои маълум, то андозае шуҳрати пешини худро аз даст дод. Баъди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи августи соли 2009, таҳти № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 - 2014» кор дар ин самт ривоҷ ёфт. Ҳамон сол дар ноҳия 67,7 гектар ва дар чор соли минбаъда бошад, 280 гектар боғи нав бунёд гардид. Даҳҳо гектар боғҳои куҳна бо ниҳолҳои навъи аълои маҳаллию хориҷии себу нок барқарор гардиданд. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод, 10 апрели соли 2014 ва ба бунёди боғи 120 - гектара асос гузоштани ӯ ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Сарвари давлат бо назардошти мавҷудияти замин ва имкониятҳои фаровон супориш дод, ки майдони боғ дар 10 соли наздик ба 4 ҳазор гектар расонда шавад.
 Раҷабзода Миралӣ тазаккур дод, ки ҷиҳати иҷрои ин супориши Сарвари муаззами кишвар тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Далел ҳамин аст, ки ба ҷойи 667 гектари нақша дар 678 гектар боғ бунёд карда шуд. Гузашта аз ин, дар ноҳия 105 гектар боғҳои куҳна ва 52 гектар токзор барқарор карда шуданд.
Воқеан, бори аввал дар ноҳия дар панҷ гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардидаанд, ки худ фоли нек аст.
Майдони картошкаи ноҳия бошад, дар маҷмӯъ 400 гектарро ташкил медиҳад. Картошкапарварони ноҳия бо истифода аз навъҳои тухмии «Кардинал» ва «Пекас» тасмим гирифтаанд, ки солҳои наздик майдони кишти ин намуди зироатро ба ҳазор гектар расонанд. - Ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ ва бунёди боғҳои нав, умуман пешрафти ин соҳаи муҳимро бе анҷоми саривақтии корҳои ирригатсионӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст, - мегӯяд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шаъбон Восеев. - Баҳори соли ҷорӣ шаш канали обрасон ба масофаи зиёда аз 50 километр ва чоҳҳои обкаш ба мавсими обёрӣ пурра омода гардиданд. Канали «50 - солагии Тоҷикистон», ки 29 километр дарозӣ дошта, 13 километри он то соли 2014 ва боқимонда охири соли 2015 пурра барқарор шуда буд, 580 гектар заминҳои шаҳри Ваҳдат ва 370 гектар заминҳои ноҳияи Файзободро шодоб гардонд. Канали мазкур, ки аз дарёи Кофарниҳон сарчашма мегирад, барои обёрии 1200 гектар замини корами шаҳри Ваҳдат ва 990 гектар киштзори ноҳияи Файзобод пешбинӣ шудааст.
- Пешрафти соҳаҳои иҷтимоии ноҳия низ қобили таҳсин аст, - изҳор дошт Сайбинисо Раҷабзода, муовини раиси ноҳия. Бино ба иттилои ӯ, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи хушманзараи Элок бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст ба маблағи 18 миллион сомонӣ оғоз хоҳад ёфт. Дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Бӯстон сохтмони муассисаи таълимии наву замонавӣ бомаром идома дорад. Аз ҳисоби маблағҳои шахсии соҳибкор Ҷамшед Ғафуров дар деҳаи Кенҷаобод муассисаи таълимӣ барои 120 ҷойи нишаст қомат афрохт.
Имрӯз 48 муассисаи тандурустӣ дар хизмати сокинони ноҳия қарор дорад. Беморхонаҳои деҳаҳои Меҳрободу Мискинобод пурра навсозӣ гардида, беморхонаи марказии ноҳия, бинои таваллудхона, бемориҳои сироятӣ, қалб, марказҳои саломатии деҳаҳои Чилчашма ва Бобои Валӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Соли гузашта аз ҳисоби фонди Президенти мамлакат маркази нави саломатӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, дарҳои худро ба рӯи эҳтиёҷмандон боз намуд.
Дар ноҳияи Файзобод давоми панҷ соли охир ду толори калони варзиш дар назди мактабҳои рақамҳои 8 ва 59 қомат афрохт. Се фитнес - клуб низ сохта шудааст, ки ҷойи дӯстдоштаи ҷавонон мебошанд. Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон навсозии варзишгоҳи марказии ноҳия ба маблағи 13 миллион сомонӣ соли 2015 оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот вусъати тоза мегиранд. Бо иқдоми сокини деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт М. Ҳалимов толори замонавии варзиш бо сарфи беш аз 100 ҳазор доллар мавриди истифода қарор гирифт. Баҳори соли равон дар деҳаи Устошамси Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо талош ва саҳми бевоситаи соҳибкор Файзулло Пиров толори калону барҳаво барои ҷавонони деҳаҳои атроф ба истифода дода шуд. Барои анҷоми сохтмони ин толор зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Соҳибкор Ҷамшед Ғафуров бошад, майдони варзишии мактаби рақами 1 - и ноҳияро бо харҷи беш аз 50 ҳазор доллар таъмиру таҷдид намуд.
- Имрӯз даромадгоҳ ва маркази Файзобод ба дарозои қариб 4 км чароғон аст. Ҳазорҳо бех ниҳоли сӯзанбарг дар ду тарафи роҳи Ваҳдат – Файзобод – Роғун қомат афрохта, ба ин мавзеъ зебоии диданиву нотакрор бахшидаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби мардуми худшиносу худогоҳ ва заҳматқарину меҳанпарасти ноҳия гардидаанд,- мегӯяд Миралӣ Раҷабзода.

Додоҷон РӮЗИЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 689

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед