logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ВАҲДАТ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз халқи сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистон нуздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ таҷлил мекунад. Ин рӯзи таърихӣ, воқеан, ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

Фаҳмиши ваҳдат аз қадимтарин давраҳои ҷомеаи инсонӣ ибтидо гирифтааст. Зарурати ваҳдат дар раванди шаклгирии қабилаҳо ва шиддатёбии низоъҳои байни онҳо барои ҳифзи бехатарии аъзои қабила, ки ҳамбастагии зичашонро тақозо дошт, лозим буд. Агар амиқтар назар кунем, дар ҳама ҳолат ҳамбастагии қавмию қабилавӣ, ки баъдан ба иттиҳодияҳои қабилавӣ ва аз он баъд омили асосии ташаккулу рушди давлатдорӣ гаштааст, дар асоси ифоқаю ваҳдат будааст. Ба омилҳои халқиятро муайянкунанда, назири ҳамзабонӣ, ҳамҳудудӣ, ҳамбастагии психологию фарҳангии дар тӯли асрҳо инкишофёфта, боз омили дигар - мутамарказии иқтисодӣ зам мешавад, ки ба ташаккули миллат асос мегузорад. Аз ин ҷост, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ низ аз ваҳдат ибтидо мегирад. 
Мафҳуми ваҳдатро бо кадом забоне, ки ном барем, омили манфиатбахши он тағйир намеёбад. Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ вожаи «ваҳдат» маънои ягонагӣ, як будан аст. Ин фаҳмиши дунявии ваҳдат аст. Шояд ба ҳамин маънӣ бошад, ки мавлоно Ҷомӣ фармудаанд:
Яке ҷӯй Ҷомӣ, дуҷӯӣ макун,
Ба майдони ваҳдат дугӯӣ макун.
Дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсоси ваҳдат буд, ки имконияти раҳоӣ аз тобеияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлати тоҷиконро дар замони Сомониён фароҳам овард. Дар тӯли таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамони аҷнабиён, ивазшавии силсиласулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буд. Вале гардиши таърих моро ба эҳёи давлатдории навин расонд. Табиист, ки нигаҳдошти ин атои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт. Роҳ ба сӯи он ниҳоят фоҷиабору шадид сурат гирифт. 
Ба Пешвои миллат лозим омад, то дар қатори садҳо масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба ҷойҳои зисти доимӣ баргардондани гурезаҳо, тайёр намудани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи оқилонаи инвеститсияҳои хориҷӣ, таъмини энергетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ боз садҳо кору ташвиши дигарро дар назар дошта, роҳи ҳалли онҳоро ёбад. Таъмини ваҳдати комил низ бевосита ба ҳалли ин масоил вобаста буд. Фазои сулҳу оромӣ имкон дод, ки масъалаҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ батадриҷ ҳалли худро ёфтаву барои рушди суръатноки онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар ҳама ҳолат бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки ваҳдат фаҳмиши хеле васеъ дошта, масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Мо ваҳдати миллӣ гуфта, бояд танҳо ваҳдати тоҷиконро дар назар надошта бошем. Ваҳдат барои ҳама мисли обу ҳаво зарур буда, бояд чун ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ҳамтақдирии тамоми миллату халқиятҳои кишвар фаҳмида шавад.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор менамояд, ки неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат равона созем. Бешубҳа, ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерую тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва дилҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодию фараҳ гардонд. Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд. Имрӯз дар муқоиса бо парокандагиву нифоқ, ки таҷассумгари фоҷиаву мусибатҳост, мазмуну моҳият ва арзиши ваҳдати миллии ба нақди ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони мо бадастомада, дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибиву обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизро таъмин гардонем.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми “шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ” бисёр муҳим мебошад. Яъне, шаҳрванди Тоҷикистон будан ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи аҳли ҷомеа дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва экстремизм осебпазир гардад.
Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаю кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаю давлатҳои алоҳида ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, ҳарчи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз пайдо кардааст.
Бо назардошти ин зарур аст, ки мардуми мо, алалхусус, насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.

Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 507

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед