logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АРБОБ – ҚАСРИ СУЛҲИ МИЛЛАТ
Қасри Арбоб яке аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Номи он аз теппаи Арбоб гирифта шуда, қаср маҳз он ҷо бунёд ёфтааст.

Таърихи сохтмони Қасри Арбоб ба охири солҳои 40-уми асри гузашта рост меояд. Соли 1949 колхозҳои Молотов ва Ворошилови ноҳияи Ленинобод (имрӯза Бобоҷон Ғафуров) муттаҳид шуданду хоҷагии нав номи Ворошиловро гирифт. Барои сохтмони бинои идора ва клуб ҷои муносиб интихоб намудан лозим омад. Раиси ҳамонвақтаи хоҷагӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев барои бунёди клуб теппаи Арбобро баргузид.
Лоиҳаи он дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикпроект»-и шаҳри Душанбе омода гардид. 20 марти соли 1950 дар маҷлиси умумии колхозчиён бо иштироки 1921 намоянда лоиҳаи бинои Қасри маданият, ки онро меъморон Ҳикмат Юлдошев ва Иван Линде тайёр карда буданд, муҳокима гардид. Ҳангоми муҳокима пешниҳод шуд, ки ба он баъзе дигаргуниҳо ворид карда, ба симои берунии бино таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар нусхаи дуюм ва охирин, ки Ҳикмат Юлдошев аз нав кор карда баромад, се бинои алоҳидаи қаблӣ якҷоя шуда, рӯи ҳавлии бино намуди амфитеатрро гирифт. Лоиҳаро моҳи ноябри соли 1950 маҷлиси умумии колхозчиён тасдиқ ва ба сохтмони Қасри Арбоб иҷозат дод.
Бино 6 ноябри соли 1957 пурра ба истифода дода шуд. Ороиши даромадгоҳи он низ бисёр ҷолибу диданист. Дар зери ҳамаи тирезаҳои тарафи саҳн, дар пештоқи даромадгоҳи марказӣ, дар байни нақшҳо аз осори шоирони асри X сар карда, то шоирони барҷастаи имрӯз байту рубоиҳо сабт карда шудаанд.
Ороиши дохилии Қасри Арбоб намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошист. Дар дохили он хонае нест, ки бо гаҷкорӣ зиннат дода нашуда бошад. Нақшҳои хурду калон ва мураккаби биноро устоҳои бомаҳорати тоҷик Ширин Муродов ва шогирди ӯ Мирумар Асадов ба сомон расондаанд.
Имрӯз қасри нозанини Арбоб қасри маҳаллӣ нест, қасри сулҳи миллат аст, кохи паймони аҳли Ватан аст, мелодгоҳу меодгоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

 

ДОРУИ ИШТИҲО
Юсуф Акобиров меҳмони Ашӯр Сафар мешавад. Вақте ки сари дастархон менишинанд, ӯ бисёр пур мехӯрад: ҳам шӯрбо, ҳам оши палав, ҳам оши бурида, ҳам меваву сабзавоту шириниву мағзу чағз. Ҳам менӯшад. Хулоса, қариб рӯи дастархонро холӣ мекунад. Баъд як нафасашро рост када, аз киса доруеро мебарораду хӯрданӣ мешавад. Ашӯр Сафар, ки ин ҳамаро ғазаболуд назора мекард якбора мепурсад:
- Ин чӣ доруст?
- Доруи иштиҳо! – бепарво ҷавоб медиҳад меҳмон.
- Парто он тараф! – чанг зада доруро аз дасти Юсуф Акобиров мегирад. – Ҷои дигар наёфтӣ, ки доруи иштиҳоятро дар хонаи ман мехӯрӣ?! Бе ин ҳам дар дастархон чизе намонд…
Бегоҳи ҳамон рӯз Ашӯр Сафару Юсуф Акобиров хонаи дӯсти деринашон, директори совхози Булёни ноҳияи Данғара Раҳим Шарифов мераванд. Директор зиёфате меорояд, шоҳона.
Ашӯр Сафар дастархони пурнозу неъматро дида, ба Юсуф Акобиров мегӯяд:
- Ана, ин ҷои доруи иштиҳост. Якта, ки хдт хӯрдӣ, якта ба марам бте.
Гурез САФАР

 


Дейл КАРНЕГӢ
ТАРС ТАШВИШРО МЕЗОЯД
(Идома аз "Шоми шанбе" - ҳои гузашта)
Шумо ягон бор ба одами гирифтори бемории ғадудҳои сипаршакл дучор омадаед? Онҳо меларзанд ва чунин шакле доранд, ки ҳамин ҳоло аз чизе ё аз касе сахт тарсида бошанд. Дар чунин ашхос фаъолияти ғадудҳои сипаршакл, ки фаъолияти организмро танзим месозанд, вайрон шудааст. Дил тез мезанад ва бадан сахт меларзад. Агар ин ҳолат дуру дароз идома ёбад, яқин маризро марг мебардорад.
Боре як рафиқам ба чунин дард печид. Ӯро назди мутахассис бурдам. Нахустин саволе, ки ӯ ба бемор дод ин буд: «Чӣ ташвише доред, ки аз тарси он баданатон ба «худсӯзӣ» оғозидааст?». Яъне тарс аз оянда дӯсти маро ба чунин ҳол гирифтор намудааст.
Ҳунарманд Мерл Оборон, боре ба ман иброз дошт, ки чи тавр тарс ва ташвишу изтиробашро фурӯ нишондааст. Вақте ки вай аз Ҳиндустон ба Лондон меояд ва мехоҳад дар ягон театр нақш офарад, ба ӯ касе аз коргардонҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозад. Мерл он чи аз маблағ дошт, сарф мекунад. Ба вай гуруснагӣ ва бекорӣ таҳдид менамояд. Аз ин бисёр ғам мехӯрад, обу адо мешавад ва рӯзе мебинад, ки дар чеҳраи зебояш ожангҳо пайдо шудаанд. Худ ба худ мегӯяд: «Аблаҳ, мумкин туро умуман ба нақше даъват накунанд, зеро таҷриба надорӣ. Ягона боигариат чеҳраи зебои туст, вале тарс аз бекорӣ метавонад ҳамин боигариатро низ барбод диҳад».
Дарвоқеъ, изтироб чеҳраро нофорам, дилгир, турш месозад, мӯйи сар сафед мешавад ва мерезад, рухсораро ожангҳо панҷа мезананд. Аз ташвиши беҳуда пӯсти рӯй хушку шахшӯлу безеб мегардад. Аз ин рӯ, беҳуда ташвиш кашидан нашояд.
   (Идома дорад)
Тарҷумаи Нозирҷон ЁДГОРӢ

 

ДАРАХТОНИ БАЛАНДТАРИНИ САЙЁРА
Макони 10 дарахти баландтарин дар ҷаҳон махфӣ нигоҳ дошта мешавад, аз ин рӯ дарёфти акси онҳо мушкил аст. Ин бузургҷуссаҳо дар муҳофизати шабонарӯзӣ қарор надоранд, танҳо маълумот дар бораи ҷойгиршавии дақиқи онҳо ниҳон аст, то ки сайёҳон инфрасохтори дарахтонро вайрон насозанд ва ба нашъунамояшон халал нарасонанд.

10. Дарахти Мендосино баландиаш 112,20  метр буда, қутраш 4,19 метрро ташкил медиҳад. Аз соли 1996 то 2000 яке аз дарахтони калонтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёфт. Он дар шаҳри Монтгомери Вудси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ёфт шуда буд.
9. Парадокс - 112,56 м. Қутри танаш 3,90 м. Парадокс дар маконе бо номи Гумболдт, Рокфеллер-Форест, Калифорнияи ИМА воқеъ аст.
8. Рокфеллер -112,60 м. Паҳноии дақиқи он маълум нест. Дар Гумболдти Калифорнияи ИМА месабзад.
7. Лауралин – 112,62 м, қутраш 4,54 м - ро дар бар мегирад. Дар Гумболдт, South Fork Eel River, Калифорнияи ИМА макон гирифтааст.
6. Орион – 112,63 м. Қутр 4,33 метр. Макони нашъунамо: Редвудс, Калифорния, ИМА.
 (Давом дорад)
Тарҷумаи Ш. ҚУРБОН

 

ҲАЙВОНОТИ АҶИБ

Калонтарин ҷонвари харчангмонанди рӯи Замин – Мако – аши – гани, ё харчанги тортанакмонанд аст, ки ҳаҷми чанголи он 3,7 метрро ташкил медиҳад.

* * *
Пӯсти мормоҳи (мурена) ниҳоят мустаҳкам мешавад. Аз «бронежилет» - и он ҳатто тир намегузарад.
* * *
Тосмоҳиҳои Атлантика моҳиҳои дарозумртарини шоҳигарии Нептун ба шумор мераванд. Онҳо на камтар ва на зиёда аз 150 сол умр мебинанд.
* * *
Пӯсти калтакалос (саламандра) аз худ моеи аҷоиби часпак ҷудо мекунад. Ин моеъ онро аз сӯхтан дар оташ муҳофизат менамояд.
* * *
Вақти таранг кашидани панҷаҳои голиаф ном қурбоқаи амрикоӣ дарозии он ба 87,63 сантиметр расидааст.
* * *
Дар галаҷазираҳои (архипелаг) Зонд қурбоқаҳои паррон зиндагӣ мекунанд. Пардаҳои дар панҷаҳояшонбуда барои аз дарахт ба дарахт паридани онҳо кумак мекунад.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ

 

«ГАРМЧАШМА» - МАВЗЕИ ОБҲОИ МАЪДАНӢ
Маҷмааи истироҳатии Гармчашма яке аз мавзеъҳои табобатӣ - истироҳатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон буда, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Ишкошим, дар километри 42 - юми шаҳри Хоруғ, дар силсилакӯҳҳои Шоҳдара ҷойгир шудааст. Аз байни Гармчашма шохоби дарёи Панҷ ҷорӣ аст.
Оби шифобахши Гармчашма дар таркибаш олтингӯгирд ва  борут дорад, ки аз қаъри замин ҷӯш зада берун меояд. Гармии оби чашма дар фасли сармо ба 40 дараҷа баробар аст. Оби ин чашма ва ҳавои форами маҳал барои табобати бемориҳои қалб, миён, пой, системаи асаб, касалиҳои занонаю мардона, безуриётӣ, бахусус касалиҳои пӯст шифобахш аст.
Чашма умри ҳазорсола дошта, соли 1928 аз ҷониби менерологи рус А. Н. Лубенсов кашф  шудааст. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 

ГОЛИ НАҶИБ ВА НАМУНАИ ОЛИҲИММАТӢ
Дар арафаи баргузории Чемпионати Аврупо – 2016 оид ба футбол шабакаи телевизионии vтв Russia таърихҳои аҷиберо аз мусобиқоти бузурги футбол ба ёд меорад.
Ҳодисаи беназир ҳангоми баргузории Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Чили, соли 1962 ба миён омад. Дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ масъалаи ба даври плей – офф баромадан ҳал мешуд: Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё Чили.
Барои мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ натиҷаи бозӣ моҳияти басо бузург дошт – кишвар аз футболбозон танҳо ғалабаро интизор буд. Дар нимаи дуюми бозӣ ҳангоми мусовӣ (1 : 1) будани ҳисоб Игор Численко аз мунтахаби СССР бо зарбаи сахт тӯбро хато мезанад, аммо берун аз дарвоза тӯб тӯрро даронда, вориди он мегардад. Довар ин ҳолро надида мемонад ва голро мепазирад.
Мусаллам аст, ки чилигиҳо эътироз мекунанд, вале довар назарашро дигар намекунад. Пас аз он капитани дастаи мунтахаби СССР Игор Нетто ба назди довар меояд ва бо забони ишора мефаҳмонад, ки голро ба ҳисоб нагирад. Довар ишораи ӯро мефаҳмад ва голро бекор мекунад.
Танҳо дар дақиқаи 89 – уми бозӣ Валинтин Иванов ба дарвозаи соҳибони майдон гол зада, тимашро ба пирӯзӣ мерасонад.
Ин ҳодисаро аз соли 1962 то ҳанӯз мухлисон чун намунаи шоистаи олиҳимматӣ дар футбол ба ёд меоранд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

 

БУДДО ДАР ҲОЛАТИ НИРВАНА
Ин бозёфти нодирро бостоншиносони тоҷик соли 1966 аз ёдгории Аҷинатеппа пайдо намудаанд.
Албатта, бостоншиносон аз ин макон як силсила муҷассамаҳои буддоӣ пайдо карданд, аммо миёни онҳо Буддо дар ҳолати нирвана бо бузургиву шаҳомати худ фарқ мекунад. Буддо 12, 92 метр дарозӣ дошта, кафи пойи он ба 1,7 метр  баробар мебошад. Баландиаш 2, 5 метр аст. Таъмиргарон онро ба 92 қисм ҷудо намуда, ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои кишвар оварданд, баъди таъмири  пурра соли 2001 дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд.
Бостоншиносон муайян намуданд, ки он 13 аср пеш сохта шудааст.
Онро «спяшая будда», яъне будои хобида низ мегӯянд. Аммо бостоншиносон ин ибораро нодуруст меҳисобанд. Ба андешаи онҳо нирвана – мақсади олии ҳамаи мавҷудоти зинда ва нақши муҳим доштан дар дини буддоиро ифода мекунад.
Як нусхаи он дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Анчии Ҷопон ба намоиш гузошта шудааст. Феълан баъди вайрон намудани буддои 16 метра дар Афғонистон, Буддо дар ҳолати нирвана бо бузургии худ дар фарҳанги динии буддоии ҷаҳон мавқеи намоёнеро соҳиб шудааст.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 

ЧАРО МАРДОН НИСБАТ БА ЗАНҲО ДАРОМАДИ БЕШТАР ДОРАНД?
Ҷомеашиносон сабаби даромади бештар доштани мардонро нисбат ба занон шарҳ доданд. Таҳқиқоти олимонро нашрияи  The Journal of African Development чоп кардааст, иттилоъ медиҳад «МИР 24» бо истинод ба Lenta.ru.
Ба андешаи мутахассисон сабаб, пеш аз ҳама дар он аст, ки занон бениҳоят кам ба вазифаҳои музднок пешбарӣ мешаванд. Дигар ин ки намояндагони ҷинси латиф вақти бештари худро дар иҷрои корҳои хона сарф менамоянд, ки одатан пардохт намешаванд. 
Дар ҳамин ҳол, олимон қайд карданд, ки миқдори занҳои босавод аз 33 дарсади соли 1990 то 91 дарсад дар соли 2010 афзуд. Пас онҳо метавонанд бештар ба вазифаҳои маоши зиёддошта даъво намоянд. Аммо, нишондиҳандаи шуғлнокии занон чун пештара нисбат ба мардон 30 дарсад паст мебошад. Махсусан, ин дар минтақаҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик ва Африқо назаррас аст. Ҳатто дар Амрико ба ҳар $1 ба даст овардаи мард $0,77 дарёфтаи зан рост меояд.
Иштироки занон дар сиёсат ба 14 дарсад зиёд шуда, дар ҳукумат ва порлумон алҳол нуфузи онҳо 25 дарсадро ташкил медиҳад. Вале дар давлатдории баъзе кишварҳо, хусусан Ҳоити ва Қатар то ҳол ягон зан нест.
Олимон хулоса карданд, ки  гусастагии бисёрасраи гендерии бо анъанаҳои архаистии ҷомеа ба вуҷудомада ва тафовутҳои даромади марду занро сабтсохта, барои муайян кардани муқаррароти пешакии худ муддати тӯлониро тақозо менамояд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 

- Ҳа, чӣ шуд? Сару либосат даридагӣ, даҳону бинит хунолуд, сарат кафида, боз мелангӣ?! Бо ягон кас каштал ба каштал шудӣ – чӣ?!
- Ҳа, ҷанг кардам.
- Чаро? Аз чӣ сабаб ҷанг кардӣ?
- Эҳ, бародар! Ин чил сабаб дорад. Сабаби якумаш ин, ки маст будам...
- Шуд, шуд! Сиву нуҳ сабаби дигар лозим не!
Г. САФАР

 

МАРАФОН БО АСП ДАР МУҒУЛИСТОН
Пойгаи аспсаворон дар Муғулистон аз душвортарин намуди пойгаҳо дар дунё дониста мешавад, зеро аспҳо бо саворагонашон ҳазорҳо километр биёбонҳои беканори Муғулистонро тай карда, ба финиш мерасанд. Дар ин пойгаҳо гум шудани пойгачиён низ борҳо рух додааст.
Таҳияи И. РАҶАБ

 

МЕРАВАД АРҒУШТ «ЗЕБО»
19 майи соли 1979 тариқи «Оинаи нилгун» нахустин ҳунарнамоии дастаи рақсии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Пасон, дар натиҷаи озмуни тамошобинон ба он «Зебо» ном гузоштанд.
Ансамбли «Зебо» дар муддати кӯтоҳ қалби мухлисони ин ҳунари волоро тасхир намуда, ба бозёфтҳои аҷибӣ бадеӣ дастёб гашт. Ҳунаршиноси маъруфи тоҷик, профессор Низом Нур-ҷонов рӯи кор омадани дастаро равияи нав дар санъати рақси тоҷик номид. Равияи мазкурро роҳбари даста Зебо Аминзода ҷорӣ намуд. Ба ақидаи Н. Нурҷонов, навҷӯӣ аз санъати худи ӯ бармеояд. «Зебо Аминзода раққосаест, ки дар ҳунари худ ҳаракату рафтори мавзуну зеборо бо мазмуни баланду эҳсоси амиқ пайваста, маданияти сайқалёфтаи иҷрогарӣ ва нозуктабъие ба даст овардааст. Рақсҳои ӯро дида метавон гуфт, ки онҳо бевосита аз характер,  ҳаёт ва шуғли мардуми мо ба вуҷуд омадаанд. Зебо Аминзода дар рақси тоҷик анъанаҳои бои миллиро бо техникаи баланди санъати рақси имрӯза ва комёбиҳои жанри драма пайваст ва пластикаи ин омезишро аз мусиқӣ ҷустуҷӯ кард. Санъат ба ӯ илҳом бахшид ва ин илҳом боиси эҷоди образҳои гуногун гардид», менигорад, -  устод дар китоби хеш «Олами беканори рақси тоҷик».
Ӯ дар аввал нуҳ нафар духтаракро аз синфҳои болоии макотиби пойтахт интихоб намуда, бо онҳо машғулият мегузаронд. Баъдан шумораи раққосон зиёд гардида, таҳти роҳбарии ӯ се гурӯҳ фаъолият менамуд. Солҳои аввал Зебо худ ҳамроҳи дастпарваронаш мерақсид, пасон ӯ тамоми қуввату ғайраташро ба тарбияи раққосаҳо ва таҳияи рақсҳои воқеан ҳам зебо сарф намуд. Зебо Аминзода ба шогирдони ҷавони худ, ки ягон мактаби махсуси рақсро хатм накардаанд, на танҳо алифбои мураккаби ин санъатро омӯхт, техникаи ҳаракати зарифи тамоми узвҳои бадан ва тарҳи хушифодаи рақсро ёд дод, балки дар баробари ҳамаи ин талаб менамуд, ки онҳо ҳамчун ҳунарпешаи пурмаҳорат олами ботинии қаҳрамонро кушоянд, изтиробу ҳаяҷон, фикру эҳсоси ӯро баён намоянд. Ҳар як рақси рӯи саҳна овардаи ӯ ҳамчун асари комил ба назар расида, таровати хос ва қимати баланди эстетикиро таҷассум менамояд. Зебо Аминзода ба рақси тоҷикӣ зебоӣ ва нафосати хосе илқо намуд.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ

 

1 ДАВЛАТ ДАР 17500 ҶАЗИРА
Индонезия давлатест, ки аз 17500 ҷазира иборат аст ва 6000 ҷазираи он барои зиндагӣ мувофиқ нест.
Қисми зиёди сатҳаш кӯҳсор аст. Қуллаи баландтарини он 5020 метрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 400 вулқон дорад, ки наздики 80 вулқони он амалкунанда аст. Боришоти солона дар қисми зиёди ин кишвар аз 2000 мм то  ба 4000 мм мерасад.
Дар Индонезия 150 халқият ва беш аз 1000 забону шеваҳои гуногун вуҷуд дорад. Навад дарсади аҳолиро 13 халқияте, ки  ҳар кадом бештар аз 1 миллион нафар нуфуз дорад, ташкил медиҳад. Беш аз 80 дарсади мардум мусулмонони суннимазҳабанд.
А. РАҲИМ «Ҷумҳурият»

 

ЧӢ ТАВР СТСИПИОН ГАННИБАЛРО МАҒЛУБ КАРД?
Ганнибал ба монанди Наполеон фаъолияти лашкаркашии худро бо шикасти сахт ҷамъбаст намуд, вале ин ҳолат дурахши ғалабаҳои оламшумули ӯро дар муҳорибаҳои муҳим ва дастовардҳои ҳарбӣ заррае ҳам коста накардааст. Муқобилияти кӯтоҳмуддати вай ба лашкаркаши ҷавон Публий Корнелий Стсипион дар давраи Ҷанги дуюми пунӣ (солҳои 218 – 201 то милод) таърихи шогирдеро ба ёд меорад, ки дар муҳорибаи назди Зам бар устоди худ пешдастӣ кард ва охири охирон бар вай дастболо шуд.
Биёед, аввал худамон, баъд бо якҷоягии Стсипион рафти ҷангҳои давраи қадимро аз назар мегузаронем ва аз асрори ғалабаҳои шигифтовари Ганнибал воқиф мегардем. 
Ҷанги якуми пунӣ (солҳои 264 – 241 то милод), ки онро бар зидди Рим падари «карфагении кабир» - и оянда Гамилкар Барка мебурд, барои Карфаген фоҷиавӣ анҷом ёфт. Зеро Ситсилия ва бо он ҳукмронӣ дар баҳри Миёназамин аз даст рафт. Ганнибали ҷавон, ки маълумоти кофии юнонӣ гирифтаву дар муҳорибаҳои Испания бо сарварии падараш иштирок намуда, таҷрибаи ҳарбӣ омӯхта буд, ба Гамилкар қасам хӯрд, ки то зиндааст бар зидди Рим меҷангад. 
Сиёсати Гамилкар Баркаро баъди ӯ домодаш мебурд ва бо Рим дар созиш буд. Пас аз марги вай артиши Карфаген Ганнибалро сарлашкар интихоб кард. Барои он ки мавқеи худро мустаҳкам намояд, Ганнибал дар соли 218 то милод Сагунт, иттифоқчии Римро ба муҳосира гирифт. Рим талаб намуд, ки Карфаген Ганнибалро дошта диҳад, вале посухи рад шунид. Сабаби ҷанг барои ҳукмронӣ дар баҳри Миёназамин барои ду ҳариф пайдо шуд ва муҳорибаҳои шадид шурӯъ гардиданд.  
Баъди муҳосираи ҳаштмоҳа Сагунт шикаст хӯрд ва тороҷ шуд. Рим бо Карфаген ҳамаи шартномаҳоро бекор кард ва ҳамин тавр Ҷанги дуюми пунӣ оғоз гардид. Ганнибал то соли 210 то милод дар ҳамаи муҳорибаҳо бар зидди римиҳо, ки дар соҳилҳои баҳри Миёназамин ва давлатҳои Испанияю Италия сар мезаданд, ғалаба ба даст меовард. Вай аз кӯҳҳои Алпу Аппенин гузашта, душманро ғафлатгир мекард ва бо лашкари камшумор бар урдуи 100 ҳазора зафар меёфт. 
Вале ба саҳнаи сиёсат ва ҳарбу зарб шахси нав қадам гузошт – Публий Корнелий Стсипион, писари лашкаркаше, ки дар Испания аз дасти Ганнибал ҷон бохта буд. Сенати Рим дар соли 210 то милод  Публий - ҷавони 25 - соларо ба ҳимояи империя фиристод. Вай дар артиш зуд интизоми оҳанӣ ҷорӣ карда, дар шимоли Эбро ҳукуматро барқарор сохт. Соли 209 то милод бо артиши 27500 нафара то Карфагени Нав (Картахен) расид ва бо як ҳамла ба он соҳиб гашт.
Сарлашкари ҷавон артиши римиҳоро ба тарзи Ганнибал гурӯҳбандӣ намуда, ба қисмҳои алоҳида ҳуқуқи мустақилона амалиёти ҷангӣ бурданро таъмин намуд. Баталионҳои алоҳидаи зарбазан ва хати дуюми ҷангиро созмон дод, аз бисёр усулҳои куҳнашуда даст кашид. Вақте ки Стсипион ба соҳилҳои қитъаи Африқо фуруд омад, сенати Рим ваколатҳои консулии ӯро на ба як ё ду сол, балки бемуҳлат таъйин кард. Ана ҳамин тактика ба Рим имкон дод, ки бар Карфаген ва баъдтар бар Македонияю Сурия ғалаба оварад.  
Аммо то ин вақт Ганнибал дар солҳои 208 – 207 то милод чанд консулу лашкаркашҳои римиро шикаст дод. Стсипион бо артиши дар рӯҳияи нав тарбияёфтаи худ соли 205 то милод ба Карфаген наздик омад. Тирамоҳи соли 203 то милод Ганнибал бо артиши боқимондааш баъди юришҳои 16 солаи худ аз Италия ба ватан ба Карфаген баргашт, то онро муҳофизат намояд. 
Тобистони соли 202 то милод Ганнибал бар зидди римиҳо лашкар кашид. Артиши Рим дар соҳилҳои дарёи Баградас мавқеъ дошт. Ҳар як сарлашкар, агар ба ҷойи Стсипион мебуд, ҳатман ба нимҷазираи Утика ақиб менишаст, вале ӯ ба пешвози душман баромад. Ин муҳорибаи ду артиши 35 ҳазор нафара 19 октябри соли 202 то милод дар назди Нарагара ба вуқӯъ пайваст, вале дар таърих бо номи муҳорибаи назди Зам машҳур аст.
Ганнибал барои фиреб додани савораҳои римиҳо ҳилаеро кор бурд ва дар аввал каме ба муваффақият даст ёфт, вале сипаҳсолори ҷавон зуд аз макри душман воқиф гашта савораҳоро ба имдоди пиёдагардҳо фиристод ва дар ин муҳорибаи хунин ғалаба кард.
Далел рӯ ба рӯ меистод: устод – Ганнибал – дар симои Стсипион шогирди сазовор ёфт ва аз ӯ шикаст хӯрд, ки дигар ба худ наомад. Сарлашкари римӣ дар ҳамин муҳориба лақаби Стсипиони Африқоӣ гирифт. 
Рим барои 600 соли оянда ҳуқуқи ҳукмронӣ дар баҳри Миёназаминро соҳиб гардид.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 1121

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед