logo

иқтисод

СОДАГАРДОНИИ РАСМИЁТИ ГУМРУКӢ БА РУШДИ СОДИРОТ МУСОИДАТ МЕКУНАД

Хадамоти гумрук бо мақсади мусоидат ба рушди содироти мамлакат ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо дигар кишварҳо дар доираи салоҳияти худ ҳамкориро бо субъектҳои соҳибкорӣ тақвият бахшида истодааст. Дар ин росто риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт мутобиқи талаботи  Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Хабарнигори “Ҷумҳурият”  вобаста ба фаъолият ва содагардонии расмиёти гумрукӣ дар  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардорони  раёсатҳои ташкили назорати гумрукӣ Ҷамшед Абдуқодиров ва батанзимдарории тарифӣ ва назорати арзӣ Иззатулло Зайдуллоев ҳамсуҳбат шуд.

Ҷамшед Абдулқодиров:
- Мавриди зикр  аст, ки бо дарназардошти уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо ва ташкилотҳои ҳамгироӣ ва ба мақсади беҳбудии сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, аз ҷониби Хадамоти гумрук як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.
Тибқи  тағйиру иловаҳо ба моддаи 131 - и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми декларатсияи мол, аз 10 номгӯй ба 5 то кам карда шуд.
Тавре маълум буд, қаблан соҳибкорон зимни гузаштани расмиёти содиротию воридотӣ монеаҳои зиёдро паси сар мекарданд,  дар масъалаҳои барасмиятдарорӣ  баъзан саҳлангорӣ ҷой дошт ва шаффофият дида намешуд. Ҳоло тавассути андешидани чораҳо, аз ҷумла таъсиси системаи  Равзанаи ягона оид ба амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома доранд.
Айни замон, ба расмиёти содагардонидашуда дар ҳамаи гузаргоҳҳои автомобилии наздисарҳадӣ  принсипи “Истгоҳи ягона” ба роҳ монда шудааст ва он имкон медиҳад, ки назорати молу воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар асоси технологияи нав ва муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба амал бароварда шавад.

Иззатулло Зайдуллоев:
- Дар мавриди татбиқи имтиёзҳои тарифию андозӣ дар фаъолияти иқтисоди хориҷии субъектҳои хоҷагидор зикр намудан лозим аст, ки    қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорию фаъолияти соҳибкорӣ ва тақвият бахшидан дар гардиши савдои хориҷӣ як қатор имтиёзҳои тарифию андозиро пешбинӣ намудааст.  Аз ҷумла, тибқи муқаррароти қисми 4 моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сархати 4 қисми 4 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ,  таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти таркибии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2012 то 4 моҳи соли 2016 бо истифода аз имтиёзҳои тарифию андозӣ аз ҷониби бахши хусусӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 312,3 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ворид гардида, пардохтҳои гумрукии он ба 385,8 миллион сомонӣ баробар мебошад.

Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 517

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед