logo

иҷтимоиёт

ҶАНГҲОИ ИТТИЛООТӢ. КӮДАКОНАМОНРО АЗ ОН ЧӢ ГУНА ЭМИН НИГОҲ ДОРЕМ?

Пахши хабарҳо аз майдони ҷангу ҳаводиси разм тавассути воситаҳои ахбори омма, суханҳои «қатлу куштор ва таркишу вайрон кардану сӯзондан» ба зеҳни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Мушоҳида кардем, ки кӯдакон  аз саҳнаҳои ҷанги шабакаҳои телевизион «пайравӣ» мекунанд. Рӯзе кӯча баромадам. Кӯдакони маҳал чун ҳарвақта саргарми бозӣ буданд. Аз аввал банди хаёли худ ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир накардам. Вале вақте номҳои Йигит ва Пӯлод Алемдорро шунидам,  таваҷҷуҳам бештар шуд. Пӯлод ва Йигит қаҳрамонони филмҳои бисёрсериягии туркӣ ҳастанд ва ин филмҳо барои тамошобини калонсол пешбинӣ шудаанд.
Йигит ва ҳамроҳонаш ҷинояткоронро  «боз дошта мепарронданд» ва Пӯлод Алендор бо дастааш кӯдаконро «аз таркиш наҷот медод…». Ин бозии кӯдакон дар зери таъсири кинофилмҳои хориҷиест, ки натиҷаи манфӣ ба бор овардааст.
Дар як барномаи иттилоотӣ ва таҳлилӣ ровӣ 6 маротиба мегӯяд, ки «кӯдаконро куштанду зиёда аз 50 нафарро сар аз тан ҷудо намуданд» ва ҳамон саҳнаи «сар аз тан ҷудо кардан ё паррондан» такрор ба такрор намоиш дода мешавад. Албатта, пахши саривақтии ахбор, новобаста аз муҳтавояш, рисолати васоити ахбори омма, аз ҷумла телевизион аст ва пахши хабару гузоришҳои «гарм» набояд ҷойи тааҷҷуб бошад. Мақсади мо ин аст, ки тамошои телевизион ва дастрасии сомонаҳои интернетӣ барои кӯдакон дар доираи синну солӣ бояд аз ҷониби волидайн назорат ва маҳдуд карда шавад. Агар ҳар оила имкони таъмини фарзанд бо телевизори алоҳида набошад, пас соатҳои муайян аъзои оила назди телевизор бояд ҷойҳои худро иваз намоянд, ки ин ба манфиати кор аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки кӯдаки мактабхон сериалҳои беохири хориҷиро ҳамроҳ бо калонсолони хона соатҳои дароз тамошо кунад.
Мутаассифона, дар мо ҳоло ҳазм ва таҳлилу баҳогузории дурусти ахбори пешниҳодшуда расм нагаштааст. Инро аз хона оғоз намуда, дар мактаб ва коллеҷу донишгоҳҳо бояд такмил диҳем. Ҳар як кӯдак бояд утоқи алоҳида ва боназардошти шароит телевизори худро низ дошта бошад. Вобаста ба ин, бояд фарҳанги истифодабарӣ аз воситаҳои ахбори омма низ ба бачагон омӯзонда шавад. Дар ин роҳ бояд аз дастрасӣ ба барномаҳои кӯдаконаи радиою телевизион (каналҳои филмҳои тасвирӣ) оғоз намуда, то ба барномаҳои таҳлилӣ тафаккури бачагонро инкишоф диҳем.  Маҳмадулло Давлатов, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки «масъалаи ташаккулу шахсияти инсон  масъалаи муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Шабакаҳои телевизионӣ ҳам дар ин масъала яке аз нақшҳои калидиро доранд. Зеро кӯдакон фардияти такрорнашавандаанд. Ҳеҷ кӯдак ба дигараш монанд нест ва муносибати махсусро талаб мекунад». Телевизиони «Би - би - си» иттилоъ дод, ки дар натиҷаи тадқиқот таъсири муассири тамошо ва истифодаи бозиҳои компютерии «саҳнаҳои ҷангу разм» ва таъсири онҳо рӯҳи шинохт ба тарбияи кӯдакон исбот шудааст. Кӯдакони мо низ дар бозиҳои компютерӣ аз ҳамсолони ғарбии худ «кам» нестанд. Соатҳо пушти компютер бозиҳои ҷангиро «тамрин»-у тафреҳ мекунанд. Маҳмадулло Давлатов дар тасдиқи ин андеша иброз дошт, ки «дар тафаккур ва ҷаҳонбинӣ кӯдакони имрӯза фарқ мекунанд. Зеро муҳит ҳам онҳоро тарбия мекунад. Барои ин давраи синну сол дастурҳои гуногуни психологӣ ё методии таълимӣ барои волидон пешниҳод шудааст ва бевосита метавонанд аз онҳо истифода баранд. Агар онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, бовар аст, ки ба ҳадафи аслӣ мерасем ва бачаҳои мо дунболи бозиҳои компютерии «ҷанг» ва тамошои саҳнаҳои «қатлу куштор» - и телевизионӣ камтар мераванд».
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 494

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед