logo

фарҳанг

ҚОЛИНБОФӢ: ПЕШРАФТИ ТЕХНОЛОГИЯ НИШОНАИ РУШД АСТ

Қолинбофӣ яке аз ҳунарҳои анъанавии мардуми тоҷик аст. Он дар  Эрон ва Чину Ҳиндустон  низ маъмул буд. Таърихнигорон тахмин мезананд, ки тақрибан ду ҳазор сол  қабл дар ҳудуди Осиёи Марказӣ  қолинҳо бофта  мешудаанд. Онҳо дар аввал якранг ва бепат буданд ва маъмулан барои  гарм нигоҳ доштани хонаҳо  истифода мешуданд.  Баъдан одамон қолинро  бо нақшу нигор ва рангҳо ороста, барои ороиши хонаҳо ҳам ба кор мебурдагӣ шуданд.

Он ки имрӯз хонаҳои худро бе қолин ҳатто тасаввур кардан намехоҳем мерос аз ниёгонамон аст. Вале боре аз худ пурсидаем, ки ин зебоӣ чӣ сон омода шудаву чӣ дастҳое дар бофтани онҳо заҳмат кашидаанд? Ва, умуман, мо дар бораи қолинҳо чӣ медонем? Ба ин савол Абдуқаҳҳор  Ҳамдамов, қолинбоф аз шаҳри Истаравшан,  дар суҳбат  бо мо чунин гуфт:
 -  Дастгоҳи  қолинҳои анъанавӣ аз  чӯб сохта шуда,  пояҳои чап ва рост, гулаҳои  болоӣ ва поёнӣ, гула, кашак, тахтаи нишаст, нардбончаҳо, шадда ва тахтаи нишаст қисмҳои асосии он маҳсуб меёбанд.  Олоти кории устои қолинбоф  корд, шона, қайчӣ ва сӯзан  мебошад. Қолинҳо вобаста  ба тарзи истеҳсол бофташуда, дӯхташуда  ва гулдор мешаванд. Барои бофтани қолинҳо  аз ресмонҳои пашмӣ, пахтагин, патдор  ва нахи сунъӣ  истифода мебаранд. Аксар қолинбофон аз ресмони пахтагин истифода  мебаранд, чунки он аз ҷиҳати сифат  ва коркард барои бофтани қолин хеле мувофиқ  аст. Ресмони абрешимӣ  ҳам дар қолинбофӣ васеъ истифода мешавад. Ресмони аз пашми гӯсфанд таҳияшуда як андоза ноҳамвор буда, барои бофтани  қолин душвортар аст. Дар деҳот, қолинбофони маҳаллӣ, асосан аз пашми бузу гӯсфанд истифода мебаранд. Дар баъзе  минтақаҳо  аз пашми шутур низ қолин мебофанд.  Тор, пуд, печаки паҳлуӣ, тур, пӯпак ва тугун ё гиреҳ унсури асосии қолинбофӣ ба шумор мераванд. Тор ресмоне  мебошад, ки ба таври даврашакл  аз рӯи гирди гулаи  боло ва поён  кашида мешавад. Онро маъмулан аз пашми гӯсфанд тайёр мекунанд. Пуд аз байни тор, аз  қисми дарунӣ ва берунии он гузашта, ду бари қолинро ба ҳам пайваста, гиреҳҳои аз пашм бофтаро нигоҳ медорад. Тугун (гиреҳро) - ро  бо пашм аз байни торҳо гузаронда, бо воситаи корд, аз тарафи берун, аз дарозии пашм интихоб карда, бурида мешавад. 
Дар қолинбофӣ чор навъи гиреҳ маъмул аст: гиреҳи форсӣ, гиреҳи туркӣ, гиреҳи форсии  ҷуфтӣ ва гиреҳи туркии  ҷуфтӣ. Ба печаки паҳлуӣ қисмҳои чапу рости қолин ҳамроҳи пуд  ба қисми дарунӣ  ва берунӣ печонида мешавад, он тарафҳои  қолинро  мустаҳкам мегардонад. Тур дар аввал  ва охири  қолин ҷой мегирад. Вазифаи тур нигоҳ доштани  пуд ва пати қолин дар аввалу охир мебошад ва он як чанд қатор бофта мешавад. Пӯпак дар охир, баъди ба поён расидани бофтани  қолин, сохта  мешавад. Қолинбоф торҳои боқимондаро  бурида,  панҷ – шаш тояшро  якҷоя карда,  пӯпак мебофад. Дар шароити муосир, бо сабаби рушд ёфтани санъати қолинбофӣ, автоматикунонии меҳнати дастӣ, таъсиси корхонаҳои бузург ва бо иқтидори калон истеҳсол намудани анвои қолинҳо, қолинбофии дастӣ, ки барои мардуми мо аз ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, рӯ ба инқироз овардааст. Ҳатто дар шаҳрҳои  Хуҷанду Истаравшан, ки ватани таърихии ин навъи санъат аст, имрӯз ин тарзи қолинбофӣ аҳён - аҳён мушоҳида мешавад. Пешрафти технология нишонаи рушд аст, вале чӣ аз нигоҳи сифат ва ҳам аз назари зебоӣ ҷойи ҳунари дастиро гирифта наметавонад.
Сарвиноз  ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 621

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед