logo

иҷтимоиёт

АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. КАМБУДИҲОИ ҲАЛТАЛАБ КАМ НЕСТАНД

Бо назардошти тағйирёбии мунтазами боду ҳаво дар кишвар миёни аҳолӣ, хусусан сокинони пойтахт, баҳсу мунозираҳо атрофи дақиқияти пешгӯии вазъи обу ҳаво ба мушоҳида мерасад. Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба самти фаъолияти Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ ва дақиқияти пешгӯии вазъи обу ҳаво ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин иттилоъ дод: 
- Маркази обуҳавосанҷии агентӣ дорои 5 шуъба - се шуъбаи таъҷилии  коркарди маълумот буда, пешгӯии боду ҳаворо дастраси соҳаҳои мухталифи ҷомеа мегардонад. Пешгӯӣ асосан ба таври консултативӣ (маслиҳатӣ) сурат гирифта, 70 дарсади дурустии вазъи боду ҳаворо дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин, Агентии обуҳавошиносӣ дар навбати худ корҳои фаҳмондадиҳиро сари вақт анҷом дода, аҳолиро 48 соат пеш аз сар задани баъзе аз офатҳои табиӣ тавассути воситаи ахбори омма ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ огоҳ месозад.
Феълан дар шуъбаи пешгӯии обу ҳаво 16 стансияи обуҳавосанҷӣ бо усули автоматӣ амал мекунанд, ҳамчунин раванди насби моделҳои ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ корро дучанд осон гардонда, масъулони соҳа имкони ҳар даҳ дақиқа дастрас намудани маълумотро пайдо кардаанд. Бояд гуфт, ки то соли 2018 - ум дар агентӣ 70 дарсади асбобҳои  муосири ченкунӣ ва барномаҳои компютерӣ, ки барои пешгӯии дақиқи вазъи обу ҳаво заруранд, пурра насб мегардад. Он рӯз дур нест, ки Агентии обуҳавошиносии кишвар ба марказҳои мухталифи обуҳавосанҷии ҷаҳон шомил гардад. Мушкилоти асосӣ кам будани шумораи кадрҳои баландихтисос мебошад. Албатта, дар агентӣ кормандон хеле зиёданд, вале дар қатори онҳо мутахассиси воқеан касбӣ ва пуртаҷриба ангуштшумор аст. Махсусан, шуъбаи умумӣ, ки ба таҳлил ва ҷамъоварии маълумоти обуҳавосанҷӣ машғул аст, ба мутахассиси баландпоя эҳтиёҷ дорад. Дар шуъбаи обшиносӣ ва обуҳавосанҷии кишоварзӣ (агрометеорология) низ мутахассиси касбӣ намерасад. Вазъ дар шуъбаи обуҳавосанҷӣ бо назардошти фаъолияти мутахассисони соҳибтаҷриба беҳтар аст. Бо мақсади такмили ихтисос, шиносоӣ бо моделҳои нави ҷаҳонӣ ва системаҳои коркарди маълумотҳо агентӣ кормандони худро ба давлатҳои пешрафта равон менамояд. Масалан, мо, кормандони соҳа, соли 2007 ба Олмон сафар доштем ва бо маркази пуриқтидори  аврупоии обуҳавосанҷӣ, ки барои тамоми ҷаҳон пешгӯии обу ҳаворо тайёр мекунад, аз наздик шинос шудем. Баъд аз бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар ин марказ Агентии обуҳавошиносӣ ҷиҳати дуруст ва сари вақт пешгӯӣ намудани вазъи обу ҳаво нуфузу эътибори бештар пайдо кардааст. 
О. ВАФОБЕКЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 399

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед