logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ БАДАХШОН

Нуздаҳ сол пеш, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи кишвар баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ  ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро  имзо карданд. Ин санади таърихӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод, ба халқи тоҷик рӯҳи нав бахшид ва дар сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум нақши калидӣ бозид. Бо имзо шудани созишномаи сулҳ давлати соҳибистиқлоли мо ҳувият ва ҳастии хешро дубора ҳифз кард ва ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддун ва фарҳанги бостонӣ буда, муҳимтарин муқаддасоти хешро Ватан медонад.

Бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгирии  ҳамарӯзаи  Ҳукумати мамлакат  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ мисли дигар  минтақаҳои кишвар зери  парчами Ваҳдати миллӣ  рушд ёфта,  босуръат тараққӣ кард. Ҳанӯз 16 июли соли 1993, Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти рақами 341  «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи  иқтисодию сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба тасвиб расида буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ҷараёни сафари нахустини худ ба Бадахшон ба мардуми шарифи вилоят муроҷиат  намуда гуфта буданд:  «Ман  аминам, ки  Шумо  Бадахшонро  ба яке  аз  муҳимтарин марказҳои  тиҷорат  ва  саёҳати  байналмилалии Тоҷикистон  табдил  медиҳед  ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон тайёр аст, барои  ба ин  мақсад  ноил гардидан  кумаки зарурии  худро  расонад».  Воқеан, барои амалӣ  сохтани роҳнамоиҳои дурандешонаи Сарвари давлат  аз  ҷониби  Ҳукумати  мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  баҳри рушди  тамоми  соҳаҳо,  бахусус бунёди  роҳу пулҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои  маориф, тандурустию фарҳангӣ,  бо  вуҷуди мушкилоти молиявӣ, заминаи  воқеӣ  гузошта шуд  ва дар  як муддати  кӯтоҳ корҳои зиёде ба анҷом расиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз соли 1995, баъди  омӯзиши вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тараққиёти иқтисодӣ - иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба тасвиб расид ва дар заминаи ин санад  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 1995-2000» - ро  таҳия намуд. Баъдан, соли 2006 бо супоришу дастурҳои Пешвои миллат  ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии сокинони ВМКБ, рушди соҳибкории хурду миёна ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани шароит барои фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» тарҳрезӣ гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. 
Соли 2007 ҷиҳати суръат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагию некуаҳволии сокинони вилоят бо фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар солҳои 2007-2010” қабул гардид, ки дар доираи он тайи чор соли охир 40 иншооти ниҳоят муҳими  соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 107 миллион сомонӣ  бунёд ва барқарор гардида,  мавриди истифода қарор гирифт. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015  барои амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ - Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015”  мусоидат намуд. 
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми вилоят марҳалаи нави тараққиёт оғоз ёфт. Навбати якуми Неругоҳи барқи обии “Помир - 1” (соли 1995) ба истифода дода шуд. НБО - и Андарбак дар  соли ҷашнгирии 1100 - солагии Давлати Сомониён бунёд гардид, ки он водии Ванҷро мунаввар сохт. Пешвои миллат  зимни  ифтитоҳи ин неругоҳ чунин изҳор доштанд: «Ба вуҷуд омадани Неругоҳи хурди барқи обии Андарбак на фақат натиҷаи меҳнати пурсамари сохтмончиён, балки ҳамчунин намунаи хуби ҳамкории бомуваффақияти ҷумҳурӣ бо сармоягузорони хориҷӣ мебошад». Сипас, Сарвари давлат ҳадафи таҷлили ҷашни Сомониёнро  - “Таҳкими бинои дӯстӣ ва ваҳдат дар мамлакат, тарбияи наслҳои минбаъда дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба гузаштаи миллати хеш” арзёбӣ намуданд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 феврали соли 2009, таҳти № 73  “Оид ба Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2009-2020” дар ҳудуди ВМКБ сохтмони шонздаҳ НБО-и хурд ба нақша гирифта шудааст.
Вазифаи стратегии мамлакат дар бобати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба Бадахшон робитаи мустақим дорад, зеро қисми зиёди ҳудуди вилоят бо кишварҳои хориҷӣ ҳамсарҳад буда, ташкилу такмили тиҷорати берунӣ ба он робитаи зич дорад ва ин омили муҳими пешрафти иқтисод ба ҳисоб меравад. Ба таври дигар гӯем, Бадахшон пайвандгари Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояи ҷануб ва шарқи Тоҷикистон гардидааст ва дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин менамояд.
Дар вилоят рушди соҳаи роҳдорию роҳсозӣ ба тадриҷ вусъат ёфта, дар ин самт комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд, ки баҳри таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва рушди тиҷорати дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Моҳи ноябри соли 1998 роҳи автомобилгарди Мурғоб - ағбаи Кулма кушода шуд, ки натиҷаи кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи роҳсозон буд. Соли 1999 роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб ифтитоҳ гардида, ду вилояти калонтарини Тоҷикистонро ба ҳам пайваст намуд.  Ин роҳ дӯстию ваҳдатро боз ҳам қавитар намуда, ба роҳи фаровонӣ ва боигарии Тоҷикистон табдил ёфт. 
Моҳи ноябри соли 2005 қитъаи роҳи Шкев - Зиғар ба истифода дода шуда, корҳо дар қитъаи Шоҳон - Зиғар оғоз ёфтанд. Сохтмони роҳи автомобилгарди Зиғар - Хостав - Шкев, Шоғун - Зиғар, Кӯлоб - Қалъаихумб, Шӯрообод - Шоғун ва ғайра бо мусоидати созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои хориҷӣ навсозӣ гардиданд. Мавриди истифода қарор гирифтани шоҳроҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Кӯлоб - Хоруғ - Кулма, барқарор гардидани тиҷорат бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва таъсиси гузаргоҳҳои гумрукию бозорҳои наздисарҳадӣ бо вилояти ҳаммарзи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба вазъи  соҳибкорӣ  дар  вилоят беҳбудӣ  бахшида, ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфт ва дар ин замина таваҷҷуҳи сармоягузорон ба вилоят зиёд гардид.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат  зикр гардид, ки дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар бобати бунёди роҳҳои минтақаҳои гуногуни Бадахшон вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.  Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардондани роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Қалъаихумб - Хоруғ - Кулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он - Кӯлоб - Шӯрообод ва Шкев - Қалъаихумб ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии он беш аз 800  миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои омодасозии лоиҳа барои оғози таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ ба масофаи 110 километр бо арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ идома дода мешаванд. 
Баҳри таъмини дастрасии иттилоотии саривақтӣ дар қаламрави вилоят хати магистралии нахи нурӣ (ба ғайр аз ноҳияи Ишкошим) бо мусоидати ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ, аз ҷумла «Тсеел», «МЛТ», «Билайн», «Вавилон» ва «Телеком технолоҷӣ» дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳои вилоят мавриди истифода қарор гирифта, шароити истифодаи «Интернет» ва «Почтаи электронӣ» низ фароҳам оварда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳоли ҳозир  дар вилоят як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои таҷдиди маориф, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин,  тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо, барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ, таҳкими гумрук ва рушди инфрасохтор татбиқ гардида  истодаанд.  Инчунин, дар дурнамо оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар солҳои 2016-2017,  татбиқи лоиҳаҳои зерин пешбинӣ шудаанд: сохтмони неругоҳҳои барқи обии  Пастхуф, Санобод, Язгулом, ташкили корхонаи муштарак оид ба коркарди мармар дар заминаи корхонаи Лаъли ноҳияи Шуғнон,  коркарди кони шпинели асил дар кони кӯҳи Лаъли ноҳияи Ишкошим, ташкили корхонаи муштарак дар заминаи кони Икари ноҳияи Рӯшон, таҷдиди фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ва ташкили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ. Дар бунёди ин иншоот соҳибкорон саҳми арзанда мегузоранд.  Зимнан, бояд зикр намуд, ки соҳибкорони вилоят аз ҷониби давлат дастгирӣ мешаванд. Соли 2015 ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ВМКБ ба 625 нафар соҳибкор 1,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Ба фаъолият  шурӯъ  намудани  бозорҳои  наздисарҳадӣ ба рушди  тиҷорати байни Бадахшони Тоҷикистону  Бадахшони Афғонистон заминаи воқеӣ  фароҳам овард. Ҳоло дар вилоят чор бозори  наздисарҳадӣ дар мавзеъҳои Рузвай (Дарвоз),  Тем (шаҳри Хоруғ), Ишкошим (ноҳияи Ишкошим),  Хумроғӣ (Ванҷ)  фаъолият дорад.  Дар ин бозорҳо муштариёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя, дар асоси анъанаҳои неки бародарӣ, дар рӯзҳои муайяншуда ба савдо ва табодули маҳсулоти мухталиф машғул ҳастанд.  Бо назардошти он ки савдои сарҳадӣ дар иқтисоди ҳарду кишвар хеле муҳим ва манфиатбахш аст, бо мақсади ташкили нуқтаҳои тиҷоратии наздисарҳадии нав дар мавзеъҳои Лангари ноҳияи Ишкошим, Гунҷибойи ноҳияи Мурғоб бо қарори  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо қитъаи замин ҷудо шуда, корҳои ташкилӣ идома доранд.  Дар минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” корҳои муқаддамотӣ анҷом ёфта, объектҳои инфрасохторӣ бунёд гардидаанд.
Дар вилоят мардум ба илму маориф таваҷҷуҳи зиёд доранд. Танҳо дар соли гузашта  ду дастпарвари мактаби  деҳаи Ширговати ноҳияи Ванҷ сазовори  стипендияи  президентӣ гардида, ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва факултаи геологияи Донишгоҳои миллӣ таҳсил менамоянд. Ҳамасола тариқи квотаи президентӣ то 150 нафар хатмкунандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои олии кишвар дохил мешавад.  Аз соли 1997 то инҷониб 1650 нафар аз ин имтиёз баҳравар гардидаанд, ки қариб 1000 нафараш духтарон мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ба шарофати ваҳдати миллӣ барои ободонии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастуру супоришҳои мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҳамаи манбаъҳои  маблағгузорӣ беш аз 6 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли оянда дар доираи барномаҳои рушд татбиқи 1439 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Як нуктаи муҳими дигарро бояд зикр намуд, ки бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат оқибатҳои офати табиати соли гузашта дар Бадахшон бартараф гашта, ба аҳолии зарардида ёриҳои моддӣ расонда шуданд. Аз ҷумла, оилаҳои манзили зисташон хароб ё  қисман харобшудаи  деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва Бердибекобод бо хонаҳои навбунёд таъмин шуданд. Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои осебдидагон деҳаи нав бунёд гардид ва он бо пешниҳоди сокинон Раҳмонобод номгузорӣ шуд.
Бо ибтикори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки  соли 2016 таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  баргузор гардад. Барои дар сатҳи баланд гузарондани тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилоят нақшаи чорабиниҳо таҳия ва 13 январи соли 2016  аз тарафи Президенти мамлакат тасдиқ гардид.
Чорабиниҳои идона аз моҳи март то июни соли равон баргузор гардиданд. Корвони ваҳдатгустари китоб дар шаҳру навоҳии Бадахшон, рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон, рӯзҳои вилояти Хатлон дар Бадахшон, фестивали ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон», конфронси илмӣ оид ба «Нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ», мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, фестивали «Навои Бадахшон», маҳфили адибони тоҷик таҳти унвони «Диёри ваҳдатофаринам», фестивали фарҳангӣ - сайёҳии байналмилалии «Боми ҷаҳон», конфронси ҷумҳуриявии «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои идона мебошанд.
Ҳамин тавр,  анъанаи баргузории  ҳарсолаи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар вилояту шаҳрҳои ҷумҳурӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, бо мақсади тақвияту густариши ваҳдати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлоливу ифтихори ватандорӣ, ободу зебо намудани гӯшаҳои диёри азизамон тарҳрезӣ гардидаанд,  имкон медиҳанд, ки садҳо иншооти муҳими дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гашта, рушди устувору баробари минтақаҳои Тоҷикистон таъмин гардад.

Худобердӣ  ХОЛИҚНАЗАР,
директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 643

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед