logo

сиёсат

РЕШАПАЙВАНДИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ, моҳият ва арзиши он барои тоҷикон қутбнамоест, ки дар заминаи он мо ба марҳилаҳои нави барқарорсозӣ, пешрафту тараққиёт ва ободонии Ватани   азизамон рӯ меоварем. Мо, ки ҳамасола 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мекунем, нақши ин санаи фархундаи таърихӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти кишварамон беш аз пеш барҷаста намоён мешавад. Махсусан  нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамтост. Мо шоҳид ҳастем, ки аз соли 1992, вақте ки дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI  Шӯрои Олӣ ин фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат по ба арсаи роҳбарии давлат ниҳод, чӣ гуна ин шахсияти таърихӣ барои аз вартаи ҳалокшавӣ баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии кишвар, ба ҳам овардани гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурд. Маҳз ба шарофати ҷуръату матонати  беандоза, масъулияти баланди ватандорӣ ва талошҳои пайгиронаи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи мо пазируфта шуд ва он чеҳраи Пешвои миллатро ба сифати шахсияти неруманди майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор намуд. Чеҳра ва симои Президенти мамлакат воқеан, беҳтарин намунаи чеҳраи миллӣ ва олитарин намунаи тоҷикият аст. Сулҳу Ваҳдати деринтизор   тавассути ин марди майдони сиёсат дар сарзамини азияткашида ба ҳам омаданд. Маҳз ҳамин сипаҳсолори сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки ҷони хешро дареғ надошта, паи кашфи сулҳ қаламрави ҷумҳуриро гашта, марзи чандин давлатҳои хориҷиро убур намуда, бо хатарҳо рӯ ба рӯ шуда, гом барои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии тоҷикон бардошт. Маҳз ҳамин ҷонфидоии Роҳбари давлатро воситаҳои ахбори омма ба мардуми Тоҷикистон бо тамоми нозукиҳояш мефаҳмонд. Сулҳу Ваҳдат чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти халқ маҳсуб меёфтанд. Аз ҳамин чашмаи сероб ҳама ташнагӣ шикастан мехост. Шук, он рӯз ҳам фаро расид. Рӯзи саид ва мурод буд он рӯз!  ВАО - и тоҷик хизмати шоистае дар тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат кард. 
27 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ба муносибати ба имзо  расидани  Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон   дар шаҳри Маскав аз тариқи телевизион ба мардуми ҷумҳурӣ бо муроҷиатнома баромади пурмуҳтавое  намуд. Суханронии Сарвари давлатро  даҳҳо, садҳо, миллионҳо мардуми тоҷик чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ  берун аз он тамошо карданду шодию сурури онҳо ҳадду каноре надошт. Сулҳи деринтизор ба гӯшаю канори  Тоҷикистони азияткашида  расид. Ин нишот халқро  барои фардои  гулгулшукуфии  Ватан ҳидоят намуда, ҷиҳати  таъмини  якпорчагии Тоҷикистон мусоидат кард.
Ҳамон рӯзи таърихӣ тамоми ВАО - и ватанӣ ва хориҷӣ ба хонандагону  бинандагон  ва шунавандаҳои  худ  аз  ин  рӯзи  тақдирсоз барои халқи тоҷик хабар доданд.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ 27 июни соли 1997 бахшида ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карда, ҳамаи тоҷикистониёнро даъват намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар,  Эмомалӣ Раҳмон – сиёсати таъмини сулҳу оромӣ ва пешрафту инкишофи Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибихтиёрро дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани он саҳми арзанда гузоранд. Муроҷиатнома ба воситаи рӯзномаву  маҷаллаҳо, радиою телевизион ба халқи кишвар расонда шуд. Онро мардум хуш пазируфт, дар амалӣ гаштанаш заҳмати зиёде кашид.  
7 июли соли 1997 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Сарвари давлат дар оғози маҷлис ба ҷомеаҳои коллективӣ, корхонаю ташкилотҳо, масъулони сохторҳои ҳокимияти иҷроия барои дастгирии сиёсати Президент ва Ҳукумат барои расидан ба оштии миллӣ арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ  саҳифаи нав дар таърихи халқи тоҷик мебошад.
14 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Оид ба тадбирҳои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба тасвиб расонд. 
Тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ба воситаи рӯзномаю маҷаллаҳо, радиою телевизион сурат гирифт. Ҳанӯз дар як баромади Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият»,   чоп карда буд, омадааст:
«Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд…»
Ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ халқи тоҷик аз парокандагӣ эмин монд. Фарзандони фарзонаи миллат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз парокандагӣ, Ватанро аз хатар, халқро аз хорию залилӣ берун оварданд. Садои сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистони азиз, ҳифзи истиқлолият, баҳамоии халқи тоҷик ҳанӯз аз суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сесияи XYI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб ҳамчун пайки баҳорӣ ба халқи тоҷик ба воситаи телевизион ва радио, рӯзномаҳо расонда шуд. Ин баромад халқро умедвор мекард, ки рӯзе ба сулҳу субот мерасад. Баъдан дар баромади Сарвари давлат, таъкид ёфт: «Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали иҷлосияи XYI  пуштибонии халқи азизамонро аз роҳи интихобкардаамон, ки таъмини сулҳу  субот ва  муттаҳидии  миллат, ҳифзи  якпорчагии  Ватани азизамон буд, эҳсос намудем…»
Бояд гуфт, ки дар фарорасии ин рӯзи таърихӣ саҳми ВАО  хеле бузург буд.
Дар инъикос кардани масъалаҳои сулҳу ваҳдат ва расидан ба мақсадҳои олӣ, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши матбуоти даврӣ калон аст. Рӯзноманигорони тоҷик асолати касбии худро, воқеан, дар назди Ватан ва халқ иҷро карданду мекунанд. Ба муносибати 100 -  солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба он доштанд, ки:  «Имрӯз матбуоти тоҷик ба манфиатҳои миллӣ наздик шудааст…». Манфиатҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии тарғибу ташвиқ дар ВАО аз тарафи рӯзноманигорон аст, ки онро доимо пайгирӣ менамоянд. Рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда», «Вароруд», «Нилуфар», «Ҳақиқати Кӯлоб», «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Бадахшон» ҳафтаномаҳои «Чархи гардун», «Нигоҳ», «Фараж», «Миллат», «Тоҷикистон», «Озодагон»,  рӯзномаҳои ноҳиявӣ, бисёртиража дар инъикоси масъалаҳои сулҳу ваҳдат  саҳм дошта, матолиби ҷолибро дар қолаби жанрҳои мақола, мусоҳиба, репортаж, мухбирнома, ҳисобот, нигориш, лавҳа, хабар ба хонандагони худ расонданд. 
Имрӯз ба  саҳифаҳои  рӯзномаҳои  солҳои  пешин  назар афканда, мебинем, ки рӯзноманигорон ҳодиса ва воқеаҳои вақт, рӯйдод, рафти ҷараёни ҳамагуна  навигариҳоро  чун  публитсист  рӯи рӯзнома оварда, сабт кардаанд, ки ин таърихи мост…
Халқи тоҷик ҳар солгарди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва  ризоияти  миллиро  дар  баробари  рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  қадр  менамояд  ва онро  ҷашн  мегирад. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст:
«Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад…».
Бигузор  ваҳдати миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мудовим бод!

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА, академик,
Аъзамҷон АЗИМОВ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 592

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед