logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ РУШД БАРГУЗОР ШУД

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои миллии рушд, ки бо иштироки аъзои Шӯро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, намояндагон ва коршиносони Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию ғайридавлатӣ баргузор гардид, масъалаҳои вобаста ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 баррасӣ шуданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд масъалаҳои стратегӣ ва ҳамзамон рӯзмарраи мамлакат, яъне таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва то нишондоди ниҳоӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатиро фаро мегирад. Бо таъкиди Сарвари давлат ҳуҷҷатҳои дар кори Шӯро баррасишаванда дар шароите таҳия мешаванд, ки вазъи ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир торафт мураккаб гардида, дар бисёр кишварҳои олам буҳрони молиявию иқтисодӣ шиддат мегирад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда, азми роҳбарияти мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти неруи инсонӣ қавӣ ва ояндадор мебошад.
Бо изҳори қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар заминаи ҳамин тадбирҳои амалишуда сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуда, буҷети солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ ё қариб 9 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ҷаласа Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Неъматулло Ҳикматуллозода муаррифӣ гаштанд. Доир ба аҳамияти ҳуҷҷатҳои муаррифишуда, ҳамчунин муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, директори Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, ҳамоҳангсози СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Хидайет Бишчевич ва директори минтақавии Бонки исломии рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳишам Маъруф баромад карданд. Шарикони рушд аз тадбирҳои то ин давра амалӣ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии хешро барои иштирок дар татбиқи амалии ҳадафҳои рушдтаъминкунандаи Тоҷикистон таъкид намуданд. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои кори имрӯзаи ҷаласаи Шӯро зимни суханронии ҷамъбастии худ Ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои давлатиро вазифадор намуд, ки дар заминаи афзалиятҳои рушди дарозмуддат барои давраи то соли 2030 ва миёнамуҳлат барои солҳои 2016 - 2020 ҳамкориҳои судмандро бо соҳибкорони ватанӣ, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайянгардида аз тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2016    №: 120    Мутолиа карданд: 500

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед