logo

фарҳанг

ХОБУ БЕДОРӢ

(Ба озмуни «Ҷумҳурият»
Шоирон дар марғзори гулпӯши канори рӯд зери сояи дарахтони тӯбо саргарми лутфу мутоиба аз розу ниёзи дунёи шеър мулоқот доранд. Шамъи анҷуман устод Садриддин Айнӣ бо сикаву сурати фохирона ба чеҳраи шуаро назар андохта, салобати бузургаш қутби рахшонро мемонад. Абулқосим Лоҳутии шакаринсухан бо раҳоварди сафар - силсилашеърҳои инқилобӣ  ғубори дилҳоро меравонад. Чи маҷлиси зебое. 

Як сӯ шоирони насли калонсол: Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Саидалӣ Вализода, Мирсаид Миршакар, Тилло Пӯлодӣ, Ғаффор Мирзо, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, аз сӯи дигар қаламкашони насли миёнсол: Муъмин Қаноат, Ғоиб Сафарзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Гулназару Ҳақназар, Раҳмат Назрӣ Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло ва ҷавоншоирон: Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона, Давлат Сафар, Муҳаммадалии Аҷамӣ… даври ҳам омадаанд. Ташнагони шеър ба суҳбати бузургон бо мароқ гӯш фаро мениҳанд.
Ба маҳфили адибон ҷафстар меравам. Ғоиб Сафарзодаро бо чеҳраи фароху нигоҳи андешамандона, ба сар тоқии чоргули тоҷикона мебинам, ки хаёлан ҳарфу ҳиҷои ҳозиронро ба мизони андеша баркашидану полудан дорад. Орзуям ин буд, ки аз устодони забардаст фотиҳаи сухан бигирам. Бо донишварони мӯътабар вохӯрда, бо тавозӯъ канор меистам ва ҳарфу ҳиҷояшонро ба дафтари ақл ва дил мекӯчонам. 
Соҳибназарон иҷоза медиҳанд, ки шогирдон чакидаҳои хомаашонро манзур созанд. Аввалан Муъмин Қаноат, сонӣ Лоиқ Шералӣ боназокат аз ҷой боло шуда, аз қаҳрамонии фарзандони диёр, қадру манзалати Модар шеърҳои дилчасп ироа менамоянд. Навбати сухан ба Ғоиб Сафарзода мерасад. Ӯ бо тамкини хосса ба ҳузури аҳли адаб шаҳомоти Ватанро месарояд. Дар мақтаи шеър  «Кишваре к-афтода буд аз пой хест, Тоҷикистони ман аст он, хурд нест!» ба дарозо кафкӯбӣ бархоста, ба чеҳраи гавҳаршиносон табассум гул мекунад. Устод Айнӣ саргӯшӣ ба Турсунзода чизе мегӯяд, ки бо таҳаммул ва ризоатмандона сар меҷунбонанд. Аз ин ҳамраъйӣ меҳру муҳаббатам ба шоирони ватандор бештар мефизояд.
Айнии фарзона перомуни тозагии забони адабии имрӯзаи тоҷик ва шеъри ноб аз «Ғиёс-ул-луғот»-у «Бурҳони қотеъ» барин китобҳои луғати кӯҳна намуна оварда, машваратро фиребову тафсон медорад. Устодони шеър дар зимни таҳлили эҷодиёти ҷанбаи миллӣ дошта аз парвози баланди мурғи илҳоми Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Ғоиб Сафарзода ёдовар мешаванд. Бо ифтихор меафзоянд, ки ин ҷавонон ояндаи адабиёти тоҷик ҳастанд. Ҳар се шоирро рӯи минбари баланд мехонанд ва…
Ҳазорон афсӯс, ки аз хоби ширин бедор мешавам, шишаи қалбамро хаданги андуҳи нишотолуда меларзонад. Таъбири ин рӯъёи зеборо меҷӯям. Шоири боҷасорат Ғоиб Сафарзода дар овоне, ки сиву ду сол дошт, бо маҷмӯаҳои «Корвони орзу» ва «Ошёни офтоб» дили ҳаводорони шеъри тоҷикиро тасхир намудааст. Ҳамоне, ки аз даргузашти шоири халқ Саидалӣ Вализода зери борони ғам гуфта буд:
Курсие холӣ ба ҳар маҳфилу базм аст ҳанӯз,
Ба умеде, ки Вализода зи дар меояд.    

Аммо ҷои худаш то имрӯз дар минбарҳову маҳфилҳои шеъри ноб холист.   Алами марги ӯ соҳибдилонро ҷигархун дошта, сари садамаи ногаҳонӣ тавзеҳот гуногунанд. Баъзеҳо инро ба ҳақиқат ҷустанаш рабт медиҳанд, ки аз маънавиёти мо дар матбуот бозсозӣ мекард. Шояд бо дастони нотавонбинҳо ё кӯрдилоне марги иҷбории ӯ корбурд шудааст. Хулосаи ҳамасронаш ин аст: навоқиси ҷомеаро рушод ва урён менигошт.
Мегӯянд, ки замони дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» фаъолият доштани Ғоиб Сафарзода эҷодкорон аз ҳамаи манотиқи кишвар гирд омада буданд. Азбаски низоми роҳбарӣ аз Марказ (Кремл дар назар аст!) идора мешуд, аксари хабарнигорон ба таъбире, белро ба равиши об давонда, аз хати қолабӣ берун по намегузоштанд. Чунки сокинони 15 ҷумҳурӣ тобеи як Иттифоқ, зери як доира мерақсиданд. Ҳар кӣ аз ҳувияти миллӣ мегуфт, бе ҷазо намемонд. Ғоиб Сафарзодаи дорои ғурури миллӣ қолабшиканӣ карду ба гирдоби ноҳақиҳо афтод.  
Устод Ғоиб Сафарзода ҳанӯз дар даврони шӯравӣ талоши истиқлолхоҳӣ дошта, дар саҳафоти рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оид ба мавзуоти ватандорӣ, хешташиносӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ бо шуҷоат хома меронд. Меҳри ӯ ба ин марзу буми аҷдодӣ беандоза буду олудасозони забони модариямонро нафрин мехонд. Ин муҳаббат боис шуду ба мавзуи доғи рӯз-риояи забони тоҷикӣ рӯи матну овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе қалам зад. Мақолаи «Таровати зиндагӣ дар зебоист!» монанди тундари ногаҳонӣ дар саросари ҷумҳурӣ ғул-ғул афканда, ба сари муаллиф ҷабри зиёд овард.
Ин шуҷоати шоир ба чашмони ҳасудакони бозингар мисли хор халида, пешпо доданаш мехостанд. Вале ӯ аз раъяш намегашт. Ашъори ӯ бозгӯи ботини ӯ буд. Шоири якрӯву якзабон ба паймонаш «Агар хоҳӣ маро ёбӣ, зи роҳи рост ҷӯён шав!» якумр содиқ монд. Ҳатто устод Лоиқ ин тезравии Ғоибро пай бурда буд, ки пас аз фавти дӯсти ҳамсолу ҳамнишинаш ғам хӯрда, бо ҳасрати беинтиҳо нигошта буд:
Гуфта будам, ки тунд марав,
Тунд рафтӣ,  бубин куҷо рафтӣ.

Дар сӯги Ғоиб Сафарзода қаламкашони соҳибҳунар хун гиристанд. Шоире, ки шарафманди миллату Меҳан буд, хеле зуд ҳамнафасонро хайрбод гуфт. Эҷодкори он солҳо ҷавон Раҳмат Назрӣ, ҳоло Шоири халқии Тоҷикистон, дар як марсияи худ аз номи Ғоиби дар истеъдод нодир ба шоми реҳлаташ пурдард мегӯяд:                      
Ағбаи Шар-шар бубахшоям, ки ман,
Дар лаби домони ту ҷон додаям,
Аз куҷо донам ба ёди ман ту дилхун мешавӣ,
Аз барои ман гиребонгири гардун  мешавӣ.

Ҳар касе ӯро як бор медиду ҳамсуҳбат мешуд, мисли ошнои садсола мешинохташ. Аз қаламкашони ҳамаи манотиқи Тоҷикистон дӯсту бародар дошт. Борҳо шунидаам, ки ҷазабаи ҳувияти волои миллӣ онҳоро ба назди устод Ғоиб Сафарзода бурда, дар ҷодаи пурзаҳмат аз ӯ шеваи суханварӣ омӯхтаанд. Бори ҷавонмардӣ ва дили поку беғубор дар ёдҳо маъво гирифтааст.
Талафи ин шоири ҷавонмарг талафи адабиёт ҳам буд. Умре дилхунам, ки чеҳраи устод Ғоиб Сафарзодаро ба серӣ надидаам. 
Э кош, ба интиҳои рӯъё мерасидам…

Сипеҳр Абуабдуллоҳи
ҲАСАНЗОД  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2016    №: 119    Мутолиа карданд: 792

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед