logo

иҷтимоиёт

ҲОЛИ ЗОР ДАР ПАРТОВГОҲИ КӮЛОБ

4 гектар замини маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб, ҳамчун партовгоҳи асосӣ расман муқаррар гардида, тамоми партовҳои шаҳр ҳамарӯза ба ин нуқта бурда мешаванд. Аз бетаваҷҷуҳии масъулон ва касодии корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ғарами ифлосӣ аз сарҳади муқарраршуда берун баромада, музоҳими рафтуои нақлиёту пиёдагардон гардидааст. Ҳангоми назар кардан ба ин манзара, вуҷуди касро нороҳатӣ фаро мегирад. Бӯи бад дилро мешӯронад. Масофаи паҳншудаи пасмондаҳо қариб 200 метрро ташкил медиҳад. Сокинони маҳалла мегӯянд, ки борҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр ва роҳбарони корхонаи фаръӣ дар ин бобат муроҷеъ шудаанд. Таассуф, ки ба додашон касе намерасад.
- Ростӣ, чанд маротиб ба масъулон шикоят бурдем, то партовро дар ҷои муқарраршуда резанд. Вале ин шикваи мо ба ронандагони партовкашон ҳеҷ таъсире накард, ҳар куҷое, ки макони холӣ бинанд, ахлотро оварда мепартоянд. Онҳо баҳона пеш меоранд, ки резини чархҳои трактор кӯҳна асту он даруни партовгоҳ даромада наметавонад. Воқеан, борҳо шоҳиди дармондани нақлиёти партовкашонӣ гардидем, - тазаккур дод Шафқат Назирмадов, сокини маҳалла. – Баробари фарорасии фасли гармо, бӯи бади ин ифлосиҳо ва анбӯҳи магасҳо тамоми хонаҳои атрофро иҳота мекунанд. Магасҳо рӯи ин ахлоттӯда мешинанду боз ба хонаҳо паҳн мешаванд. Се фарзандам мубталои маризии пӯст гардидааст. Шумораи гирифторшудагони чунин беморӣ дар маҳалла  кам нестанд. Чӣ кор карданамонро намедонем.
Қурбон Носиров, ронандаи мошини партовкашонии корхонаи фаръӣ, изҳор кард, ки «ба роҳбарияти корхона муроҷиат намудем, то барои аз канори роҳ ба дохил тела додани партовҳо техникаҳои заруриро сафарбар намояд, вале ба дардамон касе намехӯрад».
Вобаста ба ин мавзӯъ бо директори корхона мусоҳиб шудан хостем, вале ӯро дар коргоҳаш пайдо накардем. Партовгоҳ аз як ҷиҳат ба сокинони атроф халал расонад, аз паҳлуи дигар табиат ва муҳити зистро хароб мекунад. 
- Барои ҷилавгирӣ аз вайрон шудани муҳити зисти ин маҳалла чӣ тадбирҳо андешидед?  - суол намудем аз сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр.
- Як нафар сармутахассиси шуъбаро муваззаф намудаем. Ӯ мунтазам аз ҳоли ин партовгоҳ назорат мебарад. Ҳақиқатан, дар ин мавзеъ халалдор гардидани ҳифзи муҳити зист баръало ба назар мерасад.  14 - уми апрели соли ҷорӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба корхонаи коммуналӣ санад тартиб дода, 4 ронандаи нақлиёти партовкашонро ҷарима бастем. Баъди ин масъулон ин мавзеъро тоза намуданд. Мутаассифона, кунун боз партовгоҳ ба ҳоли табоҳ гирифтор шудааст, - гуфт Саъдулло Неъматов, сардори шуъба.
Ҳолдонҳо мегӯянд, сабаби дер пардохтани маоши кормандон, фарсудаю корношоям гардидани таҷҳизоту нақлиёт, суст фаъолият намудану дар мушкилот «фурӯ» рафтани корхонаи фаръии манзилию коммуналӣ  бемаблағию поин рафтани иқтисодиёти корхона аст. Пас, кӣ бояд фикри партовгоҳи лабрези ахлоту сокинони маҳаллаи атрофи онро бикунад?
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2016    №: 119    Мутолиа карданд: 515

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед