logo

иқтисод

"АПРЕЛЕВКА". ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ЯК КОРХОНА

Корхонаҳои коркарди маъдан ва маҳсулоти ниёзи аввали Гулистон (собиқ Қайроққум) - шаҳри рушдёфтаи саноатӣ дар пешрафти иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ  нақши назаррас доранд. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхонаҳои шаҳр тайи моҳҳои сипаришудаи соли равон назаррасанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 қариб 140 миллион сомонӣ зиёд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. 
  
«АПРЕЛЕВКА» - РУШДБАХШИ КОНСОЙ
Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка» аз ҷумлаи манбаъҳои рушдбахши шаҳраки Консой маҳсуб меёбад, зеро ба шарофати корхона  зиёда аз 880 нафар сокини шаҳрак бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъминанд.
Моҳи апрели соли 1996 бо талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор даровардани коргоҳҳои истихроҷу коркарди маъдани тилло дар шаҳраки Консой  ширкати бонуфузи канадагии  «ГАЛФ ИНТЕРНЕШНЛ МИНЕРАЛЗ ЛТД» ҷалб гашт, ки «Апрелевка» номгузорӣ шуд. Тасмим гирифтанд, ки корҳои ҷустуҷӯию иктишофӣ дар заминаи  такя ба технологияи пешқадами муосир, ворид кардани техника ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, истихроҷ ва коркарди маъдан бамаротиб бештар гардад. Соли 2002 теъдоди коргарон ҳамагӣ 202 нафар буд. Ҳоло шумораашон ба 902 нафар расида, ҳамаи онҳо бо маошу шароити хуб таъмин мебошанд. Феълан «Апрелевка» 15 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти шаҳрро истеҳсол мекунад. Соли 2015 корхона ба буҷет 6,6 миллион сомонӣ андоз супурдааст.

БОНУВОНИ КОРХОНА
138 коргари корхона бонувонанд, ки дар самтҳои гуногуни идоракуниву истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ адои вазифа доранд. Озмоишгоҳи назорати техникӣ муҳимтарин ҷузъи корхона маҳсуб ёфта, то чӣ андоза ғанӣ будани маъдан аз филизҳои қиматбаҳои тиллову нуқра ва дигар элементҳоро муайян мекунад. Аксари кормандони озмоишгоҳ бонувон буда, масъулияти ҷиддиро ба уҳда доранд.
– Озмоишгоҳи мо «чашми корхона» аст, мегӯяд Мунира Олимҷонова, муҳандиси техникии озмоишгоҳ. То кормандони маркази озмоишӣ   маъданро мушаххасу аниқ накунанд, истихроҷи он оғоз намеёбад. Дар озмоишгоҳ се намуди ташхиси муайян кардани таркиби маъдан: атомӣ, спектрӣ ва иёрӣ гузаронда мешавад.

ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН
Галина Гизатулина аз ҷумлаи бонувони шоистаест, ки дар ҳамин шаҳрак таваллуд шуда ба воя расидааст. Аз соли 1998 дар шуъбаи муҳосибот фаъолият дорад.
– Ба фаъолият шурӯъ кардани «Апрелевка» дар қалби бошандагони  шаҳраки Консой шарораи умед кошт, - мегӯяд ӯ.  - Зиндагӣ дар ин ҷо баъди солҳои бозистии конҳову корхона боз маҷрои худро дарёфту мардум ба фардои дурахшони Консой бо умед назар мекунанд. Ман ҳаёти худро бе Консою Гулистон тасаввур карда наметавонам. Тоҷикистон Ватани азизи ман асту бо тамоми вуҷудам дӯсташ медорам. 
      
БА ҶОИ ХУЛОСА
Имсол корхона тасмим гирифтааст, ки 100 дарсад сарулибоси хонандагони мактабҳои Гулистонро таъмин намояд. Баробари дар «Апрелевка», «Равшан», «Зари тоҷик» кор кардан, ҳамчунин 100 нафар сокини шаҳрак дар корхонаи бузурги сементбарории «Хуаксин - Суғд семент» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷои корӣ таъминанд. Ҳоло барои истиқболи сазовори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳрак корҳои ободониву созандагӣ идома доранд.                                                                                                           

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2016    №: 119    Мутолиа карданд: 559

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед