logo

сиёсат

НУЗДАҲ БАҲОРИ ВАҲДАТ

Ваҳдат қабл аз ҳама эҳсоси фитрии инсон буда, маромест, ки аз сиришти инсони худогоҳ ва худшинос маншаъ гирифта, майл ва гароиши ӯро барои ҳамзистии аҳлонаву оқилона таъмин менамояд.

Ҷомеа дар сурати оромии комил, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии гурӯҳҳои мухталиф метавонад  ба инкишофу пешрафт ва суботу амн ноил шавад. Ҳаёти кишвар ба ғояҳои пешбар ва такондиҳанда ҳамеша ниёз дорад ва сароғози ҳама он ғояҳои олӣ ваҳдати миллист. Таҷрибаи давлатдории абарқудратон ин ниёзмандиро исбот кардааст.
Баробари ба даст овардани ваҳдат дар таърихи кишвари мо марҳилаи нав оғоз ёфт. Нобоварӣ ва мухолифат аз байн бардошта ва ниҳоят замони ҳамкории дастҷамъона баҳри ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизро  таъмин месозад, баҳри кор ва зиндагии осоишта барои ҳар як узви ҷомеа шароит муҳаё мекунад, ба миён омад. Дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие, ки таи нуздаҳ соли охир дар кишвари мо ба миён омадаанд, ҳама самараи ваҳдати миллӣ мебошанд. Имрӯз моро зарур аст, ки ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, фазои ороми сиёсии кишварро ҳамеша нигоҳ дорем ва баҳри дӯстиву ягонагӣ ва ризоияти ҷомеа кӯшиш намоем. Дар марҳалаи имрӯзаи ҳаёт омилҳое бояд пайгирӣ шаванд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшида, онро халалнопазир намоянд.
Татбиқи пайгиронаи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муқаррар гардидаанд, мусоидат ба ризоияти умум ва ваҳдату ягонагии халқи ҷумҳурӣ, бо камоли қатъӣ ва мунтазам ба ҳаёт татбиқ намудани қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодии комили ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвар дар асоси Конститутсияи мамлакат дар тамоми ҷабҳаҳои  ҳаёти ҷомеа, бо камоли ғамхорӣ ва масъулият дар амал татбиқ кардани баробарҳуқуқӣ ва ҳамвазнии ҳамаи минтақаҳою вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, густариши равобити иқтисодию фарҳангии байни онҳо, дар сатҳи баробар тараққӣ додани иқтисодиёт ва маорифу маданияти онҳо, пешгирӣ кардан ва тамоман аз байн бардоштани яке аз иллатҳои умдаи рӯз - маҳалгароӣ, ки дар ниҳояти кор боиси носозгорӣ, ҷудоӣ ва парокандагии миллат мегардад ва муборизаи беамон ба муқобили ин таассуби пурхатар, пешгирӣ ва комилан аз байн бардоштани ифротгароӣ омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ маҳсуб мегарданд.
Дар тамоми ҷумҳурӣ бо ҳар роҳу восита баланд бардоштани ҳисси ифтихори  дӯстӣ ва ҳамраъйии миллатҳои сокини кишвар ва авлотар донистани манфиатҳои умумиҷумҳурӣ ва миллӣ аз манфиатҳои гурӯҳӣ ва маҳалливу қавмӣ дар пайвастагӣ бо суннатҳои миллӣ решаҳои ваҳдати моро мустаҳкаму устувор медорад. Боиси хушнудист, ки тафаккур ва фарҳанги сиёсии мардуми кишвар имрӯз хело пеш рафтааст. Ин мардум  баъди чунин рӯзҳои мудҳиш ба қадри сулҳу осоиш бештар мерасад ва ба он арҷ мегузорад.
Абдураҳмон ХОНОВ,
роҳбари дастгоҳи Кумитаи
иҷроияи марказии ҲХДТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2016    №: 121    Мутолиа карданд: 366

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед