logo

иҷтимоиёт

ЛАГЕРҲОИ ТОБИСТОНА. ФАЪОЛИЯТ МУАССИРТАР МЕШАВАД

Имсол низ чун солҳои қаблӣ аз нимаи дувуми моҳи июн лагерҳои истироҳатию фароғатии тобистона дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дари худро ба рӯи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ боз карданд.

Истироҳатгоҳи «Ҷавонӣ» - и назди «Пансионати муолиҷавии Қаратоғ», ки дар яке аз минтақаҳои хушманзараи ноҳияи Шаҳиринав ҷойгир аст, дар басти аввал 349 нафар хонандаро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба истироҳат фаро гирифтааст. Дар расми ифтитоҳи басти аввали истироҳатгоҳ, ки шоми 21 июн сурат гирифт, Шарифзода Исмоили Зариф, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарияти кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба иштирок ва бо шароити истироҳату фароғати наврасон шинос шуданд.
Умеда Қаландарова, роҳбари истироҳатгоҳ, иттиллоъ дод, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷалби истироҳаткунандагон ба наврасони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатбуда авлавият дода шудааст. Инчунин, дар басти аввали ин лагери беруназшаҳрӣ 80 нафар фарзандони оилаҳое, ки дар натиҷаи офати табиат дар ноҳияи Рӯдакӣ зарар дидаанд, ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Мусаллам аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу тарбиявӣ ба роҳ мондани лагерҳои беруназшаҳриву беруназмактабӣ, таъмини кадрҳои баландихтисоси роҳбарикунандаи омӯзгорӣ, тиббӣ ва варзишӣ шарти асосӣ аст. Дар ин робита, ҳамасола Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаро ҳамоҳанг намуда, якҷо бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор ин масъаларо матраҳ ва барои муҳайё сохтани шароити зарурӣ чораҳои мушаххас меандешанд. Гузашта аз ин, бо иштироки роҳбарони лагерҳо ва мураббиён, ташкилотчиёни беруназсинфӣ семинарҳои алоҳида доир намуда, тавсияҳои судманд пешниҳод мегарданд.
Тибқи иттилои Саъди Машидов, сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мавсими ҷорӣ дар мамлакат тибқи нақшаи пешбинишуда 80 лагери беруназшаҳрӣ  ва 2839 лагери беруназмактабӣ фаъолият хоҳанд кард.
Фирӯз ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2016    №: 121    Мутолиа карданд: 394

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед