logo

иқтисод

ИСТАРАВШАН. ИН ШАҲРИ КУҲАНБУНЁД АГАРЧИ БОСТОНӢ АСТ, ҶАВОНУ ЗЕБО МЕГАРДАД

Истаравшан дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу пайкори  мардуми заҳматпешаи  ин куҳандиёр дар кӯтоҳтарин фурсат симои хешро бакуллӣ дигар кард.

Зиёда аз 600 иншооти хурду калон, 22 бинои  муассисаи таълимӣ, муассисаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ, ташхисӣ ва табобатию истироҳатӣ, варзишгоҳи марказии шаҳр, толору майдончаҳои варзишӣ, маҷмааҳои варзишиву хизматрасон, кӯчаю хиёбонҳо, боғу бӯстонҳо, растаю бозорҳои нав бунёд ва ёдгориҳои таърихӣ таъмиру навсозӣ шуданд.
Ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон, хусусан бонувон, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили атласу адрасу қолинбофӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ таъсис ёфтанд. Ҳоло аз баракати истиқлоли кишвар ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳр эҳё гардида, мардум, хусусан занону духтарон, ҳунарҳои аҷдодиро сайқали тоза мебахшанд.
Соҳибкории хурду миёна дар қаламрави  шаҳр равнақу ривоҷ ёфт. Саҳми соҳибкорону тоҷирон дар ободию шукуфоии шаҳру деҳот бесобиқа аст.
Айни ҳол дар Истаравшан 24 корхонаи  саноатӣ ва 23 коргоҳи хурду миёна фаъолият доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 5 моҳи соли равон маблағи 92 миллиону 233 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 15 миллиону 365 ҳазор сомонӣ ё 20 % зиёд аст.
Соли равон муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 34 940 сомонӣ  таъмир гардида, дар гимназияи № 1 толори муосири варзиш бунёд ёфт. Сохтмони мактаби нав дар деҳаи Шӯраки Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ва бинои муассисаи таълимии № 11 – и деҳаи Равғангарон идома дорад. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаи таълимии № 59 шаш синфхонаи иловагӣ ва бо ибтикори шахсони саховатпеша дар муассисаҳои таълимии №№ 7, 52, 58, 22, гимназияи № 6 утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмонҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома доранд.
Мардуми некноми Истаравшан ҳоло барои бунёди шаҳраки нави  замонавӣ бо номи Баҳористон корҳои ободониву созандагиро вусъат дода истодаанд. Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 399 аз 2 июли соли 2009 ва № 288 аз 28 майи  соли 2010 барои шаҳрвандони эҳтиёҷманди шаҳру деҳоти Истаравшан 1309,32 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд, ки аз он 333,85 гектараш ба шаҳраки Баҳористон рост меояд. Аз ҳудуди ин шаҳрак барои 3315 оилаи эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона ва барои сохтмони котеҷу  биноҳои баландошёна замин ҷудо шудааст.
Дар Баҳористон бунёди бинои маъмурии шаҳрак, беморхона, 2 дармонгоҳ, 4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммоми дорои коргоҳи хушкашӯӣ, бозор, автовокзал, боғи фароғатӣ - истироҳатӣ дар майдони 3 гектар, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна (дар ошёнаи  якуми онҳо - нуқтаҳои хизматрасонӣ), 98 котеҷ ва минтақаҳои  истеҳсолӣ низ ба нақша гирифта шудаанд.
Давоми солҳои 2015 – 2016 дар қаламрави шаҳру деҳот 504,4 км роҳҳои марказиву маҳаллӣ тармим ва мумфарш карда, ба масоҳати 1641,9 метри мураббаъ роҳравҳо ва деворчаҳои иҳотавии кӯчаи марказии шаҳр бо истифода аз кошинкорӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Зиёда аз 60 биною иншоот бунёд ёфт, Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳри бостонии Истаравшан дар раванди омодагиҳо ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  ҷорӣ ба истифода супоридани 25 иншоот тарҳрезӣ гардида, бунёди онҳо идома дорад. Бархе аллакай мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ба наздикӣ биноҳои  маркази саломатии деҳаҳои Ободии Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ва Якабоғи Ҷамоати деҳоти Пошкент, ки ба тариқи ҳашар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи наздики 1 миллион сомонӣ сохта шуданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корҳои ободонӣ, гулзор ва кабудизоркунии кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо низ вусъат ёфтаанд. Дар моҳҳои январ - майи соли 2016 дар шаҳр 10000 дона гулҳои мавсимӣ ва 953 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда шуданд.
Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нашрияи нави «Пайравони Сино» таъсис дода шуд, ки дар он барои аҳолӣ бобати беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ мақолаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба пешгирӣ ва роҳу усулҳои табобати бемориҳои гуногун интишор мешаванд. Ҷиҳати тарғиби ғояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойдории сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ, вусъат бахшидани тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори  миллӣ байни аҳолӣ тадбирҳои зиёди оммавию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ амалӣ мегарданд.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насби шиору овезаҳо, хурраму зебо гардондани кӯчаву маҳалҳои маркази шаҳр, деҳот, шаҳракҳо, дар асоси нақшаи генералии шаҳр ба тартиб даровардани иншооту биноҳо, зери назорати доимӣ гирифтани сохтмони иншооти нотамом ва тӯлкашида, ҷойгиркунии унсурҳои шаҳрдорию меъморӣ (пайкараҳо, нишастгоҳҳо, қуттиҳои партов), назорати доимии сабзкорӣ ва чароғонкунии роҳҳои марказии шаҳр, ороишоти барқӣ дар майдонҳо, роҳравҳои шаҳру деҳот, батартибдарорӣ ва ороиши иншооти шафати шоҳроҳи Душанбе – Чанак корҳо идома доранд.
Таҳким ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар кӯчаҳои шаҳр, сохтмони хонаҳои баландошёна, котеҷу манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва омодагӣ ба сохтмони чойхонаи миллӣ дар шаҳраки Баҳористон, интихоби майдон ва оғози сохтмони ҳайкали шоҳ Исмоили Сомонӣ, азнавсозӣ ва барқарор кардани деворҳои «Қалъаи Муғ» ва дигар биноҳои таърихӣ тадбирҳои муҳими нақшаи ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 25 -  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонанд. Мардуми шарифи Истаравшан бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллати худ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистони азизамон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни саиду фархунда ва таърихии миллат – 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайратмандона талош меварзанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2016    №: 121    Мутолиа карданд: 514

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед