logo

сиёсат

ХОНАИ Ӯ ДИЛҲОИ МАРДУМ АСТ

Овои сулҳу осоиштагӣ, ки ҳар рӯз аз радиову телевизион ба гӯшҳо мерасиду аммо аз худ нишонае надошт, дар замони нооромиҳои кишвар, махсусан дар бесарусомониҳои қавмию мазҳабӣ ва низоъҳои гурӯҳиву мансабталошӣ қалбҳои пурҳарорат ва пурмуҳаббати фарзандони фарзонаи миллатро реш-реш намуда буд. Шоири зиндаёд устод Ашӯр Сафар бо дили пур аз дард ба ин мазмун гуфтааст:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?!
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?!
Оре, ин орзуи деринаи тоҷикону тоҷикистониён буд. Ва Худованди замину осмон садои пур аз дарди мардуми ҷафокашидаи тоҷикро шунид ва нидои маъниофари «Сулҳи тоҷикон» торикистони қалбҳои хастадилонро нуру сафо бахшид. Иҷлосияи таърихии Хуҷанд бар машоми ташнагон бӯйи умеду орзу, бар гӯшҳо садои ҳамбастагиву ҳамдилӣ, ҳамкешиву ҳамхеширо расонд.
Дарахти дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмию растагорӣ муғча баста, умеди шукуфоӣ намуд. Киштаҳои кинаву адоват аз хок сар бароварданду аз таъсири нурҳои сӯзони офтоби сулҳ ба зудӣ хушк шуданд. Тақдир ва сарнавишт барои миллати азияткашидаи тоҷик, аз дудаи Сомониён, нафареро сари кор овард, ки пораҳоро ҷамъу ангуштҳоро мушт созад ва рӯҳи хастадилонро бо матонату қаҳрамонӣ тавоноӣ бубахшад.
Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихии Хуҷанди бостон сарнавишти миллати тоҷик аз нав навишта шуд. Меъмори сулҳу ваҳдат ва якпорчагии миллатро аз миёни беш аз сад вакили мардумӣ сари кор овард. Ҳамагон гӯшу ҳуш буданд. Нияту орзу ва иддаои ӯ сулҳ буду бас. Ватанпарварону миллатдӯстон, чун Ашӯр Сафар омадани ӯро ба арсаи сиёсат фоли нек донистанд:
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сарсари дидаи ман омадаӣ.

Як зумраи дигар бошад, дар таҳлука афтода, мушти маломат бар сари хеш мезад. Иддаи дигар, ки ба субҳи умед бовар намекард, дар гирдоби раҳгумзадагӣ қарор дошт. Гурӯҳи дигари вакилон, ки номзадии ӯро ба маснади Раиси Шӯрои Олии кишвар пешниҳод карда буданд, дигаронро бовар мекунонданд, ки дар паҳлуи Сарвари давлат истода, барои барқарории сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар саъю талош хоҳанд намуд.
Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ бо дуои модарону пирони кор вориди пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе гардид. Нахустин вохӯрӣ дар моҳи феврали соли 1993 бо зиёиён сурат гирифт. Ӯро сокинони пойтахт бори нахуст рӯи минбари сарнавиштсози миллат аз наздик диданд. Ҳарфи нахустинаш аз сулҳу якпорчагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии миллати паҳну парешонгашта буд.
Банда, ки дар он вохӯрӣ ҳузур доштам ва аз дасти мубораки Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистонро дар соҳаи рӯзноманигорӣ гирифта будам, бароям воқеан рӯзи таърихӣ маҳсуб меёбад. Мо - ҷавонон ҳамон рӯз қавл дода будем, ки то вопасин нафас дар роҳи истиқрори сулҳ ва якпорчагии миллат аз Раиси Шӯрои Олии кишвар пуштибонӣ хоҳем намуд. Ва Худоро шукр, беш аз бист сол мешавад, ки дар ин роҳ ҳанӯз ҳам дар хидмат ҳастем.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, мардумро ба ояндаи нек дилгарм намуд. Президенти мамлакат бо як дилсӯзӣ ва меҳрубониву ғамхории падарона, ба хотири оромиву сарҷамъии миллат азхудгузаштагиҳо кард. Ӯ бо дили бузург мухолифину саркардаҳои ҷанги шаҳрвандиро бубахшид ва ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин намуд.
Вохӯриҳои мунтазами Президенти мардумӣ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, зиёиён, ҷавонон, занони фаъол, муаллимон, неруҳои қудратии кишвар ва дигар қишрҳои ҷомеа меҳру муҳаббати ӯро дар қалби мардум бештар намуд. Ин ҳама муҳаббат ва садоқати бепоён ба Сарвари азизи хеш буда, меъмори сулҳу ваҳдати миллии кишварро водор сохт, ки барои эъмори як ҷомеаи шаҳрвандӣ талош намояд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Заҳматҳои шабонарӯзӣ, ранҷҳову бедорхобиҳои роҳбари воқеан ҳам мардумӣ баръабас нарафтанд. Кишвареро, ки нав истиқлолият ба даст овардаву қариб онро аз даст медод ва мамлакатеро, ки тамоми дороиҳояш ба ғорат рафта буданд, аз нобудӣ наҷот дод. Моҳи феврали соли 1993 Вазорати мудофиаи кишварро таъсис дода, дар андак муддат онро неруманду тавоно гардонд. Хазинаи баяғморафтаро бо заҳматҳои зиёд барқарор кард.
Дар баъзе мавридҳо душманони дӯстнамо ба ӯ ва халқи азизаш хиёнат намуданд. Ӯ, ки дар миёни обу оташ обутоб ёфта буд, аз онҳо заррае наҳаросид ва пояҳои давлатдориро мустаҳкамтар кард. Қаҳрамони воқеии арсаи номусу нанг ва ватандорӣ гардид. Агар нафареро бо дилсӯзӣ ва муҳаббати ватанхоҳона бо олитарин рутба ва мансабҳои олӣ сазовор донист, баъди аз мансаб рафтан, бо рақибонаш ҳамроҳ гардида, бо таънаву маломати ӯ пардохтанд. Онҳо ба гурӯҳбозиву гурӯҳсозӣ машғул гардида, даъвои мансабҳои баландтар мекарданд, ки оқибаташ бо муноқишаҳои сиёсӣ меанҷомид. Воқеаҳои нангини тирамоҳи соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд нишони бармалои ин гуфтаҳо буда, даст доштани бисёре аз мансабдорони дурӯғин ифшо гардид. Аммо Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ин бор ҳам гузашт намуд. Гузашт ба хотири он ки онҳо хатои хешро фаҳмида бошанд. Аммо воқеаҳои тирамоҳи соли 2015, ки вуҷуди тамоми мардуми сулҳпарвар ва сулҳхоҳи кишварро бори дигар такон дод, шаҳодат медиҳанд, ки душманони дохиливу берунии мо ҳанӯз ҳам аз ниятҳои бади худ даст накашидаанд. Бехабар аз он ки хонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки некрой, некбин, некандеш, некпиндор мебошад, дилҳои мардум аст. Ва ҳеҷ бадхоҳ наметавонад, ки бо дасисаву макру фиреб ба ин хона ворид гашта, муҳаббати бепоёни ӯро аз синаи мардум берун орад. Зеро бузургтарин қувва мардум аст!

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2016    №: 121    Мутолиа карданд: 470

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед