logo

сиёсат

МАРҲАЛАИ НАВИ ЭҲЁИ МИЛЛАТ

ИНСТИТУТҲОИ НИЗОЪШИНОСӢ ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКОНРО МЕОМӮЗАНД
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ бузургу назаррас аст. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои ӯ дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ӯро ба як шахсияти бузурги таърихӣ табдил додааст.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд. Аз оғози давраи фаъолияти сиёсиаш дар мақолаҳои худ, ки дар матбуоти даврии бонуфузи Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон ва соири кишварҳои дигар ба нашр мерасонд, фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепояи нобаҳангом, ваҳшонияти сиёсиву қатлу куштор, радикализми сиёсӣ ва иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофотро аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ номида, азми худро барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, иттиҳод ва барқарорсозии сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баён доштааст. Ба андешаи Сарвари давлат, яке аз афзалиятҳои асосии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ, аз як тараф баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 нишонаи ба анҷом расидани рисолати аввалини Эмомалӣ Раҳмон дар замони раҳбариаш дар кишвари ҷангзада мебошад. Ба ақидаи Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ, «Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард» ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад. Бо тасвиби ин ҳуҷҷат роҳи дароз, пурмашаққат ва бағоят муҳими ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон анҷом ёфт. Ин санади муҳиму тақдирсоз, гуфтан мумкин аст, ки ба «ҷангҳои иттилоотӣ» низ хотима гузошт. Сарвари давлат дар аввалин мақолаи худ «Тоҷикистон дар остонаи фардо», ки пас аз имзои созишномаи сулҳ, 24 июли соли 1997 дар рӯзномаи бонуфузи «Сегодня»-и Русия ба чоп расонд, зикр кардааст, ки акнун Тоҷикистон мекӯшад масъалаи созмони ҷамъияти навро бо роҳи баргардондани ҳамаи фирориён ба Ватан ва муттаҳидсозии неруҳои ҷамъиятии қаблан мухолиф ҳал намояд: «…Демократизме зарур аст, ки ваҳдати миллиро заиф накарда, баръакс, мустаҳкам намояд, дастовардҳои гуногунандешии солиме мебояд, ки ба устуворӣ ва якпорчагии мамлакат мусоидат бикунад».
Аз замони ҷанги таҳмилию харобиовари шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳо мегузаранд. Маҳз иродаи қавии мардуми кишвар ва Сарвари мамлакат буд, ки пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва зимни амалӣ гаштани қарорҳои он дар сарзамини тоҷикон сулҳу амният, назму суботи ҷомеа, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Ба итминони Эмомалӣ Раҳмон, марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад ва бо расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккул ва тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст… Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонем».
Яқин аст, ки Тоҷикистон дар шахси Сарвари давлат ба ҷаҳониён таҷрибаи бесобиқаи сулҳофариро дод, ки ин таҷриба имрӯз аз ҷониби институтҳои ҷаҳонии низоъшиносӣ ва кишварҳои дигари ҷангзада мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, он гуна ки Сарвари давлат таъкид медорад: «Дар марҳалаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризояти миллӣ бояд на танҳо ҳамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардида, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии мусолиматомези намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷаҳонбиниву андешаҳо ва дину мазҳабҳои сокинони Тоҷикистонро дар бар гирад».
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
Аълочии матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2016    №: 121    Мутолиа карданд: 376

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед