logo

сиёсат

МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Шинохту эътирофи шахсиятҳои бузурги таърихӣ танҳо арҷгузорӣ ба  корномаю истеъдоди беназири онҳо набуда, ҳамзамон, таҷдиди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳанги бою ғании ҳамон миллатест, ки  тавассути шахсияти алоҳида рисолати таърихиро дар ягон соҳаи муҳим  ба ҷо овардааст. Ба монанди Куруши Кабир, Анӯшервони Одил, Исмоили Сомонӣ - шахсиятҳои  сиёсӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Муҳаммад Иқбол, Мирзо Турсунзода - симоҳои бузурги  илму фарҳанг ва дигарон, ки ҳар  кадоме рисолати таърихиашонро иҷро карда, бо корнамоиҳои  беназир сафҳаҳои китоби миллии худро рангин ва бақои халқи хешро таъмин намудаанд.
Дар ин робита, 9 декабри соли 2015 барои миллати  тамаддунофари тоҷик ва кулли тоҷикистониён санаи таърихӣ маҳсуб меёбад, ки дар саҳифаҳои таърихи халқамон бо оби ноби тилло сабт гардид. Дар ин рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон фарзанди барӯманди миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман ба мақоми шоистаи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» пазируфтанд. Ин боиси ифтихори баланду сарфарозии мост.
Ба фаъолияти пурсамари ин марди хирад Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд баҳои  арзанда дода, гуфта буд: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон -  сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми  тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».
Дар ҳақиқат, мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун  маорифпарвари бузург низ хуб мешиносанд. Аз  рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб гардидан ӯ дар баробари  ҳалли масъалаҳои ниҳоят муҳим, аз ҷумла хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ соҳаи маорифро низ яке аз самтҳои  афзалиятноки фаъолияти давлату Ҳукумат эълон намуд.
Пеш аз ҳама, асосҳои ҳуқуқии пешрафти маориф дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, сипас қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми  кредитии таҳсилот» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба тасвиб расиданд. Дар натиҷа, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барномаи бо компютер таъмин намудани раванди таълим дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва макотиби олӣ амалӣ гардид.
Муҳайё кардани шароити хуби кору фароғат ба кормандони соҳаҳои маориф ва илм пайваста дар мадди назари роҳбарияти аввали мамлакат аст. Дар чанд соли охир музди меҳнати  кормандони соҳаҳои маориф ва илм, идрорпулии донишҷӯён 2 - 3 баробар афзуд. Аз 1 - уми июли соли равон бошад, маошу идрорпулӣ мутаносибан 20 - 30 дарсад зиёд мегардад.
Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, наврасону ҷавонон бояд соҳиби дониш, рафтору гуфтори шоиста, хислатҳои наҷиби инсонӣ бошанд.Ҷумҳурии соҳибистиқлоли худро  дар ҳамаи соҳаҳо арзанда муаррифӣ намоянд. Дар омода кардани ин гуна мутахассисон, дар баробари оилаю ҷомеа, нақши муассисаҳои маорифу илм бағоят калон аст.
Мо - омӯзгорон, аҳли маорифу илм аз ин шахсияти бузург ифтихор намуда, сиёсати маорифпарваронаю бунёдкоронаи ӯро дастгирӣ менамоем ва Ҷашнҳои Ваҳдату Истиқлолияти давлатиро бо дастовезҳои муносиби корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию методӣ пешвоз мегирем.

Куган ИЗАТУЛЛОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон, дотсент,
Абдулҳай ҚАЛАНДАР,
барандаи Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав
ва нишони Сухан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2016    №: 121    Мутолиа карданд: 549

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед