logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТИЮ ИҶТИМОӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадорро бо маркази савдову хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ ифтитоҳ намуд.
Дар ошёнаи якум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити марказҳои савдою хизматрасонӣ, ки дар он 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши то 2500 сомонӣ таъмин гаштаанд, шинос шуд.
Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён - групп” мебошанд. Сохтмон дар ин маҷмаа соли 2013 оғоз ёфта буд. Лоиҳаи зебои ангоравӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ростогипрошахт» - и Русия таҳия ва аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмии ҷустуҷӯии лоиҳакашии «САНИИОСП»  ба танзим дароварда шудааст.
Арзиши умумии лоиҳа 138 миллиону 397 ҳазору 710 сомониро ташкил дода,  маҷмаа аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бунёд шуд. Биноҳои истиқоматӣ аз 4 қисм ва 170 хона иборат мебошанд. Қисми якум 12 ошёна буда, дорои 30 хонаи сеҳуҷрагӣ аст. Масоҳати умумии он 3869 метри мураббаъро ташкил мекунад. Блоки 2 - юм 14 ошёна бо 36 хонаи сеҳуҷрагӣ дар масоҳати 4633 метри мураббаъ сохта шудааст. Блоки 3 - юм аз 16 ошёна ва 56 хона - 28 адад сеҳуҷрагӣ ва 28 дуҳуҷрагӣ иборат аст. Масоҳати умумии ҳуҷраҳо 5174 метри мураббаъ мебошад. Блоки чорум, ки 14 ошёнааст, аз 48 хонаи 24 сеҳуҷрагӣ ва 24 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад ва масоҳати умумии ҳуҷраҳо 4796 метри мураббаъро ташкил медиҳад.    
Дар қисми поёни маҷмаа таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата барои то 30 мошин, дар ошёнаҳои якуму дуюм марказҳои савдою хизматрасонӣ бо 120 ҷойи корӣ, дар саҳни ҳавлӣ майдончаи бозии кӯдакон мавҷуд аст. Ҳамзамон, иншооти мазкур бо шабакаи гармидиҳии автономии бойлерии тамғаи «Гронос» (Gronos BB-240EA), шабакаи ҳароратии “Гарм - хунук”, (аз ҷумла тамғаи MDV-V-10WDN-1) лифтҳои алоҳида, даромадгоҳи алоҳида барои истиқоматкунандагон, шабакаи ҳавотозакунии тамғаи «БКАПЕ» (ВКР-6,5 ДУ) барои ҳуҷраҳо, шабакаи банаворгирии атрофи биноҳо ва ободонию сабзкории ҳудуди биноҳо таъмин мебошад.
Дар рафти сохтмон аз 350 то 400 нафар бо кори муваққатӣ ва бо маоши миёнаи аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бунёди хонаҳои кушоду барҳаво ба сохтмончиён баҳои баланд дод. Ин маҷмааи хонаҳои баландошёна ба симои пойтахт ва хиёбони марказӣ ҳусни тозае зам кард.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе симои тоза касб карда, ба таври назаррас ободу зебо шудааст. Имрӯзҳо пойтахти мамлакатро шаҳри сулҳу дӯстӣ унвон мекунанд ва он макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ гаштааст. Танҳо дар соли 2016 дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 1, 9 миллиард сомонӣ иншооти муҳим, аз ҷумла 42 иншооти соҳаи иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, иншооти савдою хизматрасонӣ, тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
То ҷашни 25 - солагии истиқлолият бошад, бо ташаббуси созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқболи сазовори санаи муҳиму тақдирсоз дар пойтахт 95 иншооти таъйиноти гуногун бо маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ бунёд карда мешаванд. 7 адад муассисаи томактабӣ барои 919 ҷой, 5 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маблағи 19 миллиону 495 ҳазор сомонӣ бо 3150 ҷой аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, манзилҳои истиқоматӣ, 7,07 километр роҳҳо, 1 адад толори варзиш 4 майдончаи варзишию фарҳангӣ, барқарорсозии шабака ва таҷҳизоти гармитақсимкунӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Аз оғози сол то таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли 2016 дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби бахши хусусӣ 26 корхонаи истеҳсолӣ бо шумораи умумии 202 ҷойи кор ба фаъолият оғоз кард. Дар назар аст, ки то ҷашни истиқлолият 20 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо шумораи умумии 470 ҷойи корӣ ва то моҳи декабри соли 2016 4 муассисаи истеҳсолӣ бо теъдоди умумии 1000 ҷойи корӣ таъсис дода шаванд. Шумораи коргарон дар вақти сохтмон 5990 нафар ва баъди ба истифода додан 8414 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин тадбирҳо, ки ба хотири некуаҳволии сокинон равона гардидаанд, аз ҳадафҳои сиёсии ҳукумати мамлакат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт бинои истиқоматии 12 - ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир мавриди истифода қарор дод.
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонию савдо аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сурайё Уроқова бо харҷи наздики 27 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Фармоишгар ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гурӯҳи Самимӣ – Констракшн» мебошад, ки роҳбариашро ин бонуи кордон ба уҳда дорад. Корҳои сохтмонӣ соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 ба охир расид ва дар вақти бунёди бино аз тарафи соҳибкор то 80 нафар бо ҷойи кор ва бо маоши миёнаи аз 1400 то 1800 сомонӣ таъмин шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар қисми поёни бинои истиқоматӣ бозори бо тарҳи зебо сохташударо, ки дар он 150 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, тамошо кард. Дар бозор дукону рафҳо барои таъмини сокинону меҳмонон бо меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ширу гӯшт ва дигар анвои хӯрока мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ошёнаи якуму дуюми бинои истиқоматӣ маркази савдою хизматрасонӣ барои 160 нафар ҷойи корӣ бо маоши миёнаи 1200 - 1800 сомонӣ, аз қабили маркази хизматрасонии бонкии Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо 7 ҷойи корӣ, Ассотсиатсияи соҳибкории инноватсионӣ ва технологӣ бо 8 ҷойи корӣ, сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, дуконҳои тиҷоратӣ бо 100 ҷойи корӣ ва маркази дилхушии кӯдакон ташкил карда шудаанд.
Бинои истиқоматӣ аз 12 ошёна, 96 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳо ба таври муосир хеле зебову барҳаво сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошанд.
Имкони бунёди бино ва таъсиси ҷойҳои кориро Сурайё Уроқова аз дастгирии Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна медонад, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё шудааст.
Масоҳати умумии қитъаи замин, ки дар он бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд шудааст, қариб 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин иншооти муосир истгоҳ барои 70 мошини мизоҷони марказҳои савдо ва таваққуфгоҳ бо 30 ҷой барои нақлиёти сокинони бинои истиқоматӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор Сурайё Уроқова баҳри бунёди бинои истиқоматӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки боиси некуаҳволии як зумра шаҳрвандон мегардад, баҳои баланд дод.

Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча» - ро ифтитоҳ намуд.
Бинои наву замонавии боғчаи бачагон аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи наздики 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ барои 100 кӯдак сохта шудааст. 35 нафар бо маоши миёнаи 1500 - 2000 сомонӣ дар ин муассисаи томактабӣ ба тарбияи кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолии кишвар машғул мешавад.
Фармоишгар ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элитстройсервис” мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча» аз 19 хонаи хобу бозии кӯдакон, 1 толори варзиш, толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст ва 1 синфи мусиқӣ иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино бошад, хонаи ҷомашӯӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ мавҷуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити тарбияи кӯдакон шинос шуда, ба соҳибкорону сохтмончиён барои бунёди бинои муосири боғча, ки дунёи поку беолоиши тарбиятгирандагонро рангин менамояд, баҳои арзанда дод. Тамоми асбобу анҷоми хоб, машғулияту бозӣ, чароғҳои равшанидиҳанда бо ашёҳои гуногунранги хоси дунёи кӯдакон оро ёфтаанд.
Кӯдакон бо қироати шеър ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзанда изҳори сипос карданд.
Баъди ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча» дар паҳлуи ин иншоот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” барои 1200 ҷой бо муҷассамаи Модар майдони васееро интихоб намуд ва барои сохтмони он оғоз бахшид.
Ин иқдом, яъне бунёди чунин як маҷмаа ба хотири гиромидошти қадру манзалати зан - модар ҳанӯз дар мулоқоти анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар ҷамъомади тантанавии 6 марти  соли 2015 ба миён омада буд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ ба хотири тарбияи насли сазовори оянда муассисаҳои муосири томактабӣ муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи зарурӣ  аз тарафи соҳибкорон бунёд мегарданд. Аз ҷумла, дар паҳлуи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча» дар кӯчаи Нусратулло Махсуми маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Гулчеҳра Гулназарова ва Саидҷалол Ғайратов бо ҷонибдорӣ аз дастурҳои раҳнамунсозу ояндадори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боз ду боғчаи хусусӣ ҳар кадоме барои 130 кӯдак бунёд шуда истодааст.
Дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд мегардад.
Ҳадаф аз бунёди иншооти зиёди томактабии муосир дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия кардани насли худогоҳ мебошад ва дар доираи сиёсати иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.


Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин маркази тиҷоратии “Душанбе  - Мол” - ро ифтитоҳ намуд.
Маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Евразия” бунёд ва бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонда шудааст.
Арзиши нархномавии иншоот мувофиқи санадҳои тасдиқшудаи лоиҳавию нархномавӣ 110 миллион сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 100 миллион ва таҷҳизоту асбобҳо 10 миллион сомониро ташкил доданд.
 Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2013 шурӯъ гардида, дар вақти бунёди иншоот то 400 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун бо кор ва маоши миёнаи то 1500 сомонӣ таъмин шуданд.
Дар ошёнаи якум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марказҳои савдои сарулибос барои кӯдакону наврасонро тамошо кард, ки аз ширкатҳои кишварҳои хориҷ ворид шудааст.
Зимни шиносоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ташкили маркази тиҷоратӣ  ин пешниҳоди маводи озуқаворӣ ва кишоварзии босифат, дигар молҳои талаботи ҳаррӯза ва хизматрасониҳои фарҳангиву солимгардонӣ бо нархҳои дастрас ба мардуми кишвар ва меҳмонони пойтахт мебошад. Маркази тиҷоратии “Душанбе - Мол” бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири соҳаи савдо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Евразия” таҳия ва корҳои асосии сохтмонӣ низ аз тарафи ҳамин ширкат иҷро шудаанд.
Баробари пурра мавриди истифода қарор гирифтани марказ бо назардошти ба иҷора додани нуқтаҳои савдо то 750 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Ҳиссаи назарраси масоҳати маркази тиҷоратӣ ба ташкили гипермаркети “Ашан” рост меояд. Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии “Шивер Интернейшнл” гипермаркети “Ашан” – ро, ки нахустин дар Осиёи Марказист, дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Евразия”, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии “Шивер Интернейшнл” таъсис ёфт. Ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо - гипермаркет дорад. Барои таъмини фаъолияти гипермаркети «Ашан» дар маркази савдои «Душанбе – Мол» то 400 ҷойи кории нав ва зиёда аз 70 ҷойи корӣ барои раёсати идоракунӣ ташкил карда шуд. Инчунин, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» оянда бо таъсиси чунин марказҳо дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон беш аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил мекунад ва аз рӯи иттилои роҳбарият ҳамаи даромадҳои ширкат барои рушди соҳаи савдою хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешаванд. 
Бинои маркази тиҷоратӣ аз 4 ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1 - ум таваққуфгоҳи пӯшида барои 160 мошин, анборҳои мағозаҳо, хадамоти техникӣ ва ҳуҷраҳои кории хизматӣ ҷойгир шудааст. Дар ошёнаҳои 2 - юму 3 - юм гипермаркети «Ашан», мағозаи “Олами кӯдакон”, мағозаи либосҳои мардонаи “Инсоф”, мағозаҳои ҷавоҳирот, телефонҳои мобилӣ, молҳои техникӣ, мебел, пойафзол, маркази солимгардонӣ, тарабхона ва 11 нуқтаи хӯроки тезтайёр ҷойгиранд. Дар ошёнаи 4 - ум 4 толори синамои “Кайҳон” дар маҷмӯъ бо 290 ҷойи нишаст, намоишгоҳи санъати тасвирӣ бо синфхонаи омӯзиши ин ҳунар ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир шудаанд.
Маркази тиҷоратии “Душанбе - Мол” бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд шудааст  ва хеле муосиру аз нигоҳи ҳаҷм боҳашамат мебошад.
Баъди шиносоии пурра Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ барои бунёди чунин як маркази муосири савдою хизматрасонӣ, ки боиси таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ барои аҳолӣ гардидааст, изҳори сипос намуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2016    №: 121    Мутолиа карданд: 504

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед