logo

иқтисод

ТИҶОРАТ. БАРОИ РУШДИ ОН ДАР ДОХИЛ ЧӢ НАМЕРАСАД?

Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бо мақсади пайдо кардани ҷои кор ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ шумораи бештари аҳолӣ шуғли тиҷоратро пеша кардаанд. Барои фаъолияти самараноки тиҷоратӣ, хусусан рушди савдои чакана дар кишвар шумораи бозорҳо ва нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ пайваста зиёд мешаванд. Дар ин раванд падидаи боиси таассуф ин аст ки бархе аз тоҷирон ва соҳибкорон уҳдадориҳои худро нисбат ба риояи қонунгузории кишвар сарфи назар карда, монополияи дохилиро ба вуҷуд овардаанд.  Махсусан талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда» ва  «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» дар самтҳои ҳифзи муҳити атроф, заминсозӣ, истифодаи табиат, бехатарии истеҳсолот, риояи қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва риояи тартиботи зиддиинҳисорӣ аз тоҷирон масъулияти бештарро тақозо доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки камбудӣ пеш аз ҳама дар риоя нашудани талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодии мутобиқат ба он дар соҳаи истеҳсол, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯш ва воридоти маҳсулот ба мушоҳида мерасад.
Баҳром Мараҳимов, ассистенти кафедраи маркетинг ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, иброз намуд, ки сабаби вайрон гардидани тартиботи қонунгузорӣ бе маълумоти тахассусӣ, танҳо ба хотири дарёфти маблағ фаъолият кардани тоҷирон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, тоҷирон аз рисолати касбии худ бархӯрдор нестанд. Барои риояи одоби муошират, азхудкунии қоидаҳои дурусти гардиш ва хароҷоти пул, ҳамчунин ҷалби бештари мизоҷон зарурати аз курсҳои кӯтоҳмуддати дорои сертификати соҳа гузаштани тоҷирон пеш омадааст. Мавсуф дар даврони иқтисоди бозорӣ пайвастагии тиҷоратро бо маркетинг (бозоршиносӣ), ки дар ҷумҳурӣ зинаҳои аввали фаъолиятро гузашта истодааст, хеле муҳим дониста, омода кардани маркетингшиносони ватанию хориҷиро ҷиҳати рушди тиҷорат ва соҳибкории истеҳсолӣ зарур шумурд. Ҳарчанд дар макотиби олии мамлакат омодасозии кадрҳои соҳаи маркетинг тайи солҳои охир ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, бозоршиносони  ватанӣ дар бахшҳои иқтисодиву соҳибкорӣ ҷойгоҳи хоси худро пайдо накарданд.  Феълан тиҷорат ба пешрафти бахши реклама ва мутахассисони баландихтисос дар ин ҷода ниёз дорад. Дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои навтаъсиси истеҳсолӣ ташкили шуъбаҳои реклама ва маркетинг зарур аст. Қабули қонунҳои дахлдор, ба андешаи мо, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури иқтисодӣ ва маданияти истеъмолкунанда ба танзим ва пешрафти тиҷорат такони ҷиддӣ бахшида метавонад.
Ба андешаи Абдумалик Ҳакимов, мудири кафедраи маркетинг ва тиҷорати донишгоҳи мазкур, воқеан ҳам тиҷорати дохилии кишвар бо дарназардошти риоя нагардидани тартиботи қонунгузорӣ ба танзим ва рушд ниёз дорад. Риоя накардани тартиботи қонунгузорӣ (ҳифзи муҳити зист, ҳифзи захираҳои инсонӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон) бар хилофи консепсияи рушди маркетинг мебошад, ки аз даврони пайдоиш панҷ зинаи рушдро гузаштааст. Алъон раванди татбиқи зинаи панҷум, яъне консепсияи рушди иҷтимоӣ – ахлоқӣ на танҳо мушкили асосии кишвари мо, балки тамоми ҷаҳон мебошад. 
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 534

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед