logo

иҷтимоиёт

АЛЛА КСЕНДЗОВА: «ҲАМЕША БО ТОҶИКИСТОН БУДЕМ»

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғӯши худ намояндагони халқу миллатҳои гуногунро сарҷамъ намуда, Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва муҳайё сохтани шароити хуби иҷтимоии онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ҳанӯз ҳам мардуми русзабон бо тоҷикон аҳлу тифоқ ба сар бурда, баҳри пешрафти кишвар якдилона меҳнат мекунанд.
Яке аз онҳо Алла Ксендзова, зода ва муқими шаҳраки Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ солиёни дароз дар Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд кор карда, феълан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дорад. Ин бонуи ситорагарму малламӯ баробари ворид шуданамон ба дафтари кораш бо назокати ба худ хос, тоҷикӣ ҳарф задаву моро самимона пазируфт. Бино ба гуфтаи ӯ, падараш лаҳистонӣ ва модараш рус аст. Сарфи назар аз рӯйдодҳои ибтидои солҳои 90-ум аз миллати тоҷику ин сарзамини бостонӣ дил накандааст ва то ҳанӯз дӯсташон медорад. Ваҳдату осоиш ва ободиву шукуфоии Тоҷикистонро ба ҷон мехоҳад.
- Аз синни кӯдакӣ падарам ба мо - фарзандон таъкид медоштанд, ки Тоҷикистон Ватани азизи шумост. Барои ободиву пешрафти он аз дилу ҷон кӯшед. Ин гуфтаҳои падар дар гӯшам садо дода, ҳидоят мекунанд, ки дар базму тараб ва рӯзҳои вазнини халқу миллати ин диёри куҳанбунёд якҷо бошам. Аз ин рӯ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ бо Тоҷикистон будем, гуруснагиву ташнагиро якҷо паси сар карда, рӯзи имзои созишномаи сулҳ якҷо шодию хурсандӣ кардем, - бо меҳр меафзояд Алла Ксендзова.
Владимир Александрович ва Любов Александровна бошанд, то ба синни нафақа расидан, дар шабакаҳои барқии вилояти Суғд фаъолият кардаанд. Волидони онҳо солҳои 20-уми қарни гузашта аз шаҳрҳои Красноярску Нижний Новгороди Русия ба Тоҷикистон омадаанд.
- Ман аслан зодаи шаҳри зебову ҳамешаҷавони Душанбеям ва худро бе ин хоку об тасаввур карда наметавонам. Соли 1957 бо оилаам ба шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) омадам. Дар НБО-и «Дӯстии халқҳо» то соли 2007 кор кардем. Дар ин муддат фарзанддор шуда, онҳоро соҳиби маълумоти олӣ намудем. Шаҳри Гулистон, воқеан, шаҳри дӯстист. Зеро дар вақти бунёди Неругоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» ва комбинати қолинбофӣ намояндагони 87 миллату халқияти дӯсту бародар паҳлуи ҳам истода заҳмат кашидаанд, - изҳор медорад Любов Александровна.
Владимир Александрович бо як самимияти афзун аз ваҳдати миллӣ, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарф зад.
- Аз дидани биноҳои замонавӣ, роҳҳои мумфарш, кӯчаҳои чароғон, чеҳраҳои шукуфон ва самимии мардуми тоҷик, ки аз файзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллист, меболаму ифтихор мекунам. Охир, ин ҳама гӯшаву канор Ватани ман ва ин мардуми босаодат ҳамватанони мананд. Ҳар гоҳе ба Русия, ба он сарзамини аҷдодӣ сафар намоям, ба дӯстону ҳамсояҳо аз муҳаббату меҳандӯстии мардуми тоҷик ва меҳмоннавозии онҳо ҳарф мезанам. Ва ҳар бор фоли нек мекушоем, ки фардои Тоҷикистон дурахшон аст, - таъкид мекунад Владимир Александрович.
   
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 483

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед