logo

фарҳанг

«ҶУМҲУРИЯТ» ВА РАВАНДИ ВАҲДАТСОЗИИ МАТБУОТ

Хуб аст, ки солҳои охир дар фазои иттилоотии кишвар рӯҳияи ваҳдатофарӣ танинандоз шуда, тамоми расонаҳои хабарӣ новобаста ба шакли пахш ва таъйиноташон дар ин самт бо мақсади татбиқи ормонҳои неки ҳувиятсозии тоҷикӣ талош мекунанд. Аммо дар масъалаи инъикоси раванди сулҳоварӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ ва гиромидошти ин санаи муҳими таърихӣ нашрияи «Ҷумҳурият» мақоми хоса дорад. Ин нашрия ба ин масъала ҳамеша таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ба хонанда фаҳмондани арзиши ваҳдати миллӣ, кӯшишу талошҳо ва ҷоннисориҳои афроди ватандӯст дар роҳи расидан ба он, зарурат ва аҳамияти бештар пайдо кардани рӯҳияи ваҳдатсозӣ дар замони муосир ва амсоли ин матолиб интишор менамояд. Кормандони нашрия дуруст дарк намудаанд, ки Ваҳдат кафили устувории имрӯзу фардои ҷомеа аст.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон се воқеаи муҳими тақдирсоз - Рӯзи истиқлолият, Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдат нақши муҳим доранд, ки дар инъикос ва баррасии муҳимият ва аҳамияти ин се санаи бузург «Ҷумҳурият» нақши созгор дорад.
Ин се воқеа ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд, яке дигареро такмил медиҳад, аммо ҳадаф як чиз аст – расидан ба Истиқлолияти комил ва нигоҳ доштани он. Ин на танҳо рисолати ҳукуматронон, балки тамоми мардум аст. Аммо дар ин ҷода рисолати рӯзноманигорон баландтар аст. Ба ин мазмун кормандони эҷодии расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла «Ҷумҳурият» ҳамеша талош меварзанд, ки раванди воқеии зиндагии имрӯзро инъикос кунанд, ба сокинони кишвар моҳияти иттиҳоду ваҳдат, истиқлолият, ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро фаҳмонанд, барои зиндагии орому осоишта онҳоро дилпур гардонанд, ҳисси ободкориву созандагиашонро афзун намоянд.
Масъалаи Ваҳдат дар «Ҷумҳурият» тобиши гуногун дорад. Дар навбати аввал нигоштаҳоеро метавон ном бурд, ки бевосита ба масъалаи мавриди назар тааллуқ дошта, дар онҳо арзиш ва аҳамияти ин санаи таърихӣ бозгӯ шуда, роҳи тайкардаи раванди сулҳи тоҷикон нақл ва иқдомҳои Сарвари давлат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ тавсиф карда шудааст. Ин гуна нигоштаҳо аз рӯи сабки нигориш хусусияти илмию оммавӣ ва тавсифӣ доранд.
Нигоштаҳои дигар бевосита ба мавзӯи ваҳдат бахшида нашудаанд, аммо бо ин ё он муносибат ба он алоқамандӣ пайдо кардаанд. Дар онҳо пешравиҳои соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, муваффақиятҳои ин ё он вилояту навоҳӣ, дастовардҳои замони истиқлол ва амсоли ин инъикос шудааст, ки дар маҷмӯъ ғояи ваҳдатсозиро талқин мекунанд.
Ҳамчунин, нашрия дар инъикоси ин масъала аз имконоти жанрҳои гуногуни публитсистӣ истифода намудааст, ки хабару ҳисобот, мақолаву очерк ва эссе аз намунаи онҳост.
Аз мутолиаи маводи нашрия бармеояд, ки «Ҷумҳурият» ғояи ваҳдатофариро ба контексти мундариҷаи худ дохил намудааст. Нашрия дуруст дарк намуда, ки маҳз ба воситаи ваҳдат татбиқи манфиатҳои умумӣ таъмин гардида, дар ҷомеа фаъолиятҳои муташаккил ва идорашаванда ба вуҷуд оварда мешаванд, ба воситаи ваҳдат оромии ҷомеа ва ҳаёти ҷамъиятӣ танзим мегардад.
Дар воқеъ, ваҳдат асоси сиёсати имрӯзаи ҷомеаи тоҷик буда, яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати миллӣ маҳсуб меёбад.
 Ба ин манзур дар ВАО, хоса матбуоти даврӣ мавзӯи ваҳдат ва ваҳдатофарӣ бояд вусъат пайдо кунад ва ҳамеша дар сархати матолиби нашрияҳои даврӣ қарор гирад.
М. МУРОДӢ, доктори илми
филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 715

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед