logo

иҷтимоиёт

МОДАРАМ ДАР СУРОҒИ НОН БУД...

Ҳикмат ва таҷрибаи зиндагӣ мефармояд, ки инсонҳо танҳо баъди аз даст додани ду неъмат, яъне саломатӣ ва амну осоиш ба қадри онҳо мерасанд. Вазъи ноороми кишвар ва зиндагии бесару нӯки ҳаммиллатонам дар солҳои ҷанги таҳмилии ҳамватанӣ ҳақиқат ва маънии созандаи ин ҳикматро барои мани он вақт мактабхон хеле равшан нишон дода буд.
Субҳеро, ки мани толибаи синфи нуҳум ҳамроҳи ҳамсинфам аз мактаб берун омадем ва дар роҳ ба ваҳшонияти силоҳбадастон рӯ ба рӯ шудем, ҳеҷ гоҳ наметавонам фаромӯш намоям. Он рӯз танҳо Худованд моро аз чанги онҳо наҷот бахшид, дигар ҳеҷ.
Ёдам меояд, чӣ гуна модари муштипарам барои ҷигарбандонаш нон суроғ мекард, субҳ мерафту шом бозмегашт. Ҳоли аксари мардум ва пайвандонамон чунин буд. Шоири дилогоҳи мо, шодравон Ашӯр Сафар, ки низ он рӯзҳои фоҷиаборро аз сар мегузаронд, барои ҳама орзу мекард, ки:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Ба ифодаи Лоиқ Шералӣ он рӯзгор” зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд” ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “ҳотифи зиндадори мо” гардид.
Ормони созандаи ваҳдати миллӣ унсури муҳими худшиносӣ ва ҳувияти тоҷикон гардида, тадриҷан табақаҳои гуногуни аҳолиро новобаста ба тамоилоти эътиқодӣ ва касбӣ ба ҳам қарин ва ҳамдилу ҳамрой сохт, ки натиҷаи самарабахши онро мо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар мушоҳида мекунем.
Пешвои миллат аз оғоз Консепсияи ваҳдати миллиро дар заминаҳои истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тарҳрезӣ карда, онро сипари истиқлоли Тоҷикистони навин таъбир кард ва дар ҳамин равиш ба шукуфоӣ ва пешрафти кишвар замонат дод. Истиқлол бо фарогирии омилҳои ваҳдатофар барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ истиқлоли ботинӣ шинохта шуд ва тадриҷан истиқлоли пойдори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин намуд.
Пешвои миллат бо иқдомҳои шоистааш роҳҳои иртиботии пайвандгарро ҳамчун василаи ваҳдатофар бунёд ниҳод, ки яке аз василаҳои ба ҳам наздикшавии сокинони гӯшаҳои дурафтодаи кишвар ва қаробати ҳамешагии онҳо мегардад. Бо иқдоми созандаи иҷтимоиву фарҳангӣ Президенти маклакат воқеан ҳам, тавонист, ки барои ҳаммиллатонаш эҳсоси ҷовидонаи ошноӣ ва ҳамбастагиро шакл диҳад ва тадриҷан таҳким бахшад. Ин дасти тавонои ваҳдатофар ҳамаи шохобҳои рӯди бузурги эҳёгарро ба як маҷрои бузург равона сохт. Устувор сохтани ҳамбуди иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон ва амиқбурди ягонагӣ ва манфиатбахшии муҳити иҷтимоиву фарҳангии манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ аз шартҳои аслии пояндагии ваҳдати ҷовидонаи ҳаммиллатони мост, ки тарроҳ ва поядори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ин таҷрибаи воло, роҳу равиши таҷдидгариву ислоҳотхоҳӣ дар роҳи таҳкими ягонагии миллат дар асре, ки фузунхоҳиву ифротгароӣ ва терроризм оламро фаро гирифтааст, аҳамияти амалӣ ва нукоти раҳнамову омӯзандае дошта, роҳи саодати ҳамешагиро ба инсонҳо хоҳад намуд. Ин равишро метавон аз беҳтарин ва воқеитарин усулҳои расидан ба ҳадафҳои созанда донист, ки халқҳоро ба шоҳроҳи ваҳдати ҳамешагӣ ҳидоят хоҳад кард.
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 565

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед