logo

сиёсат

РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

САБАҚҲОИ ИБРАТОМӮЗ
Мусаллам аст, ки сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагии халқу миллатҳо омили асосии муттаҳидӣ ва рушди устувори давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ҳама гуна дингустарию назарияи фалсафӣ, инчунин ҳизбҳои ҳоким ва маънавиёти давлат дар бораи ҷомеаи идеалӣ аз таъмини зиндагии осоиштаи мардум дар фазои сулҳу оромӣ иборат аст. Зеро маҳз сулҳу оромӣ ҳамчун омили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонанд дар таъмини суботу амният созгор бошанд.
Тавре маълум аст, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, аммо бо вуҷуди ин, дар қиёс бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ давлати навбунёд мувоҷеҳи ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ гардид. Акнун тақдири мардуми тоҷик ва истиқлолияти ба тозагӣ бадастомада дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Ҷомеаро оташи ҷанги нангини шаҳрвандӣ фаро гирифт.
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Танҳо баъди ҳамин қарори қатъӣ кишвари мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, хатари аз байн рафтани миллат бартараф шуд. Ба шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти осоишта ва хушу хуррамонаи шаҳрвандон таъмин ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамакунун бо мақсади рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тавре устоди равоншод Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари сабз ёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Шубҳае нест, ки дар рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сулҳу салоҳ барои миллати тоҷик омили наҷотбахши он ва давлат гардида, таҷрибаи нодири музокироти байни тоҷикон ҳамчун «формулаи сулҳу салоҳи тоҷик» аз тарафи муаррихон, сиёсатмадорон ва олимону пажӯҳишгарон омӯхта мешавад, зеро ин таҷриба дастоварди бузурги халқи тоҷик ва яке аз унсурҳои таркибии андешаи (идеяи) миллии ин миллати тамаддунсоз ба шумор меравад.
Аз санаи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ нуздаҳ сол сипарӣ гардида, дар ин муддат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар сатҳи олӣ баргузор гардидани ҳамоишу вохӯриҳо, конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар пойтахти кишвар бо иштироки сарони кишварҳои абарқудрат ба монанди Русия, Чин, Қазоқистон, кишварҳои Аврупо, нишонаи аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешрафта ва дорои иқтисоди рушдёбанда эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд гардидани эътибору нуфузи он мебошад.
 Дар робита ба ин, бо назардошти дигаргунпазирии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки бори дигар ба таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон бознигарӣ намоем ва роҳҳои мураккаб ва пурпечутоби расидан ба сулҳу салоҳ дар ҷомеаамонро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем.
Дар ҳақиқат, ноил шудан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар ба осонӣ муяссар нагардидааст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳамешагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сулҳу амнияти Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва баҳри дифои марзу буми аҷдодӣ ҳамеша ҳушёру бедордил бошад.
Мавриди тазаккур аст, ки мафҳумҳои сулҳ, ризоият ва ваҳдати миллӣ вожаҳои одӣ нестанд ва наметавон онҳоро сатҳӣ маънидод кард. Дар ин мафҳумҳо дастоварди муҳим, василаи некуаҳволии мардум, таҳкурсии рушди устувор ва пешрафти кишвар нуҳуфтаанд, зеро ин мафҳумҳо ҷиҳати наҷоти мардуми Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ, фаношавӣ ва ҳифзи тамомияти арзии давлат дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ нақши муассир бозиданд.
Дар маҷмӯъ, мафҳумҳои сулҳ, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои волои умумибашарӣ муҳимиятҳои зеринро дар бар гирифтаанд:
Якум, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ аз унсури (ҷузъи) асосии ҳувият, андеша, ғояи миллӣ дониста мешавад. Тафаккури миллӣ ҳамчун як маҳсули мураккаби зеҳнӣ давоми даҳсолаҳо тавассути ақлу заковати соҳибхирадони миллат ташаккул меёбад. Таҷрибаи таърихи давлатдорӣ, бахусус давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад, ки андеша, ғоя, тафаккури миллӣ бояд аз ҳифзи манфиатҳои миллат, садоқат ба Ватан, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ иборат бошад. Ғояи миллӣ аз овони хурдсолӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, то вақти баркамол расидани шахс ва ниҳоят тамоми умр бояд дар зеҳну шуури инсон нақш бандад.
Дуюм, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ ҷузъи асосӣ ва таркибии маърифат ва тафаккури мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, зеро халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима ва сарватдори назми оламшумул аст. Ва муҳтавои фарҳангустарию сулҳпарварии миллати тоҷик тавассути шоҳасарҳои нобиғаҳои олами адабу ирфон ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Носири Хусрав, Бедил, Закариёи Розӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва бисёр дигарон ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст.
Сеюм, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ омили таҳкимбахши ягонагӣ ва иттиҳод аст.
Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти барқарор гардидани сулҳ дар кишвар ва ниҳоят, ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта бори дигар собит намуданд, ки маҳз ваҳдати миллӣ омили таҳкимбахши якдилӣ ва муттаҳидӣ дар ҷомеа мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки заминаи боэътимоди сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки ҷомеаи тоҷикон зуҳуроти доштани Пешво, Раҳнамо ва Сарвари хирадмандро тавлид созад. Ба андешаи сиёсатшинос, профессор С. Ятимов “дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Раҳнамо ниёз доштанд. Миллате, ки қудрати маънавиаш ба шинохт, пешниҳод, пуштибонӣ, эътироф ва сидқан пайравӣ намудан аз Пешвои худро дорад, дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои муосир шикастнопазир аст”.
Чорум, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ дар маҷмӯъ омили таъмини амнияту осоиштагии халқ ва ҷомеа маҳсуб меёбад.
Моҳияти ин мафҳумҳо махсусан дар шароити кунунии таҳдиди терроризми байналмилалӣ, таассуб ва ифротгароии исломӣ, торафт хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ пайдо кардани экстремизми динӣ муҳимтар арзёбӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бешубҳа, дар хотираи таърихӣ ҳамчун сабақи ибратомӯзи даъваткунанда ва ҳушдордиҳанда боқӣ мемонад, то ки мо фоҷиаи замони ҷанги шаҳрвандӣ ба сари ин миллат омадаро фаромӯш насозем.
Ин санади сарнавиштсоз ҳушдорест, ки мо ба қадри сулҳу салоҳ расида бошем ва баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ талош варзем.
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ин аст, ки ба шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба мо муяссар шуд, то ягонагии миллат ва тамомияти арзии давлати ҷавони тоҷикон ҳифз карда шавад ва сулҳу салоҳ дар кишвар барқарор гардад.
Муҳимтарин ва сабақи таърихию ибратомӯзи созишномаи сулҳи тоҷикон дар он аст, ки ниҳояти ҳама гуна баҳсу низову ихтилофот ва даргириҳои сиёсӣ танҳо як роҳи ҳал дорад ва он дарки арзиши бузургест, ки одамон бояд танҳо дар шароити сулҳу салоҳ ва амнияту осоиштагӣ ба сар баранд.
Абдулло ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои физика ва
математика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 480

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед