logo

иқтисод

ҚУБОДИЁН. САҲМИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ МЕАФЗОЯД

Саидумрон АБДУРАҲМОНЗОДА,

раиси ноҳияи Қубодиён, узви Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон

 

 

Қубодиёни куҳанбунёд ҷузъи таърихи қадимаи тоҷикон буда, тибқи маъхазҳои таърихӣ мафҳуми Қубодиён ба номи асосгузори сулолаи Каёниён - Кайқубод мансуб аст ва аз рӯи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дорои таърихи сеюнимҳазорсола мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун падидаи муқаддасу муҳими давлатдорӣ барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат хишти асос гузошт. Бо касби Истиқлолияти давлатӣ орзуву омоли деринаи мардум ҷомаи амал пӯшид. Ин ҷашни таърихӣ, ки пас аз ҳазор сол насибамон гашт, барои мурдуми тоҷик озодӣ ва баҳри имрӯзу ояндаи худ мубориза бурданро омӯзонд. Нобасомониву нооромиҳои дар ин давра баамаломада, мардумро ҳушёртар ва аз ҷиҳати сиёсӣ зирактар намуданд. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикону тоҷикистониҳо дарк карданд, ки Ватани аҷдодиро метавон танҳо бо дастони худ ободу зебо гардонд. Сокинони ноҳияи Қубодиён низ бо шукргузорӣ аз кишвари соҳибистиқлол ва пойдории ваҳдати миллӣ ба таҷлили ин санаи таърихӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.
 Самараи ҳамин меҳру муҳаббат нисбат ба сарзамини аҷдодист, ки имрӯз сатҳи зиндагии сокинони ноҳия ба маротиб беҳтар гардида, кӯчаву гулгаштҳо симои дигар гирифтаанд. Маҳз бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати мамлакат, аз 30 декабри соли 2015, таҳти № 797 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» бо ҷалби 103 лоиҳа ва маблағи умумии 108655,0 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардид. Амалӣ гардидани ин барнома имкон медиҳад, ки иқтидорҳои маҳаллӣ ба кор даромада, рушди устувори иқтисодиёти ноҳия таъмин, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад.
Қубодиён дар рушди устувори иқтисоди миллӣ саҳми муносиб мегузорад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда 664,6 миллион сомониро ташкил дод. То 31 майи соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия ба хориҷи кишвар 3208 тонна меваю сабзавот содир карданд ва ният доранд, ки онро то охири мавсим ба 4500 тонна расонанд.
Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди устувори ноҳия низ хеле назаррас аст. Ду сол пеш дар Ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров аз ҷониби соҳибкор Мурод Тоҷиев бо дастгирии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» - и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи хишти «Сафар Мурод» ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин соҳибкор Карим Гулаҳмадов бо дастгирии муассисаи мазкур корхонаи истеҳсоли маҳсулоти меваю сабзавоти ҶДММ «Насими Раҳим» - ро ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ бунёд кард. Соҳибкор Зоҳиршоҳ Исмоилов дар Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзов ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ корхонаи коркарди пашм, тибит, торак ва пат сохт. Ҳоло дар Ҷамоати деҳоти «20 – солагии Истиқлол» бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулоти меваю сабзавот ба маблағи 670 ҳазор сомонӣ, бо таъсиси 51 ҷойи кори доимӣ, аз ҷониби соҳибкор Алламурот Менглиқулов ба нақша гирифта шудааст.
 Маҳз бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҶСП “Аввалин ”фаъолияти хешро дар самти парвариш ва коркарди ширинбия аз соли 2010 дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Коки системз Ко. ЛТД” давлати Ҷопон дар Ҷамоати деҳоти Навобод ба роҳ мондааст. Корхона ба маблағи 3 миллион доллари ИМА бунёд ёфта, барои истеҳсоли дору (табобати бемориҳои ҷигар) маҳсулоти нимтайёр омода месозад. Дар сурати фаъолияти шабонарӯзӣ корхона имкон дорад, ки то 2000 тонна решаи ширинбияро солона коркард намуда, то 200 тонна экстракт истеҳсол намояд. ҶПС “Аввалин” 1442 гектар заминро истифода бурда, барои парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди решаи ширинбия дар маҷмӯъ 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва 68 нафар доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, соли 2013 дар ҷамоати мазкур дар заминаи корхонаи ҶСП “Аввалин”, ҶДММ “Ориё-М” таъсис дода шуд, ки аз пазандозҳои тозаи ширинбия брикетҳои сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ бехатару тоза ва дорои қобилияти гармидиҳии баланду устувор тайёр карда мешавад.
 Масъалаи муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Танҳо дар панҷ соли охир 16442 ҷойи нави корӣ ташкил шудааст. Дар ин давра баҳри иҷрои ҳадафҳои пешбинишуда корхонаи яхмосбарории «Зарифа», ду коргоҳи коркарди қуму шағал, ҶДММ «Истеҳсол» ва «Бахтулло» ба истифода дода шуданд.
 Дар ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 7 октябри соли 2014 санги асоси бинои идораи маориф, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 ва мактаб - интернати ноҳия гузошта шуда, айни ҳол сохтмони онҳо идома дорад. Имрӯз баҳри таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар ноҳия 67 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Бо назардошти талаботи аҳолӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ дар ин давра 167 синфхонаи иловагӣ бо 4175 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.
 Бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Қубодиён мебошад. То имрӯз ҳамаи шуъбаҳои сохтори госпиталии ноҳия таъмири асосӣ шуда, шуъбаҳои бемориҳои ишемиявии дил ва урологӣ ташкил гардиданд. Дар ин давра ҳафт маркази саломатӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавиву нақлиёти санитарӣ таъмин гашт. Соли ҷорӣ дар деҳаҳои Ҳаваскор ва Навбаҳор бунгоҳҳои тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Боиси ифтихору сарбаландии ҳар як сокини ин куҳандиёр аст, ки дар ноҳия 16 ёдгории таърихӣ, аз қабили Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Тахти Қубод, Сафедмазор ва Куҳандиз мавҷуд мебошанд. Маҷмааи Тахти Сангин дар замони Искандари Мақдунӣ бино гардида, ҷузъи «Ганҷинаи Амударё» маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, маҷмааи мазкур дар баробари дигар ёдгориҳои таърихиву меъмории кишвар ба «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дохил шудааст, ки тибқи нақша корҳои барқарорсозии он соли 2017 оғоз меёбанд.
 Бо мақсади эҳёи осори пурғановати гузаштагон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 - солагии мутафаккири тоҷику форс Носири Хусрави Қубодиёнӣ таҷлил гардида, пайкараи ӯ дар маркази ноҳия қомат афрохт. Баҳри эҳёи фарҳанги миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ корхонаи қолинбофии «Бибиҳалима» фаъолият карда истодааст.
 Хотирнишон месозем, ки маркази маъмурии ноҳия бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 3 марти соли равон, расман мақоми шаҳраки Қубодиёнро гирифт. Ҳамзамон, ба хотири дар оянда ба яке аз марказҳои зебову шукуфон ва дорои кулли шароити шоистаи вилояти Хатлон табдил ёфтани ин шаҳраки навтаъсис, ҳудуди он аз ҳисоби ду деҳоти дигари ноҳия васеъ шуд.
Хулоса, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, авҷи камолоти давлатдорӣ, даврони ташаккули неруи зеҳнӣ ва замони муаррифии Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол метавон арзёбӣ намуд. Зеро хурдтарин дастовард, комёбӣ ва нишоту озодӣ бо истиқлолу ваҳдати миллӣ тавъам буда, арҷгузорӣ ва ҳифзи ин арзишҳои бузург вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар як фарди худшиносу худогоҳ аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 634

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед