logo

сиёсат

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

Назаре ба гузаштаи на он қадар дур кофист, то хизмати таърихии фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи барои давлату миллат ҳалкунанда бо ҳама бузургию шаҳоматаш  ҷилвагар гардад. Қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар яки мо ҳамеша дар хотир доштани он аст, ки дар солҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Сарвари ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷасорату садоқат масъулияти бақои давлату миллатро ба душ гирифт ва сарфи назар аз мураккабию хатарнокии вазъият барои ягонагии давлати ҷавони тоҷикон, сарҷамъии мардуми парокандаи хеш ҷоннисорона мубориза бурд. Бо ибрати шахсӣ, бо нотарсию далерӣ, сабурию дурандешӣ ва накухоҳию ҷавонмардӣ раҳнамои халқ ба ҷодаи сулҳу салоҳ ва ваҳдат шуд. Дар тӯли панҷ сол Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз барҳақ ва арзанда Пешвои миллатамон мехонем, ҷон ба каф гирифта, тавассути гуфтушунидҳо, сафарҳо, вохӯриҳо бо мухолифин  рӯзи саиди Сулҳи миллатро аз орзу ба воқеият табдил дод, ки он дар китоби таърих 27 июни соли 1997 сабт гардид.
Қариб 20 сол пеш Сарвари давлатамон, корномаи ҷовидонаеро анҷом дод, ки дар бисёр нуқоти даргири сайёра раҳбарони собиқадори давлатҳо солҳои сол аз уҳдааш баромада наметавонанд ва дар сарзаминашон ҷангҳои бемаънӣ мардуми бегуноҳро ба коми худ фурӯ мебаранд, сарсону саргардони дунё мекунанд.  Аз ин рӯ, боиси ифтихор аст, ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Сулҳи тоҷикон на танҳо баҳои баланд гирифт, балки чун дарси ибрат пазируфта шуд. 
Агар то охири солҳои навадумро давраи истиқрори сулҳ дар кишвар гӯем, давраи пасинро метавон чун давраи эҳёи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба по хезондани иқтисоди он ном бурд. Зеро бо фароҳам омадани  шароити мусоид халқи тамаддунофари тоҷик, ки барояш ҷангу ҷидол таърихану табиатан бегона асту аз қаъри асрҳо бо меҳнатдӯстию бунёдкорӣ ва шоҳкориҳои илмияш шуҳрат ёфтааст, бо ифтихор ва сипос аз раҳбари хирадманду дилсӯзаш аз пайи ободкорӣ шуд. Дар тӯли ҳамагӣ 15 сол на танҳо дар шаҳрҳои калони кишвар, балки дар тамоми кунҷу канори мамлакат он қадар иншооти замонавии истеҳсолӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, роҳҳо, пулу нақбҳо, биноҳои истиқоматӣ сохта шуданд, ки назир надоранд. Бо гувоҳи таърих ин ҳама, бешак, меваҳои боғи Ваҳдатанд, ки аз дастони пурбаракати боғбони худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарсабз гаштааст.
Мо бояд ба қадри сулҳу  ваҳдат, ки миллату давлатро тавъам месозад, на танҳо бирасем, балки онро дар роҳи шукуфоии бештари Ватани азизамон ҳифз карда тавонем. Барои ин мо беҳтарин сарвару раҳнамо дорем.
Назруллои ШУКУРЗОД,
муовини раиси суди
ноҳияи Сино   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 449

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед