logo

иҷтимоиёт

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ҒОЛИБОНИ АВВАЛИНИ ОН ДАР ПАНҶАКЕНТ МУАЙЯН ШУДАНД

Имрӯзҳо сокинони Панҷакенти бостонӣ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоати деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ, ки  ҳадафи он ободу зебо гардондани маҳалли зист, зиёд намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занону духтарони хонашин, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад, фаъолона иштирок мекунанд.
Марҳалаи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявии оила ва хонаи намунавӣ дар шаҳри Панҷакент чанде пеш ҷамъбаст шуд. Дар ин мусобиқа  оилаи Саъдуллоевҳо аз Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, Шодиевҳо аз Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, Нуъмоновҳо аз деҳаи Деваштичи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан иштирок намуданд. Комиссияи вилоятӣ ба ин оилаҳо баҳои баланд дод ва беҳтарин эълон кард.
Барои муайян намудаи «Хонаи намунавӣ» дар озмун хонаҳои Мурод Ҳамроев аз Ҷамоати деҳоти Моғиён, Моҳира Облоқулова аз маҳаллаи «Шафтолузор» - и шаҳр, Ҳомидҷон Туробов аз маҳаллаи «Қоқурӣ» - и шаҳр иштирок намуданд. Ҳайати комиссия ба ин хонаҳо ҳамчун хонаҳои намунавӣ баҳои сазовор дод. Иштирокчиёни «Хонаи намунавӣ» ва «Оилаи намунавӣ» дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо туҳфаҳо   ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардонда мешаванд.
Ҳоло марҳалаи дуюми мусобиқа оид ба муайян намудани маҳалла, деҳа ва ҷамоати деҳоти беҳтарин оғоз ёфтааст. Дар робита ба ин, дар маҳаллаҳои шаҳр, деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳот тибқи меъёрҳои муайянгардида корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза пайдо кардаанд.

Шоҳида ХУДОЙБЕРДИЕВА,
 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 390

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед