logo

иҷтимоиёт

"ХОКИ ВАТАН..." – САДОИ ОРМОНҲОИ МАРДУМ

Аз рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳар як нафари калонсол хотирае дорад. Журналистон низ. Бо мақсади таъкид аз муҳимияти ваҳдати милливу тақвияти шуури миллӣ суҳбате анҷом додем бо Тоҳир Розиқов, хабарнигори Радиои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон:

- Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияи мо – Вахш ва ҳам деҳае, ки ман он ҷо зиндагӣ мекардам маркази даргириҳо буд. Ҳамдеҳагоне, ки солиёни дароз ҳамдаму ҳамнафаси якдигар буданд,  дар ду сангари муқобили ҳам ҷой гирифтанд. Байни эшон ҷанг сар зад, хонаҳо сӯхтанд, қисме шаҳид ва иддае фирорӣ гардиданд. Ин мусибат маро сари андешае овард, ки ба ҳамдеҳагонам чӣ кумаке карда метавонам. Андешаҳои мағшуш бо вуҷуди он, ки бинокор будам, оқибат маро ба даргоҳи Радиои Тоҷикистон овард. Маро дар маркази ҷанг – дар минтақаи Қӯрғонтеппа хабарнигор таъйин карданд. Ҳамин тариқ, камина низ яке аз воқеанигорони барномаи “Хоки Ватан...” гардидам. Аксари маводҳои зиндаи барномаи мазкур аз минтақаи Қӯрғонтеппа пахш мешуданд. Банда аз дигар ҳамтоҳои хеш дида ба фирориён бештар наздик будам. Шерхони Бандари Афғонистон як муддат ҷойи зисти муваққатиям гашт. Он мардуми парешонро даъватҳои ростин, соҳибиродагӣ ва вафо бар ваъда аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суҳбатҳои хосаю матбуотию рӯ ба рӯ ба ҳама ҷонибҳои даргир таъсиргузор буд, ба ҳам овард. Аз он рӯзҳо лаҳзаҳои хотирмон кам надорам. Яке аз онҳо вақти вохӯриамон бо раиси хоҷагии “Авесто”- и ноҳияи Қубодиён Раҳматулло Абдуллоев аст. Ӯ ба ман гуфт, ки 90 дарсади аҳолии хоҷагиашон  дар Афғонистонанд ва фақат мӯйсафедону кампирон мондаанду бас. Ману ӯ ба тракторе савор шуда, хона ба хонаи фирориён гашта, овози наздикони онҳоро сабт мекардем. Баъд садоҳоро ба радио мефиристодам. Фирориён тавассути мавҷи фарогири радиои Тоҷикистон садои падару модар ва момою бобои худро шунида, бовар ҳосил мекарданд, ки дар Ватан касе онҳоро озор намедиҳад ва давлат кафили осоиштагияшон мебошад.
Дар яке аз чунин рӯзҳо бо Маҳрамбек ном нафаре вохӯрдем, ки зану кӯдаконаш дар он тарафи дарё гуреза буданд. Мо овози Маҳрамбекро сабт кардем. Ӯ пайвандонаш, аз ҷумла додарарӯсаш Давлатбек Ҷононовро даъват мекард, ки ба Ватан баргарданд, зеро ин ҷо осудаву ором аст ва ба ҷонашон ҳеҷ хатар таҳдид намекунад. Аксари фирориён ба Давлатбек эътимоди комил доштанд. Бинобар ин, аз ӯ илтимос карданд, ки аввал ӯ ба Ватан баргардад ва агар бовар ҳосил кард, ки Ватан ором аст, пас онҳоро ҳам тавассути радио даъват ба баргашт кунад.
Давлатбек баъди як ҳафта ба Тоҷикистон баргашта, ба ваъдааш вафо кард. Ӯ дар муроҷиат ба пайвандонаш хабар дод, ки ҳама баргаштани фирориёнро бесаброна интизоранду аз ҷониби давлат барои пешбурди рӯзгорашон кумакҳо низ пайдо гардида истодааст.
“Мана, худи ман баргаштан замон  ба  кор сар кардам. Аз рӯи касбам -  духтур, ҳоло ба муолиҷаи беморон машғулам, - аз радио садо медод овози Давлатбек.
Баъди ин фирориён гурӯҳ - гурӯҳ, ба баргаштан оғоз карданд.
Барои ман беҳтарин ва гуворотарин лаҳзаи ҳаётам ин буд, ки барномаи “Хоки Ватан...” дигар лозим нашуд, зеро то охирин фарди фирорӣ ба Ватан баргашт.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 423

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед