logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ХУДШИНОСӢ

Раванди таҳқиқи мавзӯи густариши худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони муосир ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, алоқамандии онро дар иртибот ба нақши давлату давлатдорӣ ба сифати омили муҳими рушди худшиносӣ ва муттаҳидсозандаи халқ муқаррар намуда, таҳкими ваҳдати миллиро ҳамчун самти муҳим дар сиёсати давлатӣ муайян намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон вақте ба сари қудрат омад, ки ду унсури ҳамдигарсоз - давлат ва миллат аз ҳам дур шуда буданд. Давлат наметавонист ҳуқуқҳои шаҳрвандонашро ҳимоя кунад. Шаҳрвандон бошанд, аз сабаби набудани неруи тавоно ва пешоҳанги сиёсӣ дар ҳолати парешонӣ ва яъсу ноумедӣ қарор доштанд. Хизмати шоёни Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ тавонист дар шароити буҳрони иқтисодӣ, маънавӣ ва вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсӣ, ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созад ва ҳам мардуми сарсону саргардонро зери парчами ваҳдату ягонагӣ муттаҳид намояд.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик истиқлолият оғози марҳалаи сифатан нав гардида, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Таърих ва тамаддуни беш аз панҷҳазорсолаи миллати мо дар радифи тамаддуну фарҳангҳо дар роҳи камолоти инсон хизматҳои шоиста карда, ба ҳеҷ ваҷҳ бо ғаразҳои бади абарқудратҳо ва хатарҳои геополитикӣ омехта нагардидааст. Ба масири таъриху тамаддуни ниёгони хеш назар афканда, мо беҳтарин афкор ва сарнавишти миллатамонро барои имрӯзу фардои ворисон меомӯзем ва истифода мекунем. Зеро бе омӯхтан ва арҷгузории арзишҳои маънавию ахлоқии гузаштагон дар ин ҷаҳони пуртазод наметавонем инкишофи ҳамаҷонибаи кишварро таъмин намоем.
Имрӯз фарҳанги амалан нави муколама ва ҳамкории тамаддунҳоро бояд ҳамчун наҷоти фарҳанг ва бақои таърих арзёбӣ намуд, зеро тамаддунҳои пешрафта ва зиндагисоз, суннату фарҳангҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, алалхусус дастовардҳои зеҳнӣ ва маърифатӣ дар ҳама  давру замон пешбарандаи ҷомеаи башарӣ буданд ва бо ҳамин сифат боқӣ хоҳанд монд. Таҷлили ҷашни 1100 - солагии давлатдории Сомониён, бузургдошти 2700 - солагии «Авасто» ва 3000 - солагии фарҳанги зардуштӣ боз як шаҳодати ба решаҳои амиқи таърихии тамаддуни миллати тоҷик рӯ овардани давлату Ҳукумат буд ва бешак, Пешвои миллат дар ин самт нақши калидӣ дошт.
Панҷуми сентябри соли 1994 зимни суханронӣ дар симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар мавзӯи «Ситоишгари адлу ростӣ ва нури хирад» Сарвари давлат иброз дошт, ки: «Шоҳнома танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, дастури маънавию ахлоқии омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусияти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» то таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, фирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар суханронии худ бахшида ба 680 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуфта буд: «Воқеан, шахсони бузурге чун ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ танҳо ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳидае маҳдуд набуданд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо мекунад, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун аст». Ба андешаи  Президенти мамлакат, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нахустзинаи давлатдорӣ ва муҳимтарин пояи пайванди ҷомеаро дар осоиш ва аҳли иттифоқии оила ва оиладорӣ мебинад ва ба тақвияти он, зикр мекунад, ки муносибати поку боэҳтиромона дар оила, падару модар, зану фарзанд ва хешу ақрабо, дастгирии бечорагону корафтодагон, ба ақидаи он ҳазрат, ҳамон пайвандест, ки метавонад як оиларо бо оилаи дигар ва ҳамин тавр як ҷомеаро бо ҷомеаи дигар ва дар ниҳоят тамоми раияти давлатро муттаҳид созад. Ва чунонки пай бурдед, мо дар ин марҳалаи душвори давлатсозии худ маҳз ба ҳамин гуна муттаҳидии ҷомеа эҳтиёҷ дорем.
Соли 2006 - Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳадафи бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ ҳамчун мероси сирф фарҳангӣ асосан пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарини тоҷик мебошад, то ин ки наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ баҳрабардорӣ карда, барои рушду такомули ҳастии худ кӯшиш намоянд. Зеро дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳамеша ҳаракатҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бузургманиширо инкор ва маҳкум месозад. Тамаддуни гузаштаро инкор карда, асолати онро нодида гирифтан мумкин нест. Баръакс, онро дар мизони дастовардҳои маънавии замони муосир баркашида, беҳтарин падидаҳои ҳаётбахшашро дар хидмати миллату давлат қарор додан вазифаи муқаддаси наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон менависад: «Мо ба хотири наслҳои оянда ва фарзандону наберагонамон бояд фарҳанги сулҳ ва эҳтироми амиқро бо гуногунрангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо дастгирӣ намоем. Ба ҳамин хотир, мо маърифату фарҳанги арзишманд ва ҳаётбахшу зиндагисозро ба таҳдиду хатарҳо, таассубу хурофот, эҳсоси нафрату бадбинӣ ва дигар зуҳуротии манфӣ мухолиф гузошта, ба сифати як узви воҳиди ҷомеаи башарӣ дастовардҳои фарҳангии миллати хешро чун падидаи арзишманди тамаддуни ҷаҳонӣ истиқбол мегирем. Ин зарурати таърих ва амри замон аст, ки инсониятро аз бархӯрди тамаддунҳо, ҳалокати маънавӣ ва инқирози фарҳангии наслҳои оянда дар фаросӯи хатарҳои глобалӣ эмин медорад».
Бузургдошти таърихи гузашта барои халқи мо ҳаргиз маънои таъкид кардани ҳаққи истисноии миллатамонро дар тамаддуни башарӣ, ё кӯшиши ҷудоӣ пазируфтан аз равандҳои созандаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги халқҳои пешрафтаи оламро надорад. Мо бо таҳқиқу омӯзиши таърихи миллат ва суннатҳои фарҳанги қадимаи халқамон мехоҳем ҷараёни азхудкардани арзишҳои умумибашариро вусъат бахшем, раванди ҳамгироиро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем ва дар айни замон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллии худ бипайвандем. Мо ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои беназири сиёсиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, имрӯз иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, маърифату огоҳии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва  эҳсоси ватандорӣ барои ҳар фард аз ҳарвақта бештар зарур аст. Зеро яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдории миллӣ ва худшиносии миллӣ  фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ,  ватандӯстиву ватандорӣ буда, моро  водор месозад, ки моҳияти ҳама гуна ихтилофу ҷудоиандозиро дарк намоем.
Худшиносии миллие, ки мо имрӯз кӯшиши дар замири афроди ҷомеа бедор кардани онро дорем, зинаи сифатан ва мазмунан нави худшиносӣ буда, дар маркази он ягонагии марому ормонҳо ва арзишҳое қарор доранд, ки давлатдории миллии мо маҳз дар пояи онҳо зуҳуру ташаккул ва рушд ёфта, имрӯз онҳоро ҳифз мекунад. Аз ин рӯ, дар марҳалаи ҳозира моро зарур аст, ки шуури иҷтимоии оммаро аз сатҳи худшиносии этникӣ ва маҳдудиятҳои маҳаллӣ раҳонда, ба дараҷаи худшиносии миллӣ бирасонем.

Ҷ. ФАЙЗАЛИЗОДА,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 564

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед