logo

иҷтимоиёт

МО ВА ОН ЗАМОН...

Мо - ҷавонони солҳои  90 – и асри гузашта  талхиҳои ҷангҳои дохилии кишварро дидаем ва  шояд бештар аз ҳама ба қадри беҳтарин неъмати ширини зиндагӣ - Ваҳдат мерасем. Он замон бар асари бади ҷанг ҷавонии мо дар  таҳлука буд,  ҳар лаҳза ба ҷони мо ва пайвандони мо хатари марг таҳдид мекард, хатари кушта шудан аз дасти тири ноҳақе, фавтидан аз гуруснагӣ. Ба ҷуз аз садои тир, шунидани хабари марги ҷавоне, барбод додани шарафу номусе, мурдани тифле аз гуруснагӣ,  ки шарҳи вожаи ҷанг аст, мазмуне  дар ҷавонии мо гӯё вуҷуд надошт. Аммо мо, ҷавононе ҳастем, ки андаруни ин фоҷиаҳо боз ҳам гавҳари илму фарҳангро дар дилу дида чун қиматтарин дороӣ дар баробари ҷони худ маҳфуз медоштем. Мо, ҷавононе будем, ки танҳо ба Ватану халқ, давлату Сарвари он эътимоду бовару муҳаббат доштем. Чун насли мо насли китобхон ва дилбастаи илму фарҳанг ва гиромидори адабиёту бузургон буд, ҳикматҳои фарзонагонро қонуни рафтору гуфтору пиндори худ қарор дод. Аз ин рӯ, ҳеҷ фикри барғалате, ҳеҷ симу заре моро ба роҳи хатои хиёнат ба Ватан, Миллат, Давлат бурда наметавонист. Касе қодир набуд, ки иродаи моро мутеи андешаҳои  нопоку ғаразбори худ кунад. Насли мо парвардаи ишқу муҳаббати Ватани азизи худ буд.  Оре, ҷавонии мо қурбони ҷангу бадбахтӣ ва даргириҳо шуд. Ҳатто намехоҳам ҷавониро ба ёд орам, чун он фоҷиаҳоро дар канор дорад. Мо дар ин ҳама бадбахтиҳои беохир ҳам аз илму адаб, фарҳангу маданият андеша мекардем, зеро танҳо илму маданияту адаб офаридгори Ваҳдат аст. Барои мо Ваҳдат идест, ки ҳар рӯз офтоб ба равзани мо меорад, табассуми модар, хотири ҷамъу бовар ба фардо, ободии гулшанвор мебахшад. Ваҳдат кафили ҳаёт аст, Ваҳдат муҳофизи Миллат аст, нигаҳдорандаи Ватан, такягоҳи Давлат мебошад.
Хидмати қаҳрамони замони мо - Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба шарофати он таъмини саодати миллӣ ва рушди устувори Ватанамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даст омад. Ба сулҳи пойдор ва эътидоли зиндагӣ, ҳаёт, комёб гардидем. Ваҳдат, Истиқлолият вожаҳое мебошанд, ки бақои давлат, саодати миллат, пешрафти илму фарҳанг, эътироф  ва соҳибэҳтиром шудан дар арсаи олам, муаррифӣ кардани  дирӯзу имрӯзу фардои миллат ба ҷаҳониён, сарбаландиву сарфарозӣ ба он марбут аст.
Ваҳдат мисли Ватан - Модар,  Давлат, Истиқлолият, Хушбахтии фардӣ барои ҳар инсон муҳиму азиз мебошад. Ваҳдат  муродифи мафҳумҳои ягонагӣ ва якдилӣ мебошад. Бидуни он на танҳо соҳибистиқлолӣ, балки арзи ҳастӣ кардани миллате ё давлате ғайримкон аст.
Адибаи ХУҶАНДӢ, шоира


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 471

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед