logo

сиёсат

СУЛҲИ ТОҶИКОН. ИН ТАҶРИБА НАМУНАИ ИБРАТИ БУЗУРГТАРИН СИЁСАТМАДОРОНИ ҶАҲОН АСТ

Низомиддин ЗОҲИДӢ,
муовини аввали вазири корҳои
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии ҳастии маънавии ҳар халқ ба даст овардани озодӣ, истиқлолият, таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд таъкид намудаанд, ки «Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад».

Бешак, Ваҳдат омили ҳастии миллат аст, ки бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат на ба осонӣ ба даст омадааст. Балки бо талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд, дарахти пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати бузург ба сабзиш овард.
Ҳаёт дуруст будани роҳи интихобкардаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро дар тақвияти нақшаҳои сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ исбот намуд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо заҳмату талош ва ибтикороти беш аз панҷсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, дастоварди ормоншиносӣ ва сабақгирӣ аз сарнавишти таърихии тоҷикон маҳсуб мешавад. Маҳз эътиқод ба қудрату тафаккури зеҳниву маънавӣ ва гароиши азалии тоҷикон ба сулҳу мадоро, ки аз фитрати олии инсонӣ ва таҳаммулгароии ин миллати созандаву бунёдкор сарчашма мегирад, ба Сарвари давлат эътимоду боварӣ бахшид, то аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини Тоҷикистон диҳад ва бо ҳиммати баланди инсонӣ аз миёни он гирудорҳову сангарҳои хунрез сулҳ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагиро барои миллат дастовез орад. Ҳамин эътиқоду боварии том ба ҳастии маънавии халқи худ ва ҷасорати қавлу амали Сарвари давлат   буд, ки миллати моро аз парешониву фано наҷот бахшид ва роҳи расидан ба ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳалаи нав муқаррар намуд.
 Ҳосили талошҳои Сарвари сулҳофар ва меъмори Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамолики олам, фарҳанги сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Бо таъкид ба ин матлаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи баргардонидани фирориён ва дар мамлакат фароҳам омадани фазои сулҳу оштӣ чун сиёсати беназири давлатдорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва табодули назар қарор гирифтаанд».
 Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, дар симои Сарвари давлати Тоҷикистон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро шинохтаву барои ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд.
Аҳамияти таърихии сулҳу ваҳдати  тоҷикон дар оғози давлатдории навини миллӣ бо гузашти замон на танҳо коҳиш намеёбад, балки дарки моҳият ва арзиши ваҳдату ягонагӣ дар сарнавишти таърихии тоҷикон дар охири ҳазорсолаи дувум ва оғози ҳазорсолаи сеюми мелодӣ зарурати беш аз пеш касб мекунад. Аз ин рӯ, дар ниҳоди ҷомеа ва хосатан насли наврас парваришу таҳким бахшидани эҳсоси ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ҳамчун натиҷаи тафаккури созандаву бунёдкор, кафолати истеҳкоми пояҳои истиқлолият ва омили рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тақозоҳои марҳалаи кунунии давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Мардуми тоҷик саодатёр аз он ҳастанд, ки ба шарофати таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор дар ҷодаи тараққиёти хеш гузошта, бо иқдомоти созанда ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мақом ва манзалати шоистаро касб кардааст. Дар ин самт бояд аз тарҳрезии сиёсати хориҷии “дарҳои боз” аз ҷониби Президенти кишвар ёдовар шуд, ки он моҳиятан фарҳанги ҳамзистии тоҷикон бо олами пуртазоди имрӯз аст. Татбиқи бомуваффақияти ин сиёсат, ки ба дарки амиқи манфиатҳои миллӣ ва шинохти дақиқи аҳволи оламу оламиён такя мекунад, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва самараҳои неки сулҳу ваҳдат дар кишвар арзёбӣ мегардад.
«Идеали сиёсии мо, - фармудаанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, - Ваҳдати миллист». Воқеан ҳам дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ вусъати рӯзафзун пайдо кардаанд, рақобатҳои геополитикӣ торафт авҷ мегиранд, чолишҳои муосир, аз қабили терроризм экстремизми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва ғайра ба ҳастии ҷисмонӣ ва маънавии халқҳои мухталифи ҷаҳон таҳдид мекунанд, таҳкими ваҳдати миллӣ омили аслӣ ва асосӣ аст, ки метавонад ба пойдориву бақои миллати тоҷик, ҳифзу идомати фарҳангу маънавиёти он мусоидат кунад ва дар ниҳояти кор миллатро ба сарманзили мақсуди хеш, яъне эҷоди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафтаву мутамаддин бирасонад.   

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 486

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед