logo

сиёсат

МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. ҲИФЗИ СОДИҚОНАИ ОНҲО ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ФАРДИ ХУДОГОҲ МАҲСУБ МЕЁБАД

Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
муовини якуми раиси Шӯрои
марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ
ва эҳёи Тоҷикистон, раиси комиҷроияи Ҳаракат

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, дилхоҳтарин армуғоне буд, ки онро нуздаҳ сол муқаддам, пас аз панҷ соли ҷанги фалокатбори дохилӣ, маҳрумияту нокомиҳо Пешвои ҷонсупори миллат, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими мардуми азияткашидаи тоҷик намуд.

Рӯзи 27 июни соли 1997 фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз пиру барно, марду зан, чеҳраҳои шукуфону дидаҳои пурнур мавҷ мезад. Мардум Сарвари муаззами кишварро пас аз имзои санади сарнавиштсоз, кафолатномаи раҳоӣ аз ҷанги бунёдсӯз дар шаҳри Маскав бо оғӯшҳои кушода, бо гулдастаҳо истиқбол мекарданд…
Сокинони мамлакат, ҳаммиллатон, ҳазорон нафар дӯстонамонро дар саросари олам он шабу рӯз рӯҳияи идона ва шодию нишот фаро гирифта буд, ки бесабаб нест. Санади сулҳу созиш умедҳои барбодрафтаро ба рӯзгори тинҷу осудаю Тоҷикистони озоду мустақил дигарбора эҳё намуд ва кишвару миллатро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид. Ҷанги тӯлоние, ки дар идомаи он ҳазорон нафар одамони бегуноҳ куштаю захмӣ гардида, корхонаю иншоот, манзилҳои мардум сӯзондаю валангор шуда буданд, хотима ёфт. Барои раҳоӣ аз гуруснагию  қаҳтие, ки бар асари нооромиҳо дар баъзе манотиқи кишвар ба миён омада буд, умеди наҷот пайдо гардид.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пеши роҳи ҳамаи ин тамоюлҳои ногуворро, ки Тоҷикистони азизи моро амалан ба вартаи фоҷиаи бузурги миллӣ мекашонданд, гирифт. Равандҳои нави наҷотбахш оғоз гардиданд.
Мардуми кишвар бошанд, ба ҳаёти осоишта ва ободию созандагиҳо рӯ оварданд. Вале, чуноне медонем, расидан ба сулҳу амнияти сартосарӣ, ба ин рӯзи мурод ва саодату хушбахтӣ кори саҳлу осон набуд. Ин сулҳ, воқеан ҳам, чуноне Лоиқ Шералии зиндаёд он шабу рӯзҳо гуфта буд, «сулҳи деринтизор»-е гардид, ки барои ҳосил шуданаш заҳмату талошҳои чандинсола ба кор рафтаанд, басо шабҳое аз паи гуфтушунидҳо саҳар шудаанд ва басо лаҳзаҳои қаноатмандӣ ва ноумедию дилмондагӣ дар ҷараёни онҳо сипарӣ гардидаанд, ки самарааш ҳамин номаи наҷоти миллат гардидааст.
Акнун таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби маҳофили байналмилалӣ чун намунаи нодири рафъи оқилонаи низоъҳои дохилӣ шинохта шуда, мавриди омӯзишу пайравӣ қарор дорад, ки ин таҷриба, барҳақ, маҳсули ҳунар ва заковати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Муҳимтарин сабақе, ки аз таҷрибаи сулҳи мо бармеояд, таъмини ваҳдати миллист. Барои ҳамин бесабаб нест, ки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро баробари истиқлолият барои давлатдории навини тоҷикон азизу муқаддас мешуморанд.
Воқеият гувоҳ аст,  ки мо дар ҷодаи таҳкими ваҳдати миллӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ иқдомоти бузургеро амалӣ гардондем. Агар дар соҳаи сиёсат бигирем, инҳо таъмини озодиҳои демократӣ, интихоботи шаффофу ошкоро, озодии баён ва матбуоти озод, фаъолияти озоди сиёсӣ ва диндорӣ, бисёрҳизбият, волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амсоли онҳо мебошанд, ки ҳамагӣ заминаҳоро барои таъмини ваҳдати миллӣ қавӣ мегардонанд.
Дар бахши иқтисодию иҷтимоӣ ҳам дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд, ки симои шаҳру ноҳияҳои моро билкул дигар карда, ваҳдати миллиамонро таҳким бахшиданд. Тавассути роҳҳо ба ҳам васл намудани тамоми манотиқи кишвар, таъмини рушди баробари саноатию аграрии онҳо, таҳкими равобити гуногунҷанбаи иқтисодию хоҷагии миёни шаҳру ноҳияҳо аз ҳамон ҷумлаанд, ки дар ташаккули ваҳдати миллиамон хидмат хоҳанд кард. Акнун касе гуфта наметавонад, ки мо имрӯз дар дохили кишвар бозори муштараки иқтисодию хоҷагӣ надорем.
Дар зимн мехоҳам боз як пораеро аз суханони Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос орам, ки он метавонад шиор ва барномаи ҳаёти ҳар як сокини бедордили ин Ватан бошад: «Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мову шумо-аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман, тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».
Дар роҳи нишондодаи Пешвои миллатамон гом бардошта, мо рӯзгори пурсаодати хеш, фарзандону наберагон, ваҳдати ҷовидонаи миллатамонро таъмин хоҳем кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 338

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед