logo

сиёсат

БЕҲТАРИН НЕЪМАТ. ОНРО БОЯД ПОС ДОШТ

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид намудааст. Дар тӯли бештар аз ҳазор сол тоҷикон худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расиданд. Чуноне ки маълум аст ба туфайли пирӯзии Инқилоби октябр ҳуқуқи миллати тоҷик барои давлатдорӣ эътироф гардид.

Дар солҳои 90 – уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ равона намуданд. Вале табиати сулҳҷӯёнаи тоҷикон, ки ҳамеша ба созиш моил аст, барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард, ки ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.
Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери маҳфуми «миллат» бояд танҳо ягонагии  этникӣ яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ, дар назар дошта шавад. Зеро ҳеҷ яке аз манфитҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Зери маънои ваҳдат на танҳо озодӣ, балки пешрафт ва рушди мамлакат фаҳмида мешавад. Тоҷикистон  ин дастовардҳоро дар натиҷаи кӯшишҳои пайдарпаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Дар ҳаёти ҷамъмиятӣ, сиёсии кишвар ибораи нав «Ваҳдати миллӣ» ба миён омад ва дере нагузашта қувваҳои солими ҷомеа Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Точикистонро таъсис доданд, ки роҳбарии онро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Ин созмони ҷаъмиятӣ тавонист, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеаро ба ҳам муттаҳид намояд. Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибистиқлоли имрӯзаи  тоҷикро мебояд баҳри ҳифзи ваҳдати миллӣ ва ҳимояи мамлакат зери парчами он қарор дошта бошад. Ҳар як фарди тоҷикро мебояд барои ҳифзи ягонагии мамлакат ва пос доштани ҳувият ва ваҳдати миллӣ дар тақдири он  бетарафиро пеша нагирад. Зеро Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёт, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумӯи давлати тоҷикон мебошад. Ваҳдат ва сулҳи тоҷикон ҷонибдорони зиёдро дар байни мамлакатҳои дунё пайдо кард. Мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон пазируфтанд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи точик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем.

Сабзалӣ ЗИКРУЛЛОЕВ,
устоди Донишкадаи давлатии
фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи М. Турсунзода 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 396

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед