logo

сиёсат

ҶАСОРАТИ РОҲБАРӢ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Калимаи «Ваҳдат» дар китоби «Мунтахаб-ул-луғот» ба маънои «ягона шудан ва танҳо шудан ва яке шудан» омадааст. Агар мо мафҳуми «Ваҳдат»-ро ба халқ, миллат ва умуман инсон нисбат диҳем, пас, ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сарҷамъии халқ, миллат ва инсонҳоро дар бар мегирад.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо ба осонӣ даст надодааст. Бо марҳамати Худованд саъю кӯшиш, қурбониҳои зиёди фарзандони баору номус ва барӯманди халқ, ҷонбозиҳои бемислу монанди фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми тоҷик аз нав соҳиби давлати аҷдодии хеш гардиданд.
Барои расидан ба сулҳи сартосарӣ Президенти мамлакат амалҳоеро анҷом дод, ки онҳоро бо як калима “ҷасорат” метавон ифода намуд. Ҷасорати сарварӣ ва хиради азалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки “оташро дар найистон хомӯш кунад” (ифодаи Темур Зулфиқоров). Эмомалӣ Раҳмон чор амали ҷасуронае анҷом дод, ки бо ин номаш дар саҳифаи таърихи навини тоҷикон бо хатти заррин сабт гардид:

Ҷасорати 1. Ҷаноби Олӣ дар ҳоле инони идораи кишварро ба даст гирифт, ки миллат дар вартаи ҳалокат, Ватан дар ҳоли пошхӯрӣ қарор дошта, шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда буданд, касе масъулиятро ба зиммаи худ гирифтан намехост.
Маҳз ҷавҳари худододӣ ва ҷасоратмандии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо дарки баланди ҳифзи миллат, Ватан ва давлат масъулиятро бар дӯши худ гирифт.

Ҷасорати 2. Дар лаҳзаҳои хеле ҳассоси таърихӣ ба ҳодисаҳо баҳои амиқи сиёсӣ дода, онро ҷанги таҳмилӣ номид, яъне ба мардум фаҳмонид, ки муноқишаи байни тоҷикон дасти душманони асрҳо дар камин будаи ин миллат аст, ки онҳо тавонистанд ҷангро ба сари мардум бор созанд.

Ҷасорати 3. Ҳамчун сиёсатмадор дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ усулҳои маъмулии санҷидашударо сарфи назар намуда, роҳи нави беназир ва бесобиқаро интихоб намуд, ки баъдтар ин роҳ аз тарафи сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, институтҳои ҳуқуқӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафӣ “модели сулҳи тоҷикон” номида шуд.

Ҷасорати 4. Дар роҳи расидан ба сулҳ худ намунаи ибрат шуд. Дар рафтору кирдору гуфтораш бармало намудор буд, ки ҳама чиз ҳатто ҳаёташро нисори ваҳдат карданист. Натиҷаи ин ҷасоратмандиҳо он шуд, ки миллат Пешвои худ ва Пешво миллати бедору ҷоннисорро дарёфт.
Имрӯз бояд Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз гузашта сабақ гирифта, тамоми илму дониш, ақлу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем, ки Ваҳдати миллӣ пойдору устувор монад, зеро ки Ваҳдат номаи тақдири миллат, шарти пешрафти Ватанамон ба сӯйи ояндаи орому осуда, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Шодиён Муҳаммад СУЛТОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии
Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 521

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед