logo

сиёсат

БАДАХШОН - ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз Тоҷикистон ҷашн дорад ва Боми ҷаҳон мизбони толеъбаланди он аст
Сари ҳар қадам кас авҷ гирифтани корҳои бунёдкориву созандагиро дида, ба ваҷд меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нагуфтаанд: «Асри ХХI - асри  Бадахшон, асри пешрафти ин сарзамини зебо ва пурасрор мебошад. Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон мешавад».

Махсусан, симои маркази вилоят - шаҳри Хоруғ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба куллӣ дигаргун гашт. Дар соҳили дарёҳои Ғунду Панҷ  як шаҳри зебову дилоро бунёд ёфт. Мардум биноҳои қадимаи кӯҳна ва фарсудаи соҳилҳои Ғундро аз байн бурда, манзилҳои истиқоматии замонавӣ сохтаанд.
- Ба истиқболи 19 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 бино танҳо дар шаҳри Хоруғ  сохта мешавад, - иттилоъ дод Қиматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ. - Дар замони шӯравӣ иҷозат намедоданд, ки дар вилоят биноҳои аз панҷошёна баланд сохта шаванд. Аммо имрӯз, вобаста ба омӯзиши релефи замин ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат биноҳои нуҳошёна низ қомат афрохта истодаанд.  Нахустин иморати нуҳошёна дар арафаи ҷашни истиқлол мавриди истифода қарор мегирад. 
Ҳамчунин, бо дастури Президенти мамлакат дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ шаҳраки замонавӣ барои 15 ҳазор аҳолӣ бунёд мегардад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ босуръат идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2012 маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон дар музофоти калонтарини Бадахшон, деҳаи Поршнев, дар ёздаҳкилометрии шаҳри Хоруғ бунёд гардид. Маркази ноҳия шаҳраки  Ваҳдат буда, онро бевосита худи Пешвои миллат номгузорӣ кардаанд.
Рӯшон яке аз ноҳияҳои хушманзараи вилоят аст. Тибқи иттилои раиси ноҳия Худоёр Худоёров, дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 40  иншооти самти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, марказҳои савдо бунёд шудаанд. Ҳоло дар деҳаҳои Пасор, Рошорв, Савноб, Ғӯдара даҳҳо манзили нави зист, инчунин  неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта мешаванд. Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар мавзеъҳои Шидз, Чилтан, Қалот, Пасбаҷӯъ ва дигар ҷойҳо барои меҳмонон, сайёҳони хориҷӣ ва ронандагону мусофирон фароғатгоҳу чойхонаҳои зебо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Соли гузашта кохи нави фарҳанг дар шаҳраки Вомар қомат афрохта, барои аҳли ҳунар беҳтарин армуғон шуд.
Ноҳияи Дарвоз низ сол ба сол ободу зеботар мешавад. Бузургтарин дастоварди айёми истиқлолият ин бунёди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Кулма мебошад. Мардуми диёр хуб эҳсос мекунанд, ки сохтмони ин шоҳроҳ, аз як тараф вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятро беҳтар гардонда бошад, аз ҷониби дигар рафтуомади сокинони  вилоятҳои дигари кишварро ба Бадахшон таъмин намуд.
- Дар муддати кӯтоҳ ду неругоҳи барқи обӣ - «Ширг - 1» ва «Ширг - 2», меҳмонхонаи шашошёнаи «Карон - плаза», кохи бонувони «Меҳри модар», ки он ҷо ҳоло беш аз 250 нафар бонувон ба касби дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва заргарӣ машғуланд, корхонаи коркарди санги мармар,  кохи фарҳанги ба номи Акашариф Ҷӯраев, толорҳои варзишии «Ватан», «Ориён - Арена» ва хатти барқи 35 - киловаттаи Қалъаи Хумб - Курговад - Ванҷ сохта шуд, - иброз дошт раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонзода.
Сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз дар қитъаҳои Шӯрообод - Шоҳон -Зиғар дар арафаи анҷомёбист. Дар наздиктарин фурсат корҳо дар қитъаи Шкев - Қалъаи Хумб низ оғоз меёбанд.
Маълум аст, ки дар ноҳияи Ванҷ манбаъҳои бузурги оби тозаи на танҳо кишвар, балки Осиёи Марказӣ, пиряхҳои Федченко, Хирсон ва Ғармову Абдулқаҳҳор ҷойгиранд. Деҳаҳои соҳилҳои Ванҷобу Язгуломоб киштзори ҳосилхез ва боғҳои пурмева низ доранд. Ҳоло себу нок, чормағз ва туту мавизи ин диёр ба бозорҳои хориҷи кишвар низ содир мешаванд. Сокинони  ноҳия ифтихор доранд, ки бо иштироки Президенти кишвар солҳои охир  неругоҳҳои барқи обии деҳаи Андарбак дар  Ҷамоати деҳоти Язгулом ва «Ванҷ - 2», толори варзишии «Ватан», пули нави мошингузар аз болои дарёи Панҷ ба вулусволии Моҳимайи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  бозори наздисарҳадӣ дар мавзеи Хумроғӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳамин тариқ, корҳои ободониву созандагие, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ шудаанд, барҳақ ин гӯшаи зебоманзари диёрро ба «дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» табдил хоҳанд дод.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 745

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед